Главная / Гуногун / Болоравии харакати миллию озодихохи дар Индонезия

Болоравии харакати миллию озодихохи дар Индонезия

Ба Индонезия cap даровардани аврупоиён дар ин чо ба вучуд омадани муносибатхои сармоядори ва аз тарафи сармоядорону корчаллонхои ачнаби истисмор карда шудани мардум хисси милли ва истиклолиятхохии оммаро ба вучуд овард.

Сабаби дар Индонезия дер огоз ёфтали муборизаи миллию озодихохи он аст, ки то охирхои асри XIX миллатхои Индонезия хануз хуб ташаккул наёфта буданд. Вале дар огози асри XX марказхои ташаккули миллат дар Ява (явагихо ва сундхо) ва баъд дар нохияхои дигар (минангкабаухо, ачехо, батакхо ва гайра) пайдо мешаванд. Дар як вакт ягонагии умумииндонезиягии милли хам ташаккул ёфтан мегирад. Забони индонези – забони малайхои Суматра ва Малаи буд. Ин забон нисбат ба забонхои дигар дар хамаи чазирахои Индонезия бештар пахн гардида, охиста-охиста ба забони умумидавлати табдил меёфт. Дар ягонагии умумимиллии халкхои Индонезия забони малайи накши босазо гузоштаанд.

5241ind Nederlandse soldaten gaan aan land te Pasir Poetih op 21-7-1947.

Ташаббускорони харакати миллию озодихохии халки Индонезия зиёиён буданд. 20 майи соли 1908 бо ташаббуси доктор Вахид ив Судирохусодо, донишчуён Сутомб ва Гунаван Магункусумо ва бародари у – Чипто Магункусумо созмони аввалини “Буди утомо” (“Максади оли”) ташкил меёбад (дар Индонезияи муосир хар сол 20-уми май хамчун Рузи бедоршавии миллии индонезиягихо чашн гирифта мешавад). Ба “Буди утомо” дар як муддати кутох зиёда аз 10 хазор нафар одамон аъзо шуданд. Ин созмони чонибдорони роххои осоиштаи муборизаи озодихохи буд. Худи хамон сол донишчуёни индонезиягии дар Холландия тахсилмекарда “Иттиходи Индонезия”-ро ташкил намуданд, ки он дар мавкеи миллатчигии умумииндонезияги меистод.

Солхои 1905-1907 дар мамлакат иттифокхои касабаи коркунони трамвай, роххои охан, почта, телеграф, киштзорхо ва коргарони заводхои канд ташкил карда шуданд. Аввал ба он асосан мардуми Европа дохил буд, вале аз солхои 20-ум cap карда аксарияти аъзои ин иттифокхои касабаро индонезиягихои мукими ташкил мекардаги шуданд. Харакати исломи хам васеъ мешуд. Соли 1912 созмони “Мухаммадиён” ташкил карда мешавад. Созмонхои этники ва минтакавии амбонхо, манангхо, минахасхо, ачсхо, батакхои масехи ва гайра пайдо мешаванд. Харакати сиёсии чиноихои буми низ пурзур мешавад. Ба онхо муяссар мегардад, ки дар Индонезия хукукхои корию тичоратии худро васеъ кунанд.

Мохи сентябри соли 1912 дар зери рохбарии Эрнест Дауэс- Деккер, Ки Хачар Девантара ва Чиптэ Магункусимо дар Семаранг Хизби Индонезия ташкил карда мешавад. Ин хизби зиёиёни демократи манфиати хамаи индонезиягихоро химоя мекард. Хукуматдорони мустамликави Хизби Индонезияро эътироф накарданд. Бинобар ин 31 марги соли 1913 яке аз рохбарони он Дауэс-Деккер ин хизбро пароканда эълон кард. Хукумати мустамликави рохбарон ва аъзои Хизби Индонезияро таъкиб мекард. Мохи июни хамон сол се сарвари он ба Нидерландия бадарга карда шуданд.

Соли 1907 Хизби Инсулинде ташкил ёфт. Соли 1919 он Хизби Миллии Индонезия ном гирифт. Аксари аъзои Хизби Индонезияи парокандашуда ба ин хизб дохил шуданд.

Дар Индонезия созмонхои дигари милли низ ба вучуд омаданд. Аз он чумла, соли 1912 “Саракат ислом” (“Иттифоки ислом”) созмон ёфт.Он созмони оммавитарини озодихохии Индонезия ба хисоб мерафт. “Саракат ислом” то мохи январи соли 1913 80 хазор нафар аъзо дошт. Он барои алайхи зулми мустамликавии Холландия муттакид кардани халкхои Индонезия сахми бузург гузоштааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …