Главная / Гуногун / Болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар Индонезия

Болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар Индонезия

Ба Индонезия cap даровардани аврупоиён дар ин ҷо ба вуҷуд омадани муносибатҳои сармоядорӣ ва аз тарафи сармоядорону корчаллонҳои аҷнабӣ истисмор карда шудани мардум ҳисси миллӣ ва истиқлолиятхоҳии оммаро ба вуҷуд овард.

Сабаби дар Индонезия дер оғоз ёфтали муборизаи миллию озодихоҳӣ он аст, ки то охирҳои асри XIX миллатҳои Индонезия ҳанӯз хуб ташаккул наёфта буданд. Вале дар оғози асри XX марказҳои ташаккули миллат дар Ява (явагиҳо ва сундҳо) ва баъд дар ноҳияҳои дигар (минангкабауҳо, ачеҳо, батакҳо ва ғайра) пайдо мешаванд. Дар як вақт ягонагии умумииндонезиягии миллӣ ҳам ташаккул ёфтан мегирад. Забони индонезӣ – забони малайҳои Суматра ва Малаӣ буд. Ин забон нисбат ба забонҳои дигар дар ҳамаи ҷазираҳои Индонезия бештар паҳн гардида, оҳиста-оҳиста ба забони умумидавлатӣ табдил меёфт. Дар ягонагии умумимиллиӣ халқҳои Индонезия забони малайӣ нақши босазо гузоштаанд.

5241ind Nederlandse soldaten gaan aan land te Pasir Poetih op 21-7-1947.

Ташаббускорони ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Индонезия зиёиён буданд. 20 майи соли 1908 бо ташаббуси доктор Ваҳид ив Судирохусодо, донишҷӯён Сутомб ва Гунаван Магункусумо ва бародари ӯ – Чипто Магункусумо созмони аввалини “Буди утомо” (“Мақсади олӣ”) ташкил меёбад (дар Индонезияи муосир ҳар сол 20-уми май ҳамчун Рӯзи бедоршавии миллии индонезиягиҳо ҷашн гирифта мешавад). Ба “Буди утомо” дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 10 ҳазор нафар одамон аъзо шуданд. Ин созмони ҷонибдорони роҳҳои осоиштаи муборизаи озодихоҳӣ буд. Худи ҳамон сол донишҷӯёни индонезиягии дар Ҳолландия таҳсилмекарда “Иттиҳоди Индонезия”-ро ташкил намуданд, ки он дар мавқеи миллатчигии умумииндонезиягӣ меистод.

Солҳои 1905-1907 дар мамлакат иттифоқҳои касабаи коркунони трамвай, роҳҳои оҳан, почта, телеграф, киштзорҳо ва коргарони заводҳои қанд ташкил карда шуданд. Аввал ба он асосан мардуми Европа дохил буд, вале аз солҳои 20-ум cap карда аксарияти аъзои ин иттифоқҳои касабаро индонезиягиҳои муқимӣ ташкил мекардагӣ шуданд. Ҳаракати исломӣ ҳам васеъ мешуд. Соли 1912 созмони “Муҳаммадиён” ташкил карда мешавад. Созмонҳои этникӣ ва минтақавии амбонҳо, манангҳо, минахасҳо, ачсҳо, батакҳои масеҳӣ ва ғайра пайдо мешаванд. Ҳаракати сиёсии чиноиҳои бумӣ низ пурзӯр мешавад. Ба онҳо муяссар мегардад, ки дар Индонезия ҳукуқҳои корию тиҷоратии худро васеъ кунанд.

Моҳи сентябри соли 1912 дар зери роҳбарии Эрнест Дауэс- Деккер, Ки Хачар Девантара ва Чиптэ Магункусимо дар Семаранг Ҳизби Индонезия ташкил карда мешавад. Ин ҳизби зиёиёни демократӣ манфиати ҳамаи индонезиягиҳоро ҳимоя мекард. Ҳукуматдорони мустамликавӣ Ҳизби Индонезияро эътироф накарданд. Бинобар ин 31 марги соли 1913 яке аз роҳбарони он Дауэс-Деккер ин ҳизбро пароканда эълон кард. Ҳукумати мустамликавӣ роҳбарон ва аъзои Ҳизби Индонезияро таъқиб мекард. Моҳи июни ҳамон сол се сарвари он ба Нидерландия бадарға карда шуданд.

Соли 1907 Ҳизби Инсулинде ташкил ёфт. Соли 1919 он Ҳизби Миллии Индонезия ном гирифт. Аксари аъзои Ҳизби Индонезияи парокандашуда ба ин ҳизб дохил шуданд.

Дар Индонезия созмонҳои дигари миллӣ низ ба вуҷуд омаданд. Аз он ҷумла, соли 1912 “Саракат ислом” (“Иттифоқи ислом”) созмон ёфт.Он созмони оммавитарини озодихоҳии Индонезия ба ҳисоб мерафт. “Саракат ислом” то моҳи январи соли 1913 80 ҳазор нафар аъзо дошт. Он барои алайҳи зулми мустамликавии Ҳолландия муттақид кардани халқҳои Индонезия саҳми бузург гузоштааст.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …