Главная / Чугрофия / БУХОРШАВИИ ОБ ВА ПАЙДОИШИ АБР

БУХОРШАВИИ ОБ ВА ПАЙДОИШИ АБР

Бухори об дар хаво. Дар хама чои хаво буги об хаст. Он хангоми бухоршавй, ки дар харорати мусбату манфй доимо аз сатхи хушки. наботот, хайвонот, кулу дарё, обанборхо, барфу ях ба амал меояд. ба атмосфсра дохил мешавад. Манбаи асосии оби атмосфера бухоршавй аз сатхи бахру укёнусхо (кариб 86% буги хаво) мебошад. Микдори буги об дар хаво ба харорати хаво вобаста аст. \ар кадар сатхи Замин гарм бошад, бухоршави хамон кадар зиёд мешавад. Бод низ бухоршавиро афзун менамояд. Албатта, мушохида кардаед, ки хангоми вазидани боди суст хам кулмакхо ва либос зуд хушк мешаванд. Хатто дар хавои хунуки зимистон хам об бухор мешавад. Инро аз хушк шудани либоси тар пай бурдан мумкин аст.

bugshavi

Бухори об ноаён ва аз хаво сабуктар аст. Он вакте аён мегардад, ки хаво хунук шавад ва заррахои ноаёни об ях карда, катрахои хурдтарини об туманро ба вучуд меорад. Масалан, шабонгах баъди рузи софу гарм хангоми хунук шудани сатхи Замин дар хамихо пардаи туман мехобад, дар болои алаф катрахои шабнамро мебинем. Зимистон, хангоми аз хад зиёд шудани сардй, дар дарахтон кирав пайдо мешавад (Дар дафтари хавосанчи дар моххои зимистон рузхоеро ёбед, ки туман, кирав мушохида шудааст. Хаво аз ин рузхо пештар чи хел буд ва он чй хел тагйир ёфт?).

Бахорон, аввали тобистон дар натичаи тафсидани сатхи Замин хавои гарми серрутубат боло баромада, дар баландии муайян хунук мешавад, абрхои гафси тудагй хосил мегарданд.

Микдори буги обе, ки 1 метри мукааби хаво дар харорати муайян дар худ нигох дошта метавонад, кобилияти намигунчоиши хаво номида мешавад. Кобилияти намигунчоиши 1 м3 хаво дар хароратхои гуногун чунин аст:

–     10° C to 1 грамм об

–    5° C to 2 грамм об

–    0° C to 5 грамм об

+10° C to 9 грамм об

+20° C to 17 грамм об

+30° C to 30 грамм об

Хавои аз буги об сер ва носер. Хангоми бухоршавй хаво обро ба микдори номахдуд дар худ нигох дошта наметавонад. Ин хад ба харорати хаво вобаста аст. Масалан, 1 м3 хаво дар харорати 20 м3 С го 17 г буги об дошта метавонад. Хавоеро, ки бухори оби доштааш бештар онро чой дода наметавонад, буги сер меноманд (Аз руи расми муайян кунед, ки барои бе бухори об сер шудани хаво хангоми тагйир ёфтани харорат дар хар 10 дарача С аз – 20″ С то 30° С чанд грамм об даркор аст. Ин ифодаро ба охир расонед: ”Хар кадар харорат баланд бошад хамон кадар…….”). Хавое, ки дар сатхи гарм, вале хушк мавчуд аст. одатан камтар бухори об дорад. Чунин хаворо хавои хушк) носер меноманд. Хангоми хунукшавии он об на хамеша чудо мешавад. Масалан, агар харорати хаво 30 дарача С ва нами дар 1 м хамаги 16 г бошад, хангоми то 20″ С хунук шудан об чудо намешавад.

Агар хавои сер гарм шавад, хавои носер мегардад.

Инро бахорон, вакте ки пагохирузи нурхои Офтоб сатхи Заминро гарм мекунанду катрахои шабнам, туман нест мешаванд, мушохида намудан мумкин аст (Аз руи расмм мукаррар кунед, ки 1 м мукааб хавои дар харорати 10 дарача С сершуда дар зурати то 20 дарача С зиёд шудани харорат чи кадар бухори об гунчонда метавонад?).

Рутубати хаво. Дар маълумоти обу хаво аз радио ва телевизион шумо мешунавед: рутубати хаво, масалан, 60%. Ин чи маъно дорад?

Рутубати хаво одатан ду хел мешавад: нисби ва мутлак. Рутубати нисби дарачаи аз бухори об сер шудани хаво мебошад. Яъне нисбати микдори намии хаво ба он микдоре, ки дар чунин харорат дошта метавонад. Онро бо фоиз ифода мекунанд. Агар, масалан, хангоми 30″ С будани харорат дар хаво танхо 15 г об. яъне нисфи микдори эхтимоли бошад, он гох рутубати нисби ба 50% баробар аст. Рутубати тобистон рутубати нисби, хатто 30- 20% мешавад. Рутубати нисбии хавои сер ба 1 00% баробар аст.

Дар айни вакт дар 1 метр мурабба хаво чанд грамм мавчуд будани бухори обро рутубати мутлак меноманд. Он бо грамм дар м мукааб (г/м ’) ифода карда мешавад.

Хаво табиатан аз бухори об ахён-ахён сер аст, вале хамеща ягон микдори онро дорад. Дар ягон чои Замин 0 фоиз рутубати нисби мушохида нашудааст.

Дар стансияхои метеорологи рутубати хаво бо асбобн гигрометр (аз юнони “гигро” рутубат), чен карда мешавад; гайр аз ин асбоби худнависи гигрографро истифода мебаранд.

Абр ва туман. Гуншавии катрахои об ё кристаллхои майдаи яхро, ки аз сатхи Замин хеле баланд мебошанд, гайр меноманд. Агар гуншавии катрахои об дар хаво ба вучуд ояд, онро туман меноманд. Сабаби асосии пайдоиши хам абр ва хам туман як аст: чудошавии катрахои об хангоми хунук шудани хавое, ки аз бухори об сер аст. Дар хавои харораташ аз 0” С паст абр аз кристаллхои майдаи ях иборат мебошад.

Абрхо шаклхои гуногун доранд, ки аз холатхои пайдоиш, баланди, бод вобаста аст (расмхои 73 ва 74). Албатта, дидаед, ки абр шаклашро доим тагйир медихад.

Хама намудхои абрро аз руи шакл ба се гурухи асоси чудо мекунанд: абрхои пармонанд, абрхои гафси тудаги ва абрхои серкабат. Хар яки онхо шаклхои гуногун доранд.

Абрхои пармонанд дар баландихои 6 км ва аз ин хам зиёд хосил мешаванд; ин абрхо аз хама баланд буда, аз кристаллчахои ях иборатанд. Абрхои пармонандро рузи офтобй хам дар осмон дидан мумкин аст.

Абри гафси тудаги кисми поёнаш аз сатхи Замин 1-2 км баланд буда, кисми болояш то 6 км мерасад. Агар чараёни зури хавои гармшаванда зуд баланд шавад, он гох абри гафси тудаги дар баландй зуд калон ва доманаи он сиёх шуда, ба назар чунин мерасад, ки дархол борон меборад. Дар марзи Точикистон аз ин абр баъзан борони сел меборад ва ин абрро абри тудагии борони ё селборони меноманд (Оё шумо дар махалатон чунин абрхоро мушохида кардаед? Дар кадом фасли сол беабрирдидаед?).

Абри серкабат (кабат-кабат) одатан аз якчанд кабат иборат буда. дар баландии 2 6 км. хосил мешавад. Баъзан нн абрхо тамоми осмонро пурра мепушонанд, ки хатто дар кучо будани офтобро муайян кардан душвор аст. Хама навъхои абр дар натичаи харакати амудии хаво ба вучуд меоянд.

Ахамияти абр калон аст. Абр хароратро дар кабати тропосфера аз нихоят хунук ва нихоят гармшави нигох медорад. Зимистон, агар хаво абрнок бошад, гармтар тобистон абрнок бошад, салкинтар мешавад (барои чй?).

Дар шароити кухсори Точикистон мушохида кардаед, ки  абрхо шаклашонро тагйир медиханд.

Дар стансияхои метеорологи шакл ва баландии абрхоро мушохида карда, дарачаи абрнокиро муайян менамоянд. Чунин корро шумо хам карда метавонед. Чунончи агар осмон тамоман абрпуш бошад, абрноки 10 балл, нисфи он пушида бошад, 5 балл ва агар хаво соф бошад, абрноки 0 балл аст.

Радифхои метеорологи ва стаясияхои мадорй дар бораи абрноки ахбороти мухим ва аник медиханд.

Дар Точикистон дар фасли зимистон ва аввали бахор бештар дар водихо пайдо шудани туман мушохида карда мешавад. Туман дар вакти хунук будани сатхи Замин ба вучуд меояд. Хавои болои он хам сард мешавад. Хаво, ки хунук шуд, бухори об ба туман табдил меёбад.

Барои дурусттар фахмидани хосилшавии абр ва туман чй тавр дар чойник чушидани обро мушохида намоед. Хавои гарм- аз чумаки чойник хорич шуда, хавои атрофашро низ гарм мекунад. Аз хамин сабаб бухор дида намешавад. Баьди он ки бухор аз чумаки чойник дуртар рафта, харораташ андаке паст шуд, ба назар намоён мегардад.

Савол ва супориш

  1. 1. Тропосфера бештар аз кучо бухори обро мегирад.
  2. Бухори об чи хосият дорад? Дар кадом шароит об аз холати бухор ба холати моеъ (ё кристаллхои ях) ва баръакс мегузарад?
  3. Оё дар харорати манфии зимистон об бухор мешавад? Аз мушохидаи худ накл кунед. 4. Микдори бухоря об дар хаво аз чй вобаста аст?
  4. Аз радио хабар доданд: хангоми 10°С будани харорат рутубати нисбии хаво 50% аст. 1 м’ чунин хаво чанд грамм об дорад?
  5. Барои сер шудани он чй кадар об лозим аст?
  6. Сабаби асосии пайдоиши абр чист. Сабаб чист, ки шакли абр доимо тагйир меёбад?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …