Главная / Маданият ва санъат / Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд.

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд.

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману бародар Чабраил (а) ва Ризвон аз бихишти шашум баромадем, ба бихишти хафтум расидем, ки онро чаннатулмаъво гуянд. Он aз нур халк карда шудааст; дари он аз рахмат аст. Кунгурахои он аз кофур ва луълуь аст. Бар он дар навишта шудааст: “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”.

Ба ривояте ин бихишт аз тилло халк карда шудааст. Ва  дар он бихишт хуроне аст, ки онхоро Луъбат гуянд. Хак таъоло хуронро аз чахор чиз офаридааст: аз мушку кофуру заъфарон ва агар катраи оби дахони онхо дар бахр чакад, тамоми оби он дарё пур аз халовату ширин шавад. Дар синаи онхо ба гайб навишта шудааст, ки касе хохад ман насибаш гардам, ба тоъату ибодати Парвардигор бояд кушиш намояд.

Ин бихишт чои шахидону пархезгорон ва фурубарандагони хашм аст. Ва дарахтони он харгиз хушк нашаванд ва маргзори онро хавфи беоби набвад. Дар бихишт чандин маргзор аст Дар хар маргзоре чандин бог аст ва дар хар боге чандин гулистон аст ва дар хар гулистоне аз зумурради сабз тахте acт. Ба гирди хар тахте хурон ва гилмон истодаанд, ки аз офтобу мохтобону зеботаранд. Пеши хар яке хурсанди ва шунидани овози хуш ва ракс аст, ки агар аз он овозхо ба гуши ахли дунё расад, хама бехуш шаванд. Тасвиру накшбанди дар он хонахо  чунон аст, ки аз он нуре дар чашм хосил ояд.

Дар ин хона чандин тахти зумуррадин гузошта шудааст. Ва дар он тахтхо гилемхои зебо андохта шуда ва болиштхои атлас андохта ва чандин хизматгор кадаххои булурин ва кузахои симин ба даст гирифта, истода буданд, ки дар хар яке ширу шароб ва хазор гуна меваву неъмат бувад. Он кадар, ки хохад, бихурад. Хурон ва гилмони хушруй гирд бар гирди хар яке аз он тахтхо ороста бо анвоъи зиннату табакхои пур аз таъом ва лаганхои пур аз мевахои гуногун дошта ва мунтазир истода.

Сурудхонон гирди хар тахте раксеву суруде баргирифта ва табакхои нур бар даст истода, то бар хар тахте, ки уро хуш ояд, истирохат намояд. Ва он табаки нур бар сари у нисор кунанд ва хар кадом, ки уро рагбат ояд аз хурхо ва ё аз занон дар хол парда аз нур назди у дарояд ва у ба кори худ машгул гардад. Ва бар хар чи рагбат кунад, аз хурданихо ва нушиданихо ва шарбатхо ва мевахову гуштхои паррандагон, дам ба дам бихурад ва ба хурдани он аз нохуни пой то фарки cap рохат ёбад.

Дар хама тан лаззати он боки бувад ва харгиз махву нобуд нагардад, чандон ки хохад бихурад. Ва рагбату иштихои у зиёда гардад. Ва аз хар табаке, ки бихурад ва ё бинушад, хануз дар дахон бошад, ки боз хамон кадар дар он табак зиёд гардад.

Дар бихишт бавлу гоят набошад, мисли он ки дар дунё кудак дар шиками модар на бавл мекунад ва на гоят. Ва дар он чо буйхои хуш аст, ки аз он буи мушку анбар ояд. Агар аз он буйхо як зарра ба дунё ояд, хама мурдагон cap аз хок бардоранд.

Холи касе, ки уро дар дунё чандон тоъате набошад, ин аст, ки гуфтем ва хам аз ин маълум гардад, ки муттакиён, яъне пархезгорон ва шахидон ва солехону олимон ва имомону муаззинон ва сахиёну козиён ва рузадоронро чи дарачахо бошад.

Дар бихишт мардон хаждахсола ва занон сездахсола бошанд. Занон ба кадди хазрати Бибихаво (р) бошанд. Руйхои хама хамчун мохи шаби чахордах дурахшон бошаду чун шамъ тобон.

Дар хар кучаву махалла малоика ин нидо кунанд, ки баъд аз ин хама вакт дар сухбат ва рохат бошед. Хеч вакт малолат ба шумо нарасад. Ва андешаву фикр бар замири шумо  нагузарад. Ва муъминон якдигарро тавоф кунанд ва дустон бинишинанду мачлисхо барпо кунанд. Ва рафикону хамнишинон якчо шаванд ва бар чуйхои обу богхо ва неъматхо якдигарро зиёфат кунанд. Дар бихишт рохати бисёр бошад. Бисёртар ба се кор машгул бошанд: хурдану нушидану бозанон наздики кардан. Дар чимоъ лаззате бувад, ки дар вахми одами нагунчад ва хар бор, ки у шахват ронад ва ба занон наздики кунад, занони дунё ва хуронро бикр, яъне духтар ёбад.

Хазрати Пайгамбар (с) фармуданд, ки хулоса, дар бихишт чандон неъмат дидам, ки агар хама умр тавсиф кунам, тамом нашавад.

Деворхои бихиштро дидам, хиште аз ёкут ва хиште аз забарчад ва лойи он аз мушку кофур ва пахнои он деворхо бенихоят буд ва сангрезааш аз зумуррад ва ёкут буд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар бихишт чуйхо дидам, чуе аз шир ва чуе аз об ва чуе аз хамру чуе аз асал. Мевахои дарахтони бихишт чунон бошанд, ки агар бихиштие орзуи кадом намуд кунад ба назди у биёяд ва чандон ки хохад. бихурад ва он шохи дарахт боз ба чои худ равад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …