БЕМОРИХОИ ЗуХРАВи (Morbi venerisi), беморихои чимои, беморихои сироятие, ки аз руи аломатхои интиколи ангезанда (бештар тавассути узвхои таносул) ба як гурух муттахид шудааанд. Б.з. сифилис, сузок, оташак, трихомоноз, ВИЧ/СПИД, гепатитхои вируси, лимфогранулемаи кадкашак, гранулемаи зухрави ва г.-ро дарбар мегиранд.
Б.з. аз даврахои кадим маълуманд. Маълумоти аввалин оид ба чунин амроз 2500 сол мукаддам вучуд доштанд; нишонахои сузок дар асархои табибони барчастаи атика Букрот (а. 4 то м.), А. Селс (а. 1 м.), Чолинус (а. 2 м.) тасвир ёфтаанд. Дар а. 1 м. дар Рими Кадим беморие пахн шуда буд, ки аз руи ориза ва нишонахои клиники ба сузок монанди дошт. Табибони араб ва аврупои сузок ва оризахои онро муфассал тасвир карда, дар айни хол роххои табобати онхоро низ баён намудаанд. С. 1162 ускуфи Винчестер ба занони фохишахонахои Лондон, ки «бемориашон бо сузиш» мегузашт, хамхоба шудан бо мардонро манъ кард. С. 1347 маликаи Ситсилия Иоаннаи I муоинаи хатмии занхои фохишахонахоро чори намуд. Дар ох. а. 15 ва ибт. а. 16 сифлис дар Европа хеле пахн гардид; аз руи акидаи аксари мухаккикон онро бахрнавардони Х. Колумб аз Америка оварда буданд. Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки сифлис дар Европа дар замонхои пеш хам вучуд дошт, вале он пахн нагашта буд; тахмин мекунанд, ки онро аз китъаи Африка овардаанд. Масъалаи пайдоиши сифлис то хол хал нашудааст.
Чустучуи ангезандаи Б. з. то ох. а. 19 бенатича монд. Бисёр олимон Б. з.-ро шаклхои гуногуни як бемори мепиндоштанд. С. 1879 венерологи немис А. Нейсер ангезандаи сузок, с. 1889 венерологи италяви П. Феррари батсиллаи оташак, с.1905 олимони немис Ф. Шаудин ва Е. Гоффман ангезандаи сифилис (трепонемаи сафедча)-ро кашф намуданд. Чустучуи усулхои босамар ва илман асосоноки ташхис, табобат ва пешгирии Б. з. аз хамон вакт сар шуд. Хусусан кашфи антибиотикхо барои муоличаи Б. з. ахамияти калон дошт.
Бо вучуди комиёбихои назарраси венерологияи муосир ва муборизаи зидди Б. з. ин беморихо то имруз дар хама чо пахн шуда, яке аз проблемахои мухими ичтимоию ахлокии замони хозира гаштаанд. Б. з. барои саломатии бемор ва чамъият хатарнок мебошанд. Онхо зуд пахн шуда, ба насл таъсир мерасонанд. Чараёни Б. з. (хусусан сифилис ва сузок) хангоми нодуруст молича кардан музмин гашта, беморро ба муддати дароз аз мехнат бозмедорад, бисёр вакт маъюб мегардонад. Худмуоличаи Б. з. ё мурочиат кардан ба шахсоне, ки маълумоти тибби надоранд, билкул нораво ва хатарнок аст. Бисёр беморихои занона окибати сузоки табобатнаёфта ё нимкора табобатшуда мебошанд. Бенаслии занон ва мардон аксар натичаи сузок ё оризаи он аст. Агар шахси ба сифлис гирифтор муоличаро пурра нагузарад, окибати бемори вазнин мегардад. Дар кишвархое, ки сифлис багоят вусъат ёфтааст, он яке аз сабабхои асосии фавти ахоли буда, аз насл ба насл мегузарад, кудакони нокис таваллуд меёбанд. Б. з. боиси нобинои (аз сузок) ва карии модарзоди (аз сифлис) гашта, дар натича кудакон гунг мешаванд. Аз бемуолича мондан ё нимкора табобат кардани сифлис, силсилаи асабхои маркази сахт зиён мебинад.
Комёбихои тибби хозира имкон медиханд, ки Б. з. муолича шаванд. Ин кор дар сурате натичаи дилхох ба бор меорад, ки агар мариз саривакт ба духтури диспансери беморихои пуст ва зухрави мурочиат карда, тавсияхои уро оид ба табобат ва низоми хатми ичро бинмояд.
Сабаби асосии густариш ёфтани Б. з. алокаи чинсии бетартиб аст. Падару модар ва рафикон дар тарбияи чинсии кудак мавкеи мухим доранд. Б. з. бештар дар байни чавононе вомехурад, ки волидайнашон нисбат ба хамдигар бевафои мекунанд, ба тарбияи кудакон диккати зарури намедиханд.
Майзадаги хам яке аз сабабхои асосии бадахлокии чинси мебошад. Масти ба алокаи чинсии тасодуфи рох мекушояд, одамро ба зохир намудани рафтори бехаёона водор месозад, оиларо вайрон мекунад.
Ба мучомиати бенизом бештар ноболигон ва одамоне, ки коидахои ахлоки умумиро риоя намекунанд, майл доранд. Бо дилхуши гузаронидани вакт максади ягонаи ин гуна касон ва алокаи чинси барои онхо шарти зарури ва дилхох аст; онхо чи будани мухаббатро намедонанд. Чунин шахватпарасти басо хавфнок буда, нафакат боиси бадахлокии чавонон мегардад, балки ба саломати низ осеб мерасонад. Дар чунин холатхо неврози шахватпарасти инкишоф меёбад, ки анчоми он тахрифи шахвони ё хези (импотенсия) мебошад.
Алокаи чинсии бармахал ва бетартиб, ки боиси Б. з. мегардад, ба ходисаи акселератсия марбут дониста мешавад. Барои он ки дар наврасон хисси шахват бармахал пайдо нагардад, онхоро бо василахои гуногуни истирохати мадани, хусусан ба корхои чамъияти, спорт, рассоми, мусики ва театр чалб намудан ахамияти калон дорад. Падару модарон бояд ба хар рох фарзандонашонро ба фаъолияти чамъияти хавасманд карда, дар айни хол бедор шудани хисси аввалини онхоро, ки оханги романтики дорад, дастгири намоянд (ниг. Тарбияи чинси, Синни навраси).
Дар чумхури барои бархам додани Б. з. тадбирхои махсуси тибби меандешанд. Ба тарбияи чинси ва ахлокии чавонон диккати чидди дода мешавад. Онхоро ба корхои чамъияти, мас, ба спорт, санъат ва диг. навъхои истирохати мадани чалб мекунанд. Ба мустахкам намудани муносибатхои оилави ва тарбияи оила эътибори зарури медиханд.
Тадбирхои тибби дар баробари гузаронидани корхои судманди маорифи санитари ва табобати бармахали беморон, ба пешгирии Б. з. низ нигаронида шудаанд. Дар чумхури шабакаи васеи диспансерхои беморихои пуст ва чимои мавчуданд, ки ба воситахои хозираи пешгири ва ташхису табобат мучаххаз мебошанд. Онхо беморонро ба кайд гирифта, хатман табобат ва манбаъхои бемориро ошкор мекунанд (факат баъди пурра сихат шудан, онхоро аз кайд мебароранд). Сирри беморонеро, ки барои муолича ё пешгирии Б. з. ба духтур мурочиат намудаанд, ошкор намесозанд (номи бемориро дар варакаи бемори наменависанд). Вале агар рафтори бемор ба атрофиён хавфнок бошад ва у тавсияхои духтурро ичро накунад ё аз табобат сар кашад, дар он сурат ин шарт риоя карда намешавад. Дар конунгузории чинояти барои ошкоро пахн кардани Б. з. чазо пешбини шудааст. Мас., мувофики моддаи 126 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (сироят кардан ба касалии зухрави) агар шахс ба беморихои зухрави гирифтор буданашро дониста бемориашро ба шахси дигар гузаронад, «Бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад маоши хадди акал ё корхои ислохи ба муддати аз як то ду сол чазо дода мешавад. Хамин кирдор агар нисбати ду ва зиёда ашхос, нисбати шахси баръало ноболиг содир шуда бошад, бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафсад маоши хадди акал ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад».
Ад.: Зоиров П.Т., Сифилис, Д., 1998; Хамон муаллиф, Синдромы и симптомы в дермато-венерологии, Д., 2002; Хамон муаллиф, Венерические болезни, Д., 2005; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
П.Т. Зоиров.