Главная / Гуногун / Бартарии хукук ва волоияти конун

Бартарии хукук ва волоияти конун

Дар тули инкишофи чамъият инсоният тадричан накши хукук ва бартарияти онро дар хаёти худ дарк намуда, кушиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ хукук муайян намояд, то ки орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати хукукбунёд амали гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси конунхо ва меъёрхои байналхалки ба рох монад.

Бартарияти хукук хамзамон маънои онро дорад, ки халли масъалахои чамъиятиву давлати аз чихати хукук танзим шуда, арзишхои маънави ва меъёрхои хукуки умумиинсони ва расман танзимшаванда дар пайвастаги бо таксимоти ташкиливу худудии чамъият ва конуни будани хокимияти оммави истифода ва амали карда шаванд.

voloiyati-qonunЗеро танхо ичрои талаботи конун ва тобеият ба нишондодхои он метавонад амали конунро хаёти гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шахрвандон, ташкилоту муассисахо, хизбхо ва иттиходияхои чамъияти ва худи давлат дар симои макомоти хокимияти идоракунии давлати, судхо, прокурорхо ва дигарон бояд факат ба конун итоат намоянд. Фаъолияти шахрвандон ва ташкилотхо дар хадду андозае, ки конун ичозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз руи принсипи «он чизе, ки конун манъ накардааст, равост», ба амал бароварда мешавад. Вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектхои хукукие, ки бархилофи коидахои ахлок ва расму анъанахои милли мебошад, ичозат дода мешавад.

Фаъолияти макомоти хокимияти давлати, суди ва макомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки конун ичозат додааст, амали карда шавад.

Волоияти конун хамчунин маънои онро дорад, ки хама дар назди

конун баробаранд. Конун дар давлати хукукбунёд ифодакунандаи максаду мароми аъзои чамъият мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …