Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти ҳафтум, ки онро Ҷаннатулмаъво гӯянд.

Биҳишти ҳафтум, ки онро Ҷаннатулмаъво гӯянд.

Биҳишти ҳафтум, ки онро Ҷаннатулмаъво гӯянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману бародар Чабраил (а) ва Ризвон аз биҳишти шашум баромадем, ба биҳишти ҳафтум расидем, ки онро чаннатулмаъво гӯянд. Он aз нур халқ карда шудааст; дари он аз раҳмат аст. Кунгураҳои он аз кофур ва лӯълӯь аст. Бар он дар навишта шудааст: “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллох”.

Ба ривояте ин биҳишт аз тилло халқ карда шудааст. Ва  дар он биҳишт хуроне аст, ки онҳоро Лӯъбат гӯянд. Ҳак таъоло ҳуронро аз чаҳор чиз офаридааст: аз мушку кофуру заъфарон ва агар қатраи оби даҳони онҳо дар баҳр чакад, тамоми оби он дарё пур аз ҳаловату ширин шавад. Дар синаи онҳо ба ғайб навишта шудааст, ки касе хоҳад ман насибаш гардам, ба тоъату ибодати Парвардигор бояд кӯшиш намояд.

Ин биҳишт ҷои шаҳидону парҳезгорон ва фурӯбарандагони хашм аст. Ва дарахтони он ҳаргиз хушк нашаванд ва марғзори онро хавфи беобӣ набвад. Дар биҳишт чандин марғзор аст Дар ҳар марғзоре чандин боғ аст ва дар ҳар боғе чандин гулистон аст ва дар ҳар гулистоне аз зумурради сабз тахте acт. Ба гирди ҳар тахте ҳурон ва гилмон истодаанд, ки аз офтобу моҳтобону зеботаранд. Пеши ҳар яке хурсандӣ ва шунидани овози хуш ва рақс аст, ки агар аз он овозҳо ба гӯши аҳли дунё расад, ҳама беҳӯш шаванд. Тасвиру нақшбандӣ дар он хонаҳо  чунон аст, ки аз он нуре дар чашм ҳосил ояд.

Дар ин хона чандин тахти зумуррадин гузошта шудааст. Ва дар он тахтҳо гилемҳои зебо андохта шуда ва болиштҳои атлас андохта ва чандин хизматгор қадаҳҳои булӯрин ва кӯзаҳои симин ба даст гирифта, истода буданд, ки дар ҳар яке ширу шароб ва ҳазор гуна меваву неъмат бувад. Он қадар, ки хоҳад, бихӯрад. Ҳурон ва ғилмони хушрӯй гирд бар гирди ҳар яке аз он тахтҳо ороста бо анвоъи зиннату табақҳои пур аз таъом ва лаганҳои пур аз меваҳои гуногун дошта ва мунтазир истода.

Сурудхонон гирди ҳар тахте рақсеву суруде баргирифта ва табақҳои нур бар даст истода, то бар ҳар тахте, ки ӯро хуш ояд, истироҳат намояд. Ва он табақи нур бар сари ӯ нисор кунанд ва ҳар кадом, ки ӯро рағбат ояд аз ҳурҳо ва ё аз занон дар ҳол парда аз нур назди ӯ дарояд ва ӯ ба кори худ машғул гардад. Ва бар ҳар чӣ рағбат кунад, аз хурданиҳо ва нӯшиданиҳо ва шарбатҳо ва меваҳову гӯштҳои паррандагон, дам ба дам бихӯрад ва ба хӯрдани он аз нохуни пой то фарқи cap роҳат ёбад.

Дар ҳама тан лаззати он боқӣ бувад ва ҳаргиз маҳву нобуд нагардад, чандон ки хоҳад бихӯрад. Ва рағбату иштиҳои ӯ зиёда гардад. Ва аз ҳар табақе, ки бихӯрад ва ё бинӯшад, ҳанӯз дар даҳон бошад, ки боз ҳамон қадар дар он табақ зиёд гардад.

Дар бихишт бавлу ғоят набошад, мисли он ки дар дунё кӯдак дар шиками модар на бавл мекунад ва на ғоят. Ва дар он ҷо бӯйҳои хуш аст, ки аз он бӯи мушку анбар ояд. Агар аз он бӯйҳо як зарра ба дунё ояд, ҳама мурдагон cap аз хок бардоранд.

Ҳоли касе, ки ӯро дар дунё чандон тоъате набошад, ин аст, ки гуфтем ва ҳам аз ин маълум гардад, ки муттақиён, яъне парҳезгорон ва шаҳидон ва солеҳону олимон ва имомону муаззинон ва сахиёну қозиён ва рӯзадоронро чи дараҷаҳо бошад.

Дар биҳишт мардон хаждаҳсола ва занон сездаҳсола бошанд. Занон ба қадди ҳазрати Бибиҳаво (р) бошанд. Рӯйҳои ҳама ҳамчун моҳи шаби чаҳордаҳ дурахшон бошаду чун шамъ тобон.

Дар ҳар кӯчаву маҳалла малоика ин нидо кунанд, ки баъд аз ин ҳама вақт дар сӯҳбат ва роҳат бошед. Ҳеҷ вақт малолат ба шумо нарасад. Ва андешаву фикр бар замири шумо  нагузарад. Ва мӯъминон якдигарро тавоф кунанд ва дӯстон бинишинанду маҷлисҳо барпо кунанд. Ва рафикону ҳамнишинон якҷо шаванд ва бар ҷӯйҳои обу боғҳо ва неъматҳо якдигарро зиёфат кунанд. Дар биҳишт роҳати бисёр бошад. Бисёртар ба се кор машғул бошанд: хӯрдану нӯшидану бозанон наздикӣ кардан. Дар ҷимоъ лаззате бувад, ки дар ваҳми одамӣ нагунҷад ва ҳар бор, ки ӯ шаҳват ронад ва ба занон наздикӣ кунад, занони дунё ва ҳуронро бикр, яъне духтар ёбад.

Ҳазрати Пайғамбар (с) фармуданд, ки хулоса, дар биҳишт чандон неъмат дидам, ки агар ҳама умр тавсиф кунам, тамом нашавад.

Деворҳои биҳиштро дидам, хиште аз ёқут ва хиште аз забарҷад ва лойи он аз мушку кофур ва паҳнои он деворҳо бениҳоят буд ва сангрезааш аз зумуррад ва ёқут буд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар биҳишт ҷӯйҳо дидам, ҷӯе аз шир ва ҷӯе аз об ва ҷӯе аз ҳамру ҷӯе аз асал. Меваҳои дарахтони биҳишт чунон бошанд, ки агар биҳиштие орзӯи кадом намуд кунад ба назди ӯ биёяд ва чандон ки хоҳад. бихӯрад ва он шохи дарахт боз ба ҷои худ равад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …