Главная / Гуногун / БОИГАРИИ ЗАБОН ДАР ЧИСТ?

БОИГАРИИ ЗАБОН ДАР ЧИСТ?

 Бегохии рузи 14-ми майи с. 2009 чун банда  аз телевизиони «Чахоннамо» хабархои тоза мешунидам, якбора чавони зебое чор нафар олими забоншиноси маъруфи Точикистонро муаррифи кард. Эшон баробари лаб во намудан ба танкиди замони шурави гузаштанд, ки ин замон барои равнаку инкишофи забони точики имконият намедод. Бисёр олимони точик асархояшонро ба забони руси менавиштанд ва г. гайрахо.

  Чун барандаи чавон оромона савол дод, ки холо, яъне баъд аз Истиклолият ба даст овардан, вазъи забони точики чи хел шуд?

  Хамоно ин олимон ба сиёсатмадори гузоштанд.

  Бадбахтии баъзе аз зиёиёни мо аз он иборат аст, ки ба чойи хакикатро боз намудан ба сиёсатмадори мегузаранд. Шукри Худо имруз хама ба сиёсат сарфахм мераванд, вале мо чун хакикатро хаспуш намуда, бахудаву бехуда ба сиёсатмадори мегузарем, ин маънои ба чашми рохбарони давлати ва сиёси хок пошидан аст. Дуюмин бадбахтии аз хама авфнопазир фиреби халк ва гумрох намудани вай аст.

  Халки рус то соли 1861 дар холати хукуки крепостнои мезист. Ба кавли Плеханов: «Халки ришдарози бедин» буд. Равшанфикрони асри XIX рус ба чои тозиёна, ба даст калам гирифта, бо калам халки худро масхара карда мезаданд, то ки аз хоби гарон бедор кунанд. Дар натича, хамаги пас аз ним аср, ин халкро чахонгир карданд.

  Мо зидди он акидаи эшон нестем, ки «аксари  кулли олимони замони шурави корхои илмии хешро ба забони руси менавиштанд» мегуянд. Хатто илова мекунем, ки худи зиёиёни точик шахсеро, ки ба забони буррои руси харф зада наметавонист, уро «бесавод» мепиндоштанд.

  Дуруст аст, ки котиби генералии КМ хизби коммунисти Иттиходи Шурави Н.С. Хрушев гуфта буд: «Хар кадар забонхо тезтар бархам хуранд, хамон кадар мо тезтар ба коммунизм мерасем. («Асосхои фалсафаи марксисти-ленини»). Вале чун халки точик (агар хато накунам, соли 1964) 550-солагии Абдурахмони Чомиро чашн гирифтанд, дар ин чашн аз бисёр мамлакатхои чахон олимонро даъват намуда буданд. Маърузачии асоси, мархум М. Осими буданд. Матни баромадро ба забони руси тайёр карда буданд. Вале чун як руз пеш аз чаласа намояндаи КМ хизби коммунисти Иттиходи Шурави, аз ин огох шудааст, хамоно котеъона талаб кардааст, ки маърузачи бояд бо забони точики баромад кунад. Хамоно бо супориши КМ хизби коммунисти Точикистон матни маърузаро ба тарчумонхо таксим карда, ба забони точики гардониданд. Банда, ки ба хайси чонишини сармухаррири радиошунавони ба забонхои хоричи кор мекардам, 10 сахифа ба мо хам супориданд, ки онро ба зудди ба точики гардонем. Мо онро ба ду таксим карда ба тарчумонхои номи М. Туроби ва С. Богиров супоридем, ки тарчума кунанд. Хулоса хеч гох забони точики ба мисли чашни Чоми ин кадар бо салобат танинандоз нагардида буд. Хамаи олимони хоричи бо забони ба хар як одами оддии точик фахмо нутк мекарданд. Вале бадбахти он аст, ки худи мо хамон вакт хам ноухдабаро будем. Мошинаи овозсабткунии «Томвагин» дар дасти рафикони рус буд. Ман талаб кардам, ки овози хамаи баромадкунандахоро ба навор сабт кунанд. Накарданд. Ба раиси кумитаи радио  ва телевизиони Точикистон хабар додам. Вале ин шахси тасодуфи ба фиреби рафикони техники гуш карда, ба ман дарафтод, ва бо ин ба кори начиби таърихи монеъ шуд.

  Вале бо вучуди хамаи ин ноухдабароихои мо забони точикии даврони шурави як забони ширини барои тамоми халки точик ягона ва фахмо гардида буд. Вай аз хисоби мафхуму калимахое, ки дар натичаи тараккиёти илму техника, дар байни ин ва ё он халки дигар пайдо  мешуд, бой мегардид. Конуни забон чунин аст, ки ин ва ё он мафхум ё калима дар натичаи тараккиёти илму техникаи ин ва ё он халки тараккикарда, пайдо мешавад ва он мафхум ватани пайдоши худро дорад. Ва бечуну чаро мо онро бояд кабул кунед. Ичборан онро точикигардони кардан, калимасози намудан, ин хама, ба вайрон кардани конуни забон ва фалсафаи вай бурда мерасонад.

  Инак ба таърих ру меорем: Кабл аз ба вучуд омадани Империяи умумичахонии Хахоманиш, яъне 2700 сол мукаддам, осурихо барои начот ёфтан аз таъсири забони орами (Ерамия) ин халки мехнатиро бо зури ба хар тараф-яъне ба хар як шахру нохияхои мухталиф ба таври зури пароканда карданд. Осурихо бо ин амали худ осуда гардиданд, ки забони ин халк дар байни халкхои дигар махлут гардида, бо хамин забони ин халк хам нест шуда меравад. Вале ин халки мехнати бо захмату хунари бепоёни худ, баракс дар байни халкхои минтакаи Бахрайннахрайн эътибор пайдо карда, таъсири забонашон забонхои дигарро пахш карда, аз сахнаи таърих баровард. Хатто забони Форсии Кадим, ки асли баромадаш аз забони Ёфати аст, хахоманишхоро мачбур сохт, ки забони орамиро дар катори забони Форсии Кадими худ кабул кунанд. Вале чун усули давлатдории прогрессивии хахоманишхо хамаро фаро гирифта, рохи бозори умумичахониро  боз намуд ва чунин давлатдори карданд, ки ба кавли Херодот дар роххои корвонгарди савдогарон аз Осиёи Маркази то Чину Хинд ва аз он тараф то ба Мисру Бобулистон дар арзи зиёда аз 200 сол як бор хам ходисаи рохзани дар байни ин роххои дуру дароз ба кайд гирифта нашудааст, зеро тамоми роххоро сарбозхои Форс дар зери назорати чидди гирифта буданд.

  Рохи тараккиёт, робитаи озоди молу амволи тичорати, хулоса ташкил намудани бозори чахони бо намоишгоххояш, дар хар як мамлакат соле як бор ташкил намудани намоишгох-забони Форсии Кадимро хамчун забони хукмрони даврони Хахоманиш, дар байни халкхои гуногуни чахон чун забони ягона, бисёр халкхо – чи аз кабили юнониву мисри ва чи Бобулистону Сурия ин забонро хамчун забони ягонаи Форсии Кадим пазируфтанд.

Ва дар баробари хамин халкхои дигар хам забони худро  аз хисоби калимахои форси инкишоф медоданд. Вале бо ин, забони худро аз хисоби калимаву мафхумхои дигар халк бой кардан – ягон забон сохти грамматикии худро аз даст надодааст.

Херодот ба тарзи шахрдории форсхо дар Бобулистон, тарзи либоспушии чавонон-бо нишонахои махсус, хонадоршавии онхо ва тартибу, назорати бозор коил шуда, мегуяд, ки рузе нест, ки чандсад одами сугди ба Бобулистон пайдо шуда ва рузи дигар иваз мешаванд.

  Сарлашкархои юнони дар тули чандин дахсолахо ба артеши форсхо ки аз панч округи харбии микдоран аз 800 хазор сарбоз иборат буд, хизмат карда, хам тачрибаи чанги меомухтанд  ва хам бо забони форси ба хуби гуфтугу мекарданд ба гайр аз ин, онхо «харита»-и Осиёи Миёнаро ба мисли панч ангушти дасти худ медонистанд. Аз ин лихоз, яке аз сабабхои ба тези ба сари кудрат омадани Искандари Макдуни хам аз хамин иборат аст. Ва пас аз хамаги ним аср аз нав ба чойи хукмронии юнониён ба тахту точи подшохи сохиб шудани пахлавихои аслу насабашон аз пахлавонони Самарканду Бухоро ва Истаравшану Бохтар буд, ба зудди чойи забони Форсии кадимро забони Форсии Миёна гирифт, ки инро забони «пахлави» хам мегуянд.

  Барои чи забони «пахлави» мегуянд?

  Хати пахлави дар Осиёи Миёна хануз то аз тарафи пахлавихо аз нав ба даст даровардани вилоятхои форсию Бахрайннахрайн мавриди истифода карор гирифта буд,  се намуд дошт: 1. Модию (мидийцы) пахлави (гарби ва ё калдонию пахлави), дар тангахои пахлавихои охирин ва сосониёни нихоят кадим дучор меоянд. 2. Форси ва ё сосонию пахлави, ки дар тангаву мухр ва накрасанги сосониён дучор меояд. 3. Хатти нави пахлави ва ё хати пахлавие, ки китоби Авесто ва китобхои дигари ба Авесто пайвасташудаи форсхо бо он тарчума шудаанд. Ин намуди охирини хати пахлави хамчунин номи гузариш (huzvarish)-ро дорад. Он такрибан 500 калимаву шаклхои орами (чонишинхо, пешояндхои махсусан истифодашаванда, шумора ва шаклхои дигарро, ки бештар истифода мешаванд, дар бар мегирифт). Забони форси, яъне шакли деринаи забони пахлави, шакли гузариш ба забони Форсии Нав мебошад ва забони Форсии Нав дар хат тамоман аз бахри унсурхои орами баромадааст. Билохира аз хамин забони форсии нав – забони точики сабзида баромад, ки олими асри XIX рус А. Шепотев менависад: «Забони нави форси (забони точики – И. У) аз забонхои турки ва араби ба кулли фарк мекунад, он забони зебо ва бой ба хисоб рафта, дар Осиё бештар пахи гардидааст». (Ниг. Иброхим Умарзода, Таърихи тамаддуни Ориён. Д. – 2006. с. 91-93).

  Барои чи забони сосони мегуянд? Магар ин як забони алохидаи форси аст?

Барои ба ин савол чавоб додан мо бояд андаке хам бошад ба таърихи Сосониён ру оварем. Дар акси хол мо сабабхояшро фахмида наметавонем.

  Чанги дурударози Рим бо Шарк дар охири асри дуюми милоди нав хомуш шуда буд. Пахлавиён ба чангчуии римиён нигох накарда чандин карат ба онхо ёрии иктисодию модди ва хатто дар чанги онхо ба мукобили Сурия ва Осиёи Хурд хам дасти ёри дароз карда буданд, Вале римихо аз ин натича набардоштанд. Марк Аврели Философ ба мукобили пахлавихо аз нав оташи чангро афрухт ва ин чанг бетанаффус 60 сол идома ёфта бо галабаи Артабони V (Пахлави) анчом пазируфт. Рим дар симои император Элагабал на факат аз талаби худ нисбати Арманистон ва Бахрайннахрайн даст кашид, балки 5 миллион динор товони чангро хам дод. Вале чанги дурудароз беасар намонд. Феодалхои пахлавиён хангоми дар хорича будани Артабони V дар чануби мамлакат бо сардории Ардашер шуриш бардоштанд ва хокимияти Пахлавиёнро  сарозер намуда, сулолаи Сосониёнро ба сари кудрат оварданд, ки аз соли 224 то соли 651 –и милоди, яъне то баркарор гардидани дини Ислом хукмрони намуданд. Дар чанги дохилии форсхо на аз тарафи Пахлавиён ва на аз тарафи Сосониён ба хунрезии зиёд рох дода нашуд. Факат як сулола чои худро ба сулолаи дигари форси дод.

Забони сосониён идомаи хамон забони форсии миёна, ки пахлавихо чори карда буданд, карор гирифт. Факат хамин кадар аст, ки дар замони Сосониён забони форсии миёна бидуни истифодабарии калимахои орами ва юнони амал кард, зеро пахлавихо 200 – соли охир бо тозакунии забон машгул шуда буданд. Жуковский дар яке аз маколахояш бо унвони «Предварительные заметки» менависад:

  «Ин забон ба монанди занд ва ё форсии кадим на синтетики, балки мисли забонхои романии аз забони лотини бо грамматикаи содда кардашуда бе пасояндхои падежи, бе шаклхои фарккунандаи чинсхои мардона ва занона, бо дар фелхо бартари доштани шаклхои таркиби ва гайра инкишоф ёфта, тахлили мебошад. Умуман забони пахлави мувофики сохти грамматики кариб ба забони форсии нав шабохат дорад».

  Ба инкишофи забони пахлави, дар замони Сосониён, ахолии тахчоии ориёи, ворисони Ориёни бостони роли калон бозиданд. Ба шарофати онхо сохтори миллии мардуми форсизабон муайян карда шуд. Таркиби давлати Сосониёнро дар баробари мардуми Хуросону Мовароуннахр ва Эрони чанубию Арманистон, боз сомихои бо орами гуфтугукунанда, юнониён, арабхо ва дигар халкхо ташкил менамуданд.

  Вале забони Форсии Нав аз гахвора набаромада хомуш гардид. Пас аз ба вучуд омадани дини мубини Ислом, аз тарафи арабхои бодиянишин, хам хуруфоти форси, хам санъати рассоми ва хам адабиёту раксу суруд манъ карда шуданд. Ин аз он сабаб рух дод, ки дини Ислом ба сахнаи чахони набаромада Мухаммад (а) аз олам гузашт ва хануз фурсати тархрезии ин масъалахо нарасида буд. Вале аз холи Мухаммад (а) маълум буд, ки Пайгамбари Худо  ба хамаи масъалахо аз фаризаи Офаридагор берун намерафт.

  Фалсафа дар худуди империяи Форс хеле таракки карда, дар замони сосониён шахри Мадоин ватани хакимони чахон гардида буд. Ин аз он сабаб аст, ки таълими фалсафа дар Рим дар асоси карори Юстиниани Аввал аз соли 529 манъ карда шуда, худи файласуфхои навафлотуни таъкиб карда мешуданд. Даматский бо шогирдонаш аз Афина ба империяи Форс омаданд. Дар Афина инчунин Академияи файласуфхо вучуд дошт, ки он хам дар асоси хамон карори соли 529 милоди баста шуда буд, аз ин чихат файласуфхо ба империяи Форс омада буданд. Аз ин лихоз Анушервони Одил масъала гузошт ва дар асоси талаби у Ахднома бастанд, ки аз соли 549 шарти пурра таъмин намудани бехатарии файласуфхо ва дар каламрави империяи Шаркии Рим – Румиё (Византия) имконияти озодона амал кардани онхо рох дода шавад.

Пас аз марги Мухаммад (а) хукамои араб дар як давраи хеле кутох хамаи дархои тамаддуни бостонии Шаркро бастанд. Вале дере нагузашта ба шарофати Имоми Аъзам барин ашхоси баруманд ба дунё омада, ба маънидод кардани Курон даст заданд ва кор ба дарачае расид, тамоми китобхое, ки чи дар чодаи илми дакик ва чи дар чодаи хикмат дар мамолики чахон эчод шудаанд, ба забони араби тарчума кунанд. Акнун забони Форсии Нав аз нав эхё гардид. Вале дар натичаи таъсири забони араби ба забони Форсии Нав – точики ин кадар калимахои араби дохил шудаанд, ки дар тамоми рафти таърихи зиёда аз панчхазорсолаи Форсии Кадими ёфати дохил нашуда буданд. Захираи лугавии забони точики бой гардид, аммо сохти грамматикии забони Форсии Нав – точики хамон тавре ки буд, боки монд. Забони Форсии Нав боз хам забони шевоу дилпазиртар гардид.

  Вазъи забони точики пас аз истиклолият чи хел шуд?

  1. Истиклолият саддарсад барои хукмронии забони точики дархоро боз карда, забони точикиро забони давлати – яъне умумихалки эълон кард.
  2. Дар чодаи фарханги забони точики китобхои ба назар тамоёни кобили кабул чоп карда шуданд.

Ин бори дигар ба субут мерасонад, ки дар чодаи забоншиноси олимони баруманду фозил  хастанд. Вале дар забони муосири точики ягонагии миллии забон, яъне хамаи мардум дар муоширати худ ба як забон – забони адабии точик чун замони шурави итоаткор бощанд, ин дида намешавад.

Дуруст аст, ки дар замони шурави барои муттахидии нохияхои мухталифи Точикистон эътибор намедоданд. На ин, ки муттахидии нохияхо, балки муттахидии халки ягонаи точик дар амал вучуд надошт. Як халки дар он вакт кучаки точик ба чандин шеваи забони точики гуфтугу мекарданд. Махз хамин забони шевагии мардуми точик сабаб шуд, ки сари бисёр чавонони бегунохро хуранд. Ду гурухи ба хам зид, ки барои ба сари кудрат омадан одамкуши мекарданд, бештар барои онхо далели асоси хамин лахчаи забони буд. Ин рафтори гайриинсони ва гайридинии онхо нишон дод, ки максади онхо на чомеъаи инсони бунёд кардан, балки ба дасти халки точик завлона ва ба пояш кишан задан будааст.

Рузе ба ман як шахси точик  гуфт: – ман чи аблахи карда, пас аз хатми мактаби миёна, дар назди интернат, ному насакамро дигар кардам. Сад бор бехтар набуд, ки ман худро ба ягон миллати дигар мансуб медонистам.

Ин як чинояти авфнопазир аст, ки дар натичаи сиёсияти хукуматдорони лухтакмонанди замони шурави ба мо мерос мондааст. Онхо натавонистанд халкро муттахид карда, ба рохи дуруст хидоят кунанд. Вале афсус, ки ин моли меросии гузаштагони мо пас аз истиклолияти мамлакат боз реша медавонад. Ин дафъа бе тарсу бим.

Он чо равам, ки гардун болои сар набошад.

Афсус метавон хурд, чои дигар набошад.

  Гайр аз ин, як ананаи гайри кобили кабул дар байни зиёини точик расм шудааст, ки чун ба Эрон ё ягон мамлакати хамзабони мо мераванд, хатман ба Точикистон ягон калимаи «нав» хамчун савготи ба зиёиёни точик мебиёранд. Ин калима ё мафхум, ки харгиз дар таърихи забони точик набуд, ба зудди чори мешавад ва олимони «баруманди» точик дар ягон чамъомади илми шарм накарда хар як баромадкунанда то дах бори ин калимаро иброз медоранд.

  Рузе як муаллим накли ачибе кард: «Чаноби Анвари ба Эрон рафта, рафики деринаашонро сурог мекунанд. Дар ин вакт ронандаи рафикашон пайдо шуда мегуяд:

  – Тайи як хафта аст, ки маризанд.

  – А…а, чи гуфтед, чи гуфтед, такрор кунед?

  – Тайи хафт руз аст, ки маризанд.

  – А…а таби ё тайи? Такрор кунед, чи гуфтед?

  – Ай бобо, ман ки чизе нагуфтам. Маризанд!

  – На-на… тай… тайи… а тайи, тайи»

  Ва ин олими баруманди точик ин калимаи «тайи»-ро барои олимони мо хамчун тухфа оварданд. Имруз ин анана ба авчи аъло расидааст. Акнун калима не, балки баъзе аз олимони унвондор ба Эрон рафта магзобахои эчодии эрониёнро мебиёранду бо унвони тамаддуни ориён, бо муковахои зебо китобат карда, чоп хам мекунанд. Хатто худашон ба мазнуни иктибосашон сарфахм нарафтаанд, ки вай чи маъни дорад. Зидди таърихи халки точик аст ё не?!

  Эй дод аз дасти акл, фарёд аз дасти унвонхои олию каллахои холи

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …