Главная / Ҷуғрофия / БУХОРШАВИИ ОБ ВА ПАЙДОИШИ АБР

БУХОРШАВИИ ОБ ВА ПАЙДОИШИ АБР

Бухори об дар ҳаво. Дар ҳама ҷои ҳаво буғи об хаст. Он хангоми бухоршавй, ки дар ҳарорати мусбату манфй доимо аз сатҳи хушкӣ. наботот, ҳайвонот, кӯлу дарё, обанборхо, барфу ях ба амал меояд. ба атмосфсра дохил мешавад. Манбаи асосии оби атмосфера бухоршавй аз сатҳи баҳру уқёнусхо (қариб 86% буғи хаво) мебошад. Миқдори буғи об дар ҳаво ба ҳарорати ҳаво вобаста аст. \ар қадар сатҳи Замин гарм бошад, бухоршавӣ ҳамон қадар зиёд мешавад. Бод низ бухоршавиро афзун менамояд. Албатта, мушоҳида кардаед, ки ҳангоми вазидани боди суст ҳам кӯлмакҳо ва либос зуд хушк мешаванд. Ҳатто дар ҳавои хунуки зимистон ҳам об бухор мешавад. Инро аз хушк шудани либоси тар пай бурдан мумкин аст.

bugshavi

Бухори об ноаён ва аз ҳаво сабуктар аст. Он вақте аён мегардад, ки ҳаво хунук шавад ва зарраҳои ноаёни об ях карда, қатраҳои хурдтарини об туманро ба вуҷуд меорад. Масалан, шабонгаҳ баъди рӯзи софу гарм ҳангоми хунук шудани сатҳи Замин дар хамиҳо пардаи туман мехобад, дар болои алаф қатраҳои шабнамро мебинем. Зимистон, ҳангоми аз ҳад зиёд шудани сардй, дар дарахтон қирав пайдо мешавад (Дар дафтари ҳавосанҷӣ дар моҳҳои зимистон рӯзҳоеро ёбед, ки туман, қирав мушоҳида шудааст. Ҳаво аз ин рӯзҳо пештар чӣ хел буд ва он чй хел тағйир ёфт?).

Баҳорон, аввали тобистон дар натиҷаи тафсидани сатҳи Замин ҳавои гарми серрутубат боло баромада, дар баландии муайян хунук мешавад, абрҳои ғафси тӯдагй ҳосил мегарданд.

Миқдори буғи обе, ки 1 метри мукааби ҳаво дар ҳарорати муайян дар худ нигоҳ дошта метавонад, қобилияти намиғунҷоиши ҳаво номида мешавад. Қобилияти намиғунҷоиши 1 м3 ҳаво дар ҳароратҳои гуногун чунин аст:

–     10° C to 1 грамм об

–    5° C to 2 грамм об

–    0° C to 5 грамм об

+10° C to 9 грамм об

+20° C to 17 грамм об

+30° C to 30 грамм об

Ҳавои аз буғӣ об сер ва носер. Ҳангоми бухоршавй ҳаво обро ба миқдори номаҳдуд дар худ нигоҳ дошта наметавонад. Ин ҳад ба ҳарорати ҳаво вобаста аст. Масалан, 1 м3 ҳаво дар ҳарорати 20 м3 С го 17 г буғи об дошта метавонад. Ҳавоеро, ки бухори оби доштааш бештар онро ҷой дода наметавонад, буғи сер меноманд (Аз рӯи расми муайян кунед, ки барои бе бухори об сер шудани ҳаво ҳангоми тағйир ёфтани ҳарорат дар ҳар 10 дараҷа С аз – 20″ С то 30° С чанд грамм об даркор аст. Ин ифодаро ба охир расонед: ”Ҳар қадар ҳарорат баланд бошад ҳамон кадар…….”). Ҳавое, ки дар сатҳи гарм, вале хушк мавҷуд аст. одатан камтар бухори об дорад. Чунин ҳаворо ҳавои хушк) носер меноманд. Ҳангоми хунукшавии он об на ҳамеша ҷудо мешавад. Масалан, агар ҳарорати ҳаво 30 дараҷа С ва намӣ дар 1 м ҳамагӣ 16 г бошад, ҳангоми то 20″ С хунук шудан об ҷудо намешавад.

Агар ҳавои сер гарм шавад, ҳавои носер мегардад.

Инро баҳорон, вакте ки пагоҳирӯзӣ нурҳои Офтоб сатҳи Заминро гарм мекунанду қатраҳои шабнам, туман нест мешаванд, мушоҳида намудан мумкин аст (Аз рӯи расмм муқаррар кунед, ки 1 м мукааб ҳавои дар ҳарорати 10 дараҷа С сершуда дар зурати то 20 дараҷа С зиёд шудани ҳарорат чӣ қадар бухори об ғунҷонда метавонад?).

Рутубати ҳаво. Дар маълумоти обу ҳаво аз радио ва телевизион шумо мешунавед: рутубати ҳаво, масалан, 60%. Ин чӣ маъно дорад?

Рутубати ҳаво одатан ду хел мешавад: нисбӣ ва мутлақ. Рутубати нисбӣ дараҷаи аз бухори об сер шудани ҳаво мебошад. Яъне нисбати миқдори намии ҳаво ба он миқдоре, ки дар чунин ҳарорат дошта метавонад. Онро бо фоиз ифода мекунанд. Агар, масалан, ҳангоми 30″ С будани ҳарорат дар ҳаво танҳо 15 г об. яъне нисфи миқдори эҳтимолӣ бошад, он гоҳ рутубати нисбӣ ба 50% баробар аст. Рутубати тобистон рутубати нисбӣ, ҳатто 30- 20% мешавад. Рутубати нисбии ҳавои сер ба 1 00% баробар аст.

Дар айни вакт дар 1 метр мурабба ҳаво чанд грамм мавҷуд будани бухори обро рутубати мутлақ меноманд. Он бо грамм дар м мукааб (г/м ’) ифода карда мешавад.

Ҳаво табиатан аз бухори об аҳён-аҳён сер аст, вале хамеща ягон миқдори онро дорад. Дар ягон ҷои Замин 0 фоиз рутубати нисбӣ мушоҳида нашудааст.

Дар стансияҳои метеорологӣ рутубати ҳаво бо асбобн гигрометр (аз юнонӣ “гигро” рутубат), чен карда мешавад; ғайр аз ин асбоби худнависи гигрографро истифода мебаранд.

Абр ва туман. Ғуншавии қатраҳои об ё кристаллҳои майдаи яхро, ки аз сатҳи Замин хеле баланд мебошанд, ғайр меноманд. Агар ғуншавии қатраҳои об дар ҳаво ба вуҷуд ояд, онро туман меноманд. Сабаби асосии пайдоиши ҳам абр ва ҳам туман як аст: ҷудошавии қатраҳои об ҳангоми хунук шудани ҳавое, ки аз буҳори об сер аст. Дар ҳавои ҳарораташ аз 0” С паст абр аз кристаллхои майдаи ях иборат мебошад.

Абрҳо шаклҳои гуногун доранд, ки аз ҳолатҳои пайдоиш, баландӣ, бод вобаста аст (расмҳои 73 ва 74). Албатта, дидаед, ки абр шаклашро доим тағйир медиҳад.

Ҳама намудҳои абрро аз рӯи шакл ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд: абрҳои пармонанд, абрҳои ғафси тӯдагӣ ва абрҳои серқабат. Ҳар яки онҳо шаклҳои гуногун доранд.

Абрҳои пармонанд дар баландихои 6 км ва аз ин ҳам зиёд ҳосил мешаванд; ин абрҳо аз ҳама баланд буда, аз кристаллчаҳои ях иборатанд. Абрхои пармонандро рӯзи офтобй ҳам дар осмон дидан мумкин аст.

Абри ғафси тудагӣ қисми поёнаш аз сатҳи Замин 1-2 км баланд буда, қисми болояш то 6 км мерасад. Агар ҷараёни зӯри ҳавои гармшаванда зуд баланд шавад, он гоҳ абри ғафси тӯдагӣ дар баландй зуд калон ва доманаи он сиёҳ шуда, ба назар чунин мерасад, ки дарҳол борон меборад. Дар марзи Тоҷикистон аз ин абр баъзан борони сел меборад ва ин абрро абри тӯдагии боронӣ ё селборонӣ меноманд (Оё шумо дар маҳалатон чунин абрҳоро мушоҳида кардаед? Дар кадом фасли сол беабрирдидаед?).

Абри серқабат (қабат-қабат) одатан аз якчанд қабат иборат буда. дар баландии 2 6 км. ҳосил мешавад. Баъзан нн абрҳо тамоми осмонро пурра мепӯшонанд, ки ҳатто дар куҷо будани офтобро муайян кардан душвор аст. Ҳама навъҳои абр дар натиҷаи ҳаракати амудии ҳаво ба вуҷуд меоянд.

Аҳамияти абр калон аст. Абр ҳароратро дар қабати тропосфера аз ниҳоят хунук ва ниҳоят гармшавӣ нигоҳ медорад. Зимистон, агар ҳаво абрнок бошад, гармтар тобистон абрнок бошад, салқинтар мешавад (барои чй?).

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон мушоҳида кардаед, ки  абрҳо шаклашонро тағйир медиҳанд.

Дар стансияҳои метеорологи шакл ва баландии абрҳоро мушоҳида карда, дараҷаи абрнокиро муайян менамоянд. Чунин корро шумо ҳам карда метавонед. Чунончи агар осмон тамоман абрпӯш бошад, абрнокӣ 10 балл, нисфи он пӯшида бошад, 5 балл ва агар ҳаво соф бошад, абрнокӣ 0 балл аст.

Радифҳои метеорологӣ ва стаясияҳои мадорй дар бораи абрнокӣ ахбороти муҳим ва аниқ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ва аввали баҳор бештар дар водиҳо пайдо шудани туман мушоҳида карда мешавад. Туман дар вақти хунук будани сатҳи Замин ба вуҷуд меояд. Ҳавои болои он ҳам сард мешавад. Ҳаво, ки хунук шуд, бухори об ба туман табдил меёбад.

Барои дурусттар фаҳмидани ҳосилшавии абр ва туман чй тавр дар чойник чӯшидани обро мушоҳида намоед. Ҳавои гарм- аз ҷумаки чойник хориҷ шуда, ҳавои атрофашро низ гарм мекунад. Аз ҳамин сабаб бухор дида намешавад. Баьди он ки бухор аз ҷумаки чойник дуртар рафта, ҳарораташ андаке паст шуд, ба назар намоён мегардад.

Савол ва супориш

  1. 1. Тропосфера бештар аз куҷо бухори обро мегирад.
  2. Бухори об чӣ хосият дорад? Дар кадом шароит об аз ҳолати бухор ба ҳолати моеъ (ё кристаллҳои ях) ва баръакс мегузарад?
  3. Оё дар ҳарорати манфии зимистон об бухор мешавад? Аз мушоҳидаи худ нақл кунед. 4. Миқдори бухоря об дар ҳаво аз чй вобаста аст?
  4. Аз радио хабар доданд: ҳангоми 10°С будани ҳарорат рутубати нисбии ҳаво 50% аст. 1 м’ чунин ҳаво чанд грамм об дорад?
  5. Барои сер шудани он чй қадар об лозим аст?
  6. Сабаби асосии пайдоиши абр чист. Сабаб чист, ки шакли абр доимо тағйир меёбад?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …