Главная / Илм / БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

imagesБЕРЁЗКИН Николай Фёдорович (1898, ш. Маскав – 1958, ш. Душанбе), чаррох, доктори илми тиб (1942), проф. (1947), узви вобастаи АИ ЧШС Точикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми ЧШС Точикистон (1951). С. 1921 факултаи тиббии Донишгохи давлатии Маскавро ба итмом расонда, хамчун чаррох дар беморхонахои Маскав кор кардааст. С.-хои 1932 – 1935 ординатори калони госпитали харбии Маскав, 1936 – 1941 ассинтенти Донишкадаи сеюми тиббии Маскав, 1941 – 1945 сарчаррохи беморхонаи Улан-Батор (Мугулистон) буд. Аз с. 1945 то поёни умр мудирии кафедраи чаррохии умумии Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Синоро ба зимма дошт. Доираи тадкикоти илмиаш доманадор буда, оид ба бахшхои мухталифи чаррохии умуми, аз чумла пайдоишу инкишофи пневмонияи баъди чаррохи, тармими пуст, илтихоби кирмруда ва г. кариб 70 асару макола, дастуру тавсияномахо навиштааст.
Ос.: О патогенезе и этиологии послеоперационных пневмонии, Сталинабад, 1946; Пластика кожи на конечностях, Сталинабад, 1947; К характеристике хирургических заболеваний в Таджикистане, Сталинабад, 1948; Апоректальная венерическая лимфогранулома, Сталинабад, 1949; Общая хирургическая техника, Сталинабад, 1953.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …