Главная / Гуногун / Боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» дар шахри Душанбе

Боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» дар шахри Душанбе

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон бо Сарвазири мамлакат Кохир Расулзода ва Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали дар маросими ифтитохи Муассисаи давлатии боги фархангию фарогатии «Кули чавонон», ки баъди навсози ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

bogi-javonon

Боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» хануз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солхо ин мавзеъ, атраксионхо ва дигар дастгоху тачхизоти дилхушии кудакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эхтиёч доштанд.

Корхои навсози дар боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» дар асоси дастуру хидоятхои бевоситаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон мохи ноябри соли 2017 огоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар худуди иншооти мазкур нихоли дарахтони нодири сояафкан, ороиши ва гулу буттахо шинонида шуданд ва девору рохравхо сафолакпушу сохили кулу атрофи бог пурра навсози шуданд.

Худуди боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар чараёни корхои навсози зиёда аз 15 хазор метри мураббаъ рохравхо сафолакпуш ва 18 хазор метри мураббаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чарогонкунии бог бошад 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Барои сарсабзу хуррамгардони дар худуди боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороиши шинонидаанд.

Се навъи гулхои мавсими, дар мачмуъ зиёда аз 400 хазор бех мухити богро зебою назаррабо гардонидаанд.

Як фаввораи бузурги бо мусики танзимшаванда ва ду фаввораи хурди боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» бо рушноии чарогхои ранга мухити атрофро чаззоб месозанд. Дар бог таваккуфгох барои 70 автомашина ва бинои нави маъмури низ сохта шудааст.

Зимни шиносои Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон ба корхои навсозии боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» бахои баланд дода, зикр намуданд, ки ин Ватанро танхо метавон бо садокату вафодори ва хизмати содикона пойдору пешрафта гардонд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи вусъати корхои ободонию созандаги ва дастуру хидоятхои Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар худуди шахри Душанбе даххо чунин иншооти истирохатию фарогати бунёд ва навсози карда, дар онхо барои сокинону мехмонони пойтахт шароити арзанда фарохам оварда шудааст.

Мавзеъхои фархангию фарогати дар шахри Душанбе бо зебоии хосашон диккатчалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истирохати доимии сокинону мехмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

Фавворахои зебою дилфиреб, гулу буттахои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири хамешасабзу сояафкан ва ороиши ба боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» хусни нотакрор бахшидаанд.

Барои истирохати сокинону мехмонон дар ин бог 70 адад курсихои гуногун, гушаи алохидаи табиати кишвар ва олами вухуш ташкил карда шуда, хайкалчахои кахрамонони афсонахо ва хайвонот худуди иншооти мазкурро диккатчалбкунанда намудаанд.

Дар боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» майдонча барои бозии кудакону наврасон бунёд ва барои машкхои шиноварию сайёхат дар об 20 каики замонави дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити фарохамовардашуда табъи сокинону мехмонон, бахусус кудакону наврасон болида мешавад.

Шомгохон боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» бо чарогхои ранга, фавворахои дилфиреб ва навъхои гуногуни гулу буттахои ороиши басо зебою назаррабо мегардад.

Вусъати бесобикаи тадбирхои ободонию созандаги дар шахри Душанбе тайи солхои охир имкон фарохам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шахри Душанбе куллан тагийр ёфта, дар мавзеъхои зиёди фархангию фарогати барои сокинону мехмонон хизматрасонии босифат ба рох монда шавад.

Дар кутохтарин мухлат кучаву хиёбонхо, мавзеъхои фархангию фарогати ва гулгаштхо дар шахри Душанбе комилан навсози шуда, барои баргузории чорабинихои гуногуни фархангию фарогати низ шароити мусоид фарохам оварда мешавад.

Боги фархангию фарогатии «Кули чавонон» минбаъд бо шароити мусоиди истирохату фарогат дар хизмати сокинону мехмонон карор гирифта, ба чойи дустдоштании онхо табдил хохад ёфт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

iso-shaiton

Дуои Хазрати Исо (а)

Хазрати Исо (а) кабл аз ин ки мурдаеро зинда кунад, ду ракъат намоз мехонд ва …