Бобое Файз

Рамахои колхози Рудаки зимистон ба даштхои Узбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоххои худамон, ба Точи- кистон бармегаштанд. Рохи баргашти онхо аз даштхои Дизак ба чарогоххои Кули Калону Кули Аловуддин ва Искандаркул аз канори дехаи мо мегузашт ва чанд руз дар куххои атрофи деха таваккуф мекарданд ва мо баччахо ба назди онхо сайри кух мерафтем. Як сол, вакте ман дар синфи 6 ё 7 мехондам, ин молхо омаданду дар як мавзее бо номи Тегаи Малахгардон, ки дар кухи Офтобруя аст, мечариданд. Ман ва чанд баччаи дигар, ки ба чупонхои рама робита доштем, барои сайру тамошо ба сари он рама рафтем. Амаки Абдухомиди ман, сардор ва падари яке аз он баччахо – Бобои Файз (Бобоашур) чупони ин рама буданд. Ин мав- зеъ, ки дар баланди чойгир буд, дар фасли бахор сабзу хуррам ва сайрбоб буд. Гайр аз ин чупонхо сагу хар доштанд, ки барои мо баччахо харсавориву бози бо сагбаччахо хеле маъкул буд.

boboДар дехаи Панчруд Субхони Полвон ном марди нонвое буд, ки нонхои хеле хушмаза мепухт, нонхояш хурд, вале бисёр хуштаъм буд. Амаки хурдии ман – Абдулмаиз, ки хамрохи мо мерафтанд, аз ин нонвойхона дах дона нон хариданду мо саво- раву пиёда озими кух шудем. Мо баъд аз нисфирузи расидем, ки рама аз чаро баргашта, дар атрофи куш хобида буд. Чупонхо барои худашон чой омода мекарданд. Хуроки чупонхо асосан аз чойу нон иборат буд. Барои мо хам чой густурданд ва хама гирди як дастархон нишастем.

Ман дар мактаб шогирди аввал будам ва хама наздикон, аз чумла, амакхову тагохоям, махсус дар назди дигарон, аз ман мепурсиданд, ки хонишам чи гуна аст ва бахохоям чанданд. Ман хам бо ифтихор мегуфтам, ки бахохоям «панч»-анд ва онхо бо ифтихор байни худашон ба ман тахсин мегуфтанд, ки дар мактаб аз хама пешсаф хастам. Албатта, онхо мехос-

танд маро рухбаланд бикунанд, вале ман ки бачча будам, аз ин «ифтихор»-и онхо курта-курта гушт мегирифтам.

Писари чупон – Бобои Файз (Бобоашур), ки хамрохи мо омада буд, Бобо- калон ном дошт. Сари Бобои Файз (Бобоашур), ба гуфти холдонхо кал бу- дааст ва у соле дувоздах мох як кулохи зимистонии сарбозии шуравиро пушида ин «айб»-ашро пинхон мекард. У инчунин чомаи пахтагии гармро, ки маъмулан факат дар зимистон мепушанд, хеч гох аз танаш дур намекард. Касе уро бе ин кулохи кухнаи фарсудаву ифлос ва он чомаи аз чирк ранги аслияш но- маълум, надидааст. Уро дар гайбаш Кали Ашур низ мегуфтанд.

Аъмоли у хеле ба Кори Ишкамбаи Устод Айни шабохат дошт. Мегуфтанд, ки у пули зиёд дорад, вале касе намедонад, ки пулхояшро дар кучо нигох медорад. Баъзехо бар ин бовар буданд, ки у пулхояшро дар горхо пинхон мекунад, баъзеи дигар мегуфтанд, ки дар остари хамон чомаи хамешадартанаш чой карда, хамрохи худаш мегардонад.

Дар хурдан низ аз Кори Исмат мондани надошт. Хамин холо агар дигарон дар пиёла чой нушанд, у нимкосаеро то нимаш канди сафед рехта, аз руяш чой пур карда, як нонро аз он нонхои хуштаъм пора карда, дар он нимкоса тар карда монда буд ва нони дигарро ду пора карда, нимашро ба дахонаш халонда, нимаи дигарашро кат карда, дар дасташ нигох медошт, то ба махзи холи шудани дахон онро низ ба он чо бихалонад. Як нони дигарро аз руи нонхои дар байн истода гирифта, дар наздаш, руи дастархон гузошта буд ва бо он дасти дигараш аз гушаи он дошта меистод, то касе онро нагирад. Хамин тавр, дар холе, ки дигарон нонро шикаста дар пеши хама як буридаи гузошта буданд ва онро хам кам-кам мехурданд, у аз он дах нон сетоашро дарзамон сохиби карда буд. Чашмонаш харисона харакати дасти дигаронро дунбол мекарданд. Ба фикрам, агар дасти дигаре медошт, руйи он чанд нони дигар мегузошт, то касе ба онхо низ нарасад. Ин сахна такрибан яке аз он сахнахое буд, ки ман дар «Марги судхур» хонда будам.

Бобои Файз (Бобоашур) умуман савод надошт. Писари калонии у Бобоа- раб хамсинфи ман буд, Бобокалон писари хурдии у, ки хамрохи мо омада буд, аз ман ду синф поёнтар мехонд. Писаронаш низ бештар ба касби падарашон шавк доштанд ва саводашон аз у бештар набуд.

Замоне ки гирди дастархон нишаста будем, амакам, тибки одат аз ман вазъи хонишамро пурсиданд. Чун охири мохи май, яъне поёни соли тахсил буд, дарсхо тамом шудаву мо чоряки охирини солро чамъбаст карда будем, амакам пурсиданд:

  • Хайр, чоряки охирро чи хел чамъбаст карди?
  • Хамааш панч! – бо ифтихор гуфтам ман.

Ду-се нафаре, ки дар атрофи дастархон буданд, ба ман офа- рину ахсант гуфтанд. Намедонам аз чи бошад, ки ин таърифхо ба Бобои Файз (Бобоашур) писанд наомаданд ва вай, дар холе, ки дахонаш пур аз нон буд, баргашту ба хозирон бо норозиги гуфт:

  • Чи ин кадар уро таъриф мекунед? Бобокалони ман хам шеър медонад! Савод надоштани писарони Бобоашурро хама медонистанд. Яке аз хозирон аз Бобокалон бахохои чамъбас- тияшро пурсид. Бобои Файз (Бобоашур) нагузошт писараш чавоб дихаду гуфт:
  • Бобокалон, хамон шеърата бихон!

Хама хайрон шуданд, ки Бобокалон хам шеър медонистааст. Он замон дар Панчруд расм буд, ки хар кас порае аз шоирони бузург, махсусан аз Устод Рудаки бидонад, вале ин ки Бобокалон хам шеър медонистааст, хамаро ба тааччуб овард ва аз у хохиш карданд, то бихонад.

Барои ман бисёр чолиб буд, ки Бобокалон кадом шеърро аз ёд кардааст, зеро медонистам, ки у аслан хондану навиштанро наметавонист. У аз чояш хест, коматашро рост гирифт, гулу тоза карду бо садои баланд ва оханги хос ин шеърро хонд:

Кал рафт ба масчид. Фахш* дод ба мулло, Табархоро тез кунед, Сари* калро пуст канед.

Садои ках-кахи нишастагон фазоро тарконд.

Бобои Файз – чони бобо (Бобоашур) бо ифтихор ба хозирон нигох мекард, бечора зохиран маънии шеърро нафахмида буд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …