Главная / Маданият ва санъат / Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср бинокорӣ хеле авҷ гирифт. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Уротеппа ва дигарҳо бозорҳо, ҳаммомхо, тиҷоратхонаҳои боҳашамат, мадрасаҳо, масҷид сохта шуданд. Барои ривоҷи савдои хориҷӣ дар роҳҳои корвонгард купрукҳо, сардобаҳо (ҳавзҳои об), корвонсаройҳо бино ёфтанд.

Бухоро, ки пойтахти давлат буд, бештар обод гашт. Девори нави шаҳр бино ёфт. Намунаи санъати зебои меъмории асри XVI дар ин шаҳр Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири араб, Масҷиди Баланд, Масҷиди Хоҷа Зайниддин, Қӯш-мадраса, мадрасаи Модари хон, Мадрасаи Абдуллохон, дар Ӯротеппа мадрасаи Абдулатиф Сулгин (Кӯкгумбаз, мақбараи Бобо) тағо ва Сари-Мазор буданд. Водии Ҳисор низ аз ёдгориҳои меъморӣ бой аст. Ҳисор дар асрҳои XV-XVI ба авҷи равнақи худ расида буд. Дар ин давра ҳудуди он васеъ буда, ҷануби Тоҷикистони ҳозира, ҷануби Ӯзбекистон, вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз) ва Бадахшонро дар бар мегирифт. Иморатҳои Қалъаи Ҳисор аз қабили Мадрасаи Кӯҳна, мазори Махдуми Аъзам намунаи санъати баланди меъмории Ҳисори онвақта мебошанд.

Намунаи биноҳои зебои асри XVI дар деҳаҳои Чипарӣ ва Лайлауяи ноҳияи Қубодиён боқӣ мондаанд.

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.
Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Шаҳрҳо аз ҳисоби биноҳои гуногун обод мешуданд. Дар чорроҳи баъзе хиёбонҳо бинои чорсу бардошта ба тӯли хиёбон токҳо ва корвонсаройҳо бино ёфта буд. Намунаи ин биноҳо дар Бухоро токи Саррофон, токи Телпакфурӯшон ва токи Заргарон мебошад.

Аксар вақт бозорҳои шаҳр пур аз савдогарон буданд. Дар беруни шаҳр низ чорбоғҳои пур аз меваву ангур, дарахтони сарсабз аз дур намуддор буданд. Дар чорбоғҳои бузург барои шоҳ қасру девонҳо сохта буданд. Хушнамудии биноҳои зеборо ҷӯйҳои оби равон ва фаввораҳо зеб медод.

Дар соҳаи кандакории рӯи санг ва чӯб комёбиҳои устодони асри XVI назаррас буд. Сангҳои рӯи қабр бо катиба ва нақшу нигор ороиш ёфта, гӯшаҳои онро ба шакли сутунча зеб медоданд. Баъзе сангҳои рӯи қабр ба худ шакли хурди мақбараи шиббадорро гирифтааст. Умуман, санъати ҳаҷҷорӣ ва катибаканӣ ба дараҷаи олии худ расида буд.

Беҳтарин намунаҳои кандакории рӯи чӯб ҳаккокии сақфи биноҳо, дару даричаҳо, сутуни айвонхонаҳо, панҷараҳои тобдонҳо ва мадрасаву масҷид, хонаҳову мақбараҳо мебошанд.

Биноҳои боҳашамат бо хатҳои биноӣ ва кошинкорӣ зебу зиннат дода мешуданд. Зеботарин кошинро дар осори шаҳрҳои Бухорову Самарқанд метавон ёфт. Пенпоқҳои зебо, кошинкориҳои хушнақшунигор ва хушобуранг намунаи ҳунари устоҳои гулдасти асрҳои мухталиф мебошанд.

Гаҷкорӣ. Аз Қуммазори ноҳияи Қубодиён /асрҳои X1V-XVI/.
Гаҷкорӣ. Аз Қуммазори ноҳияи Қубодиён /асрҳои X1V-XVI/.

Султонҳо ва мардони бомаърифат соҳиби китобхонаҳо буданд. Ки тобхонаҳо дар он вақтҳо вазифаи коргоҳи китобат ва ороиши дастнавис хоро низ доштанд. Дар асри XVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис дараҷаи баланд расида буд. Дар Осиёи Миёна хушнависони забардаст ҳаёт ба cap мебурданд. Яке аз устодони хат Миралии Ҳиравӣ буд, ки барои такомули хати настаълиқ кӯшиши зиёде ба харҷ дод.

Маҳсули хушнависону минётурсозони боистеъдод шӯҳрати ҷахонӣ ёфтанд. Минётурҳо бо мазмуни ҳар фасл ва воқеаҳои муайяни таърихӣ мувофиқат доранд. Дар онҳо симои як қатор шахсони таърихӣ хам тасвир ёфтааст. Устодони машҳури минётур Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Maҳмуди Мазаҳҳиб, Усто Абдулло ва дигарон буданд. Дар асри XVI мусаввирони забардаст ба пояҳои баланди инкишофи худ расидаанд.

Дар ин аср ҳофизону навозандагони номӣ ҳаёт ба cap мебурданд. Машҳуртарини онҳо дар Самарқанд Султон Муҳаммади ной, дар дарбори Абдуллохон (дар Бухоро) — Ҳофиз Алимаст будааст. Ҳофизони хушилҳом, созандаҳо ва хонандаҳо дар ҳузури ҳокими Самарқанд Фӯлод Султон, Қосим Руҳдам, Ҳофиз Шағол ва Илёси Ной, ки ҳар як нодири асру замони худ буданд, ҳаёт ба cap мебурданд.

Онҳо аз асбобҳои гуногуни мусиқӣ моҳирона истифода мебурданд (доира, думбра, дутор, танбӯр, гижак, сурнай, най, карнай ва ҳоказо).

Ҳофизони номбурда, чӣ дар Самарқанд, чӣ дар Бухоро ва ҷойҳои дигар устодони санъати олии “Шашмақом” буда, дар байни мардум обрӯю эътибори бузург доштанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …