Главная / Илм / БЕМОРИИ ШУОЪи

БЕМОРИИ ШУОЪи

radiationБЕМОРИИ ШУОЪи (Morbus radiationis), иллатест, ки дар натичаи ба организм таъсир расонидани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо пайдо мешавад. Б. ш. хангоми шуоъхурии берунии тамоми организм ё кисми зиёди он, инчунин аз шуоъхурии дохили (ба воситаи роххои нафас ё бо обу хуроки захролуд ба организм ворид гардидани моддахои радиоактив) авч мегирад. Моддахои радиоактив дар бофтаю узвхои организм гун шуда, ба манбаи доимии шуоъхури табдил меёбанд.
Б. ш. шадид аз музмин мешавад. Б. ш.-и шадид аз таъсири афканишоти ионзои яккарата ё пай дар пайи вояаш аз хад зиёд, Б. ш-и музмин дар натичаи шуоъхурии вояаш ками дарозмуддат (дар давоми чандин моху солхо) ба вучуд меояд. Б. ш.-и шадид дар давраи чанг хангоми аслихаи атоми (ядрои)-ро истифода бурдани душман, дар замони осоишта бошад, аз садама ва фалокати ногахони дар корхонахои саноати атом, неругоххои атоми ё муассисахои тадкикоти илми руй медихад. Б. ш.-и музмин бинобар вайрон кардани коидахои мухофизати мехнат ва техникаи бехатари дар истехсолот, муасиссахои тибби ва тадкикоти илми ба вучуд меояд.
Нишонахои клиникии Б. ш. ба хусусияти шуъохури (умуми, чузъи, беруни, даруни), воя ва муддати пахн гаштани он вобаста аст. Барои хама намудхои Б. ш. ихтилоли кори тамоми узвхо хос аст. Дар аснои Б. ш. силсилаи асабхои маркази, узвхои хунофар ва хунгард, меъдаю руда иллат ёфта, организм пурра захролуд мегардад,аз ин сабаб бехоли, дарди сар, бедорхоби, бехузурии дил ва г. ба амал меояд.
Чараёни Б. ш.-и шадид аксар вакт чор давраро дарбар мегирад: таассури аввалин, давраи нихони, авчи бемори, давраи охирин ё офиятёби. Дар давраи таассури аввалин, ки он баъди шуоъхури фавран пайдо мешавад, бемор пурхаячон ё баръакс, рухафтода аст; бехоли, бехоби, чарх задани сар, бехузурии дил, дар холатхои вазнин кай ва исхол ба амал меоянд; иштихо мебандад. Дар холатхои нихоят вазнин бемор муддате аз хуш меравад, набз ноустувор ва фишори шараён номуътадил мегардад. Тахлили хун тагйироти хоси лейкоситхоро ошкор месозад. Хамаи ин аломатхо баъди чанд соат бартараф шуда, давраи дуюми бемори (давраи нихони) огоз меёбад, ки ба он бехтар шудани холати умумии бемор хос аст. Вале ба бехбудии зохири нигох накарда, бемори авч мегирад ва баъди чанд муддат (аз чанд руз то 2 – 3 хафта) ба давраи сеюм мегузарад. Б. ш. хар кадар вазнин бошад, давраи нихони хамон кадар кутох (чанд соат) мешавад. Дар давраи авчи бемори ахволи бемор якбора бад шуда, таб мекунад, кай ва исхол (бештар исхоли хунолуд) ба амал меояд; аз милки дандон ва диг. пардахои луоби хун меравад, захм пайдо мешавад; дар зери пуст баъзе рагхои хун мекафад; баъди 2 – 3 хафта муй мерезад. Камхуни ва ихтилоли асабхо шиддат ёфта, мукобалати организм ба беморихои сирояти суст мегардад. Хангоми муътадил гузаштани Б. ш. ва саривакт табобат кардани он, давраи охирин – давраи шифо огоз меёбад. Холати бемор тадричан бехтар гашта, аломатхои ихтилоли фаъолияти асаб тадричан бархам мехуранд, таркиби хун муътадил мегардад. Баъзе одамоне, ки Б. ш.-и шадидро паси сар кардаанд, таъсири онро дар камкуввати, хастаги ва дарди сар хис мекунанд; онхо ба анемия ва беморихои сирояти гирифтор мешаванд.
Б. ш.-и музмин дар муддати солхо ба вучуд меояд. Хотима ёфтани шуъохури баъзан холати беморро хатто бидуни табобати махсус хеле бех мегардонад. Шуоъхурии бардавом боиси авч ёфтани бемори мегардад. Бинобар ин ба муоличаи Б. ш.-и музмин хамон вакт шуруъ мекунанд, ки бемор аз манбаи афканишоти ионзо дур карда шавад.
Бо максади пешгирии Б. ш. бояд одамоне, ки дар худуди таъсири манбаи афканишоти ионзо кор мекунанд, мухофизат карда шаванд; инчунин аз таъсири зарарнок ва барзиёди афканишот хифз намудани патсиентони кабинетхои радиологи ва рентгенологи низ мухим аст. Риояи коидахои техникаи бехатари, мухофизати мехнат ва талаботи гигиенаи радиатсиони аз чониби муассисахои тандурусти катъи назорат карда мешавад.
Шахсоне, ки ба манбаи афканишоти ионзо сарукор доранд, пеш аз ба кор даромадан ва минбаъд аз муоинаи махсус мегузаранд. Барои онхо рузи кории кутох, рухсатии дарозмуддат ва маоши иловаги мукаррар карда мешавад. Хангоми бо изотопхои радиоактив кор кардан, пушидани либоси махсус (никоб, хилъат, корчома, дастпушак ва г.) зарур аст.
Дар утокхои рентгени тачхизоти махсуси мухофиз мавчуданд, ки кормандон ва беморонро аз таъсири зарарноки шуоъхои рентгени хифз намуда, имкон медиханд, ки онхо дар хадди камтарини шуъохури борхо аз муоина гузашта, гирифтори Б. ш. нашаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …