Главная / Илм / БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

Goat in the field.

Гушти бузгола, ки аз шашмохаги гузашта бошад, рутубаташ афзун ва бехтарини гуштхо буда, фишори баланди хунро паст мекунад, сабукхазм ва барои беморон, инчунин барои касони нав аз бемори хеста форам ва мувофик аст. Гушти бузро гармогарм ба узви зарба ва латхурда, инчунин, ба пусти гармогарми он печонидан дардашро таскин медихад, намегузорад, ки он чо варам оварад. Пусти сари бузголаро дар вакти гарм буданаш ба сар гузошта банданд, варами пардахои майна ва худи майна, инчунин зехни бечошударо ба ибро меоварад. Майнаашро ба сар гузошта банданд, майна ва узвхои сахтро мулоим ва аз рутубат таъмин мегардонад.

Захраи хушкшудаашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ месозад. Чигари бузи сиёхро чун реза-реза намуда, он резахои чигарро як чо карда, ба он мурч ва занчабили куфтаро пошида, кабоб кунанд, оби аз он чудошударо гирифта, дар чашм кашанд, шабкуриро дафъ мекунад. Саргини нимсухтаи бузро бо намаксанг даромехта, ба дандонхо бимоланд, зардии дандонро мебарад ва бадбуии милки онро дафъ мекунад.

Чун хояи таккаро чок карда, дар он зарованди гирд (карказон), натрун (танакори армани ё ки ба руси едкий натрий) ва зира пошида, хушк кунанд, баъд 4,5 грамми онро соида бо оби гарм биёшоманд, кутохнафаси, дамкутахи, дардхои чигар ва хичакро шифо мебахшад. Агар инро бардавом бихуранд, бохро хеле кувват медихад. Чун он хояро бо танакор ва кокути хушк кунанду 4,5 грамми онро ба сиркои пиёзи ансул биёшоманд, иллатхои сипурзро шифо мебахшад.

Чун таккаи чорсолаи сурхи якрангро дар аввали фасли тобистон хангоми ранг гирифтани ангур кушта, хуни аввал ва охири онро партоянду хуни мнёна омадаи онро дар зарфе гирифта, то шах шудан бигузоранд, баъд онро реза-реза карда, бар руи кох ё руи элак дар соя хушк кунанд, онро ядулло меноманд, зеро ки барои майда карда резонидани санги гурда ва хичак кави ва хатто бемисл аст. Аз равгани он бо орди биринч ва арзан харида (кисель) тайёр карда бихуранд, барои исхоле, ки аз харошида шудани сатхи даруни рудахо, ки аз хурокхои гарммизоч ва таъми тез дошта ба амал омада бошад, инчунин, барои манъи амали исхол дору мешавад.

Равгани онро бо орди чав атола сохта нимгарм хукна (клизма) кунанд, захми рудахоро шифо мебахшад. Саргинашро бо пешоби он даромехта бимоланд, истиско (водянка) ва варами сипурзро даво мебошад. Саргинашро бо пешоби кудакон чушонида бимоланд, кулинчи (колити) балгами, бодхои гализ ва зардобро дафъ мекунад. Чарбиашро гузошта банданд, хар гуна дардхоро таскин медихад.

Саргини бузро бимоланд, варамхои кухнаро тахлил медихад. Ин саргинашро сухта, бо сирко сиришта бимоланд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад; нимсухтаи онро бо сирко сиришта бимоланд низ, ба он чохои муйрехта муй меруёнад, озаххои чаппаро хушк карда мерезонад. Ва агар бо асал даромехта бимоланд, кутур, доги сафеди пуст, варамхои сахт ва ширинчаро ба ибро меоварад; бо тухми банг (кирмрезонак) сиришта бимоланд, пистони занхо ва хояхои мардонро кучак мегардонад.

Саргини бузро дар шароб бо хулба бипазанду гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад. Чун гурдаи онро реза карда, гугирди куфтаро бар он пошида, кабоб кунанд, оби аз он баромадаро низ ба доги сафеди пуст бимоландд, дафъ мекунад. Равганашро гузошта банданд, ба захмхо гушт меруёнад. Саргинашро сухта, бо асал сиришта бимоланд, решхои даванда ва рутубаташон асалмонандро шифо мебахшад. Ва агар саргини сухтаи инро бихуранд, захри чонваронро аз бадан дафъ мекунад.

Саргини хушки бузро бо шароб ё бо сирко пухта бимоланд, захри чонваронро ба худ мекашад. Захраи бузи кухи тарёки захри чонварон аст. Равганашро бо саргинаш ва заъфарон даромехта гузошта банданд, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Саргини хушки онро тафсонида, бо он дог кунанд, иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад — инро доги араби меноманд. Тарики он чунин аст, ки саргинро даргиронида, дар пашм печонида, дар чои чукураки бехи нарангушти даст, ки дар тахти бандхо ва баробари нарангушт аст, то харораташ кам гаштан бигузоранд, баъд бо доги дигаре иваз кунанд, то он ки харорати он дар сурин хис гардад.

Саргини сухта ва гайрисухтаи бузро бо асал сиришта бимоланд, дарди бугумхоро, ки аз сарди бошад, шифо мебахшад ва агар бо сирко даромехта бимоланд, дарди бугумхоро, ки аз гарми бошад, ба ибро меоварад. Саргини бузро дуд кунанд, чонварони зарарнок ва хашарот аз он чо мегурезанд. Чун шох ва суми онро сухон карда, бо турб, асал ва беданчир мукаттар (перегон) намоянд, фулуззот ва хамаи чизхои сахтро мулоим месозад. Чун инро хал кунанд, ранги багоят сиёх мегардад барои навиштан.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …