Главная / Гуногун / Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун

Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун

Дар тўли инкишофи ҷамъият инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кўшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то ки орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ монад.

Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷамъият ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд.

voloiyati-qonunЗеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае, ки қонун иҷозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз рўи принсипи «он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост», ба амал бароварда мешавад. Вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектҳои ҳуқуқие, ки бархилофи қоидаҳои ахлоқ ва расму анъанаҳои миллӣ мебошад, иҷозат дода мешавад.

Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад.

Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди

қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

судэкспертизаи душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисӣ дар ш. Душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисти Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ш. Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Айнӣ …