Главная / Маданият ва санъат / Бинокори ва меъмори дар асри XVI

Бинокори ва меъмори дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанахои ахди Темури идома дошт. Дар ин аср бинокори хеле авч гирифт. Дар шахрхои Бухоро, Самарканд, Хучанд, Хисор, Уротеппа ва дигархо бозорхо, хаммомхо, тичоратхонахои бохашамат, мадрасахо, масчид сохта шуданд. Барои ривочи савдои хоричи дар роххои корвонгард купрукхо, сардобахо (хавзхои об), корвонсаройхо бино ёфтанд.

Бухоро, ки пойтахти давлат буд, бештар обод гашт. Девори нави шахр бино ёфт. Намунаи санъати зебои меъмории асри XVI дар ин шахр Масчиди Калон, Мадрасаи Мири араб, Масчиди Баланд, Масчиди Хоча Зайниддин, Куш-мадраса, мадрасаи Модари хон, Мадрасаи Абдуллохон, дар Уротеппа мадрасаи Абдулатиф Сулгин (Кукгумбаз, макбараи Бобо) таго ва Сари-Мазор буданд. Водии Хисор низ аз ёдгорихои меъмори бой аст. Хисор дар асрхои XV-XVI ба авчи равнаки худ расида буд. Дар ин давра худуди он васеъ буда, чануби Точикистони хозира, чануби Узбекистон, вилоятхои шимолии Афгонистон (Балх, Шибиргон, Кундуз) ва Бадахшонро дар бар мегирифт. Иморатхои Калъаи Хисор аз кабили Мадрасаи Кухна, мазори Махдуми Аъзам намунаи санъати баланди меъмории Хисори онвакта мебошанд.

Намунаи бинохои зебои асри XVI дар дехахои Чипари ва Лайлауяи нохияи Кубодиён боки мондаанд.

Мазори Махдуди Аъзам дар Хисор /соли 1547/.
Мазори Махдуди Аъзам дар Хисор /соли 1547/.

Шахрхо аз хисоби бинохои гуногун обод мешуданд. Дар чоррохи баъзе хиёбонхо бинои чорсу бардошта ба тули хиёбон токхо ва корвонсаройхо бино ёфта буд. Намунаи ин бинохо дар Бухоро токи Саррофон, токи Телпакфурушон ва токи Заргарон мебошад.

Аксар вакт бозорхои шахр пур аз савдогарон буданд. Дар беруни шахр низ чорбогхои пур аз меваву ангур, дарахтони сарсабз аз дур намуддор буданд. Дар чорбогхои бузург барои шох касру девонхо сохта буданд. Хушнамудии бинохои зеборо чуйхои оби равон ва фавворахо зеб медод.

Дар сохаи кандакории руи санг ва чуб комёбихои устодони асри XVI назаррас буд. Сангхои руи кабр бо катиба ва накшу нигор ороиш ёфта, гушахои онро ба шакли сутунча зеб медоданд. Баъзе сангхои руи кабр ба худ шакли хурди макбараи шиббадорро гирифтааст. Умуман, санъати хаччори ва катибакани ба дарачаи олии худ расида буд.

Бехтарин намунахои кандакории руи чуб хаккокии сакфи бинохо, дару даричахо, сутуни айвонхонахо, панчарахои тобдонхо ва мадрасаву масчид, хонахову макбарахо мебошанд.

Бинохои бохашамат бо хатхои бинои ва кошинкори зебу зиннат дода мешуданд. Зеботарин кошинро дар осори шахрхои Бухорову Самарканд метавон ёфт. Пенпокхои зебо, кошинкорихои хушнакшунигор ва хушобуранг намунаи хунари устохои гулдасти асрхои мухталиф мебошанд.

Гачкори. Аз Куммазори нохияи Кубодиён /асрхои X1V-XVI/.
Гачкори. Аз Куммазори нохияи Кубодиён /асрхои X1V-XVI/.

Султонхо ва мардони бомаърифат сохиби китобхонахо буданд. Ки тобхонахо дар он вактхо вазифаи коргохи китобат ва ороиши дастнавис хоро низ доштанд. Дар асри XVI ороиши бадеии китобхои дастнавис дарачаи баланд расида буд. Дар Осиёи Миёна хушнависони забардаст хаёт ба cap мебурданд. Яке аз устодони хат Миралии Хирави буд, ки барои такомули хати настаълик кушиши зиёде ба харч дод.

Махсули хушнависону минётурсозони боистеъдод шухрати чахони ёфтанд. Минётурхо бо мазмуни хар фасл ва вокеахои муайяни таърихи мувофикат доранд. Дар онхо симои як катор шахсони таърихи хам тасвир ёфтааст. Устодони машхури минётур Мухаммадмуроди Самарканди, Maхмуди Мазаххиб, Усто Абдулло ва дигарон буданд. Дар асри XVI мусаввирони забардаст ба пояхои баланди инкишофи худ расидаанд.

Дар ин аср хофизону навозандагони номи хаёт ба cap мебурданд. Машхуртарини онхо дар Самарканд Султон Мухаммади ной, дар дарбори Абдуллохон (дар Бухоро) — Хофиз Алимаст будааст. Хофизони хушилхом, созандахо ва хонандахо дар хузури хокими Самарканд Фулод Султон, Косим Рухдам, Хофиз Шагол ва Илёси Ной, ки хар як нодири асру замони худ буданд, хаёт ба cap мебурданд.

Онхо аз асбобхои гуногуни мусики мохирона истифода мебурданд (доира, думбра, дутор, танбур, гижак, сурнай, най, карнай ва хоказо).

Хофизони номбурда, чи дар Самарканд, чи дар Бухоро ва чойхои дигар устодони санъати олии “Шашмаком” буда, дар байни мардум обрую эътибори бузург доштанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …