Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ ЗӯҲРАВӣ

БЕМОРИҲОИ ЗӯҲРАВӣ

bemorii-zuhraviБЕМОРИҲОИ ЗӯҲРАВӣ (Morbi venerisi), бемориҳои ҷимоӣ, бемориҳои сироятие, ки аз рӯи аломатҳои интиқоли ангезанда (бештар тавассути узвҳои таносул) ба як гурӯҳ муттаҳид шудааанд. Б.з. сифилис, сӯзок, оташак, трихомоноз, ВИЧ/СПИД, гепатитҳои вирусӣ, лимфогранулемаи қадкашак, гранулемаи зӯҳравӣ ва ғ.-ро дарбар мегиранд.
Б.з. аз давраҳои қадим маълуманд. Маълумоти аввалин оид ба чунин амроз 2500 сол муқаддам вуҷуд доштанд; нишонаҳои сӯзок дар асарҳои табибони барҷастаи атиқа Буқрот (а. 4 то м.), А. Селс (а. 1 м.), Ҷолинус (а. 2 м.) тасвир ёфтаанд. Дар а. 1 м. дар Рими Қадим беморие паҳн шуда буд, ки аз рӯи ориза ва нишонаҳои клиникӣ ба сӯзок монандӣ дошт. Табибони араб ва аврупоӣ сӯзок ва оризаҳои онро муфассал тасвир карда, дар айни ҳол роҳҳои табобати онҳоро низ баён намудаанд. С. 1162 усқуфи Винчестер ба занони фоҳишахонаҳои Лондон, ки «бемориашон бо сӯзиш» мегузашт, ҳамхоба шудан бо мардонро манъ кард. С. 1347 маликаи Ситсилия Иоаннаи I муоинаи ҳатмии занҳои фоҳишахонаҳоро ҷорӣ намуд. Дар ох. а. 15 ва ибт. а. 16 сифлис дар Европа хеле паҳн гардид; аз рӯи ақидаи аксари муҳаққиқон онро баҳрнавардони Х. Колумб аз Америка оварда буданд. Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки сифлис дар Европа дар замонҳои пеш ҳам вуҷуд дошт, вале он паҳн нагашта буд; тахмин мекунанд, ки онро аз қитъаи Африка овардаанд. Масъалаи пайдоиши сифлис то ҳол ҳал нашудааст.
Ҷустуҷӯи ангезандаи Б. з. то ох. а. 19 бенатиҷа монд. Бисёр олимон Б. з.-ро шаклҳои гуногуни як беморӣ мепиндоштанд. С. 1879 венерологи немис А. Нейсер ангезандаи сӯзок, с. 1889 венерологи италявӣ П. Феррари батсиллаи оташак, с.1905 олимони немис Ф. Шаудин ва Е. Гоффман ангезандаи сифилис (трепонемаи сафедча)-ро кашф намуданд. Ҷустуҷӯи усулҳои босамар ва илман асосоноки ташхис, табобат ва пешгирии Б. з. аз ҳамон вақт сар шуд. Хусусан кашфи антибиотикҳо барои муолиҷаи Б. з. аҳамияти калон дошт.
Бо вуҷуди комиёбиҳои назарраси венерологияи муосир ва муборизаи зидди Б. з. ин бемориҳо то имрӯз дар ҳама ҷо паҳн шуда, яке аз проблемаҳои муҳими иҷтимоию ахлоқии замони ҳозира гаштаанд. Б. з. барои саломатии бемор ва ҷамъият хатарнок мебошанд. Онҳо зуд паҳн шуда, ба насл таъсир мерасонанд. Ҷараёни Б. з. (хусусан сифилис ва сӯзок) ҳангоми нодуруст молиҷа кардан музмин гашта, беморро ба муддати дароз аз меҳнат бозмедорад, бисёр вақт маъюб мегардонад. Худмуолиҷаи Б. з. ё муроҷиат кардан ба шахсоне, ки маълумоти тиббӣ надоранд, билкул нораво ва хатарнок аст. Бисёр бемориҳои занона оқибати сӯзоки табобатнаёфта ё нимкора табобатшуда мебошанд. Бенаслии занон ва мардон аксар натиҷаи сӯзок ё оризаи он аст. Агар шахси ба сифлис гирифтор муолиҷаро пурра нагузарад, оқибати беморӣ вазнин мегардад. Дар кишварҳое, ки сифлис бағоят вусъат ёфтааст, он яке аз сабабҳои асосии фавти аҳолӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, кӯдакони ноқис таваллуд меёбанд. Б. з. боиси нобиноӣ (аз сӯзок) ва карии модарзодӣ (аз сифлис) гашта, дар натиҷа кӯдакон гунг мешаванд. Аз бемуолиҷа мондан ё нимкора табобат кардани сифлис, силсилаи асабҳои марказӣ сахт зиён мебинад.
Комёбиҳои тибби ҳозира имкон медиҳанд, ки Б. з. муолиҷа шаванд. Ин кор дар сурате натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад, ки агар мариз саривақт ба духтури диспансери бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ муроҷиат карда, тавсияҳои ӯро оид ба табобат ва низоми ҳатмӣ иҷро бинмояд.
Сабаби асосии густариш ёфтани Б. з. алоқаи ҷинсии бетартиб аст. Падару модар ва рафиқон дар тарбияи ҷинсии кӯдак мавқеи муҳим доранд. Б. з. бештар дар байни ҷавононе вомехӯрад, ки волидайнашон нисбат ба ҳамдигар бевафоӣ мекунанд, ба тарбияи кӯдакон диққати зарурӣ намедиҳанд.
Майзадагӣ ҳам яке аз сабабҳои асосии бадахлоқии ҷинсӣ мебошад. Мастӣ ба алоқаи ҷинсии тасодуфӣ роҳ мекушояд, одамро ба зоҳир намудани рафтори беҳаёона водор месозад, оиларо вайрон мекунад.
Ба муҷомиати бенизом бештар ноболиғон ва одамоне, ки қоидаҳои ахлоқи умумиро риоя намекунанд, майл доранд. Бо дилхушӣ гузаронидани вақт мақсади ягонаи ин гуна касон ва алоқаи ҷинсӣ барои онҳо шарти зарурӣ ва дилхоҳ аст; онҳо чӣ будани муҳаббатро намедонанд. Чунин шаҳватпарастӣ басо хавфнок буда, нафақат боиси бадахлоқии ҷавонон мегардад, балки ба саломатӣ низ осеб мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо неврози шаҳватпарастӣ инкишоф меёбад, ки анҷоми он таҳрифи шаҳвонӣ ё ҳезӣ (импотенсия) мебошад.
Алоқаи ҷинсии бармаҳал ва бетартиб, ки боиси Б. з. мегардад, ба ҳодисаи акселератсия марбут дониста мешавад. Барои он ки дар наврасон ҳисси шаҳват бармаҳал пайдо нагардад, онҳоро бо василаҳои гуногуни истироҳати маданӣ, хусусан ба корҳои ҷамъиятӣ, спорт, рассомӣ, мусиқӣ ва театр ҷалб намудан аҳамияти калон дорад. Падару модарон бояд ба ҳар роҳ фарзандонашонро ба фаъолияти ҷамъиятӣ ҳавасманд карда, дар айни ҳол бедор шудани ҳисси аввалини онҳоро, ки оҳанги романтикӣ дорад, дастгирӣ намоянд (ниг. Тарбияи ҷинсӣ, Синни наврасӣ).
Дар ҷумҳурӣ барои барҳам додани Б. з. тадбирҳои махсуси тиббӣ меандешанд. Ба тарбияи ҷинсӣ ва ахлоқии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ, мас, ба спорт, санъат ва диг. навъҳои истироҳати маданӣ ҷалб мекунанд. Ба мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи оила эътибори зарурӣ медиҳанд.
Тадбирҳои тиббӣ дар баробари гузаронидани корҳои судманди маорифи санитарӣ ва табобати бармаҳали беморон, ба пешгирии Б. з. низ нигаронида шудаанд. Дар ҷумҳурӣ шабакаи васеи диспансерҳои бемориҳои пӯст ва ҷимоӣ мавҷуданд, ки ба воситаҳои ҳозираи пешгирӣ ва ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошанд. Онҳо беморонро ба қайд гирифта, ҳатман табобат ва манбаъҳои бемориро ошкор мекунанд (фақат баъди пурра сиҳат шудан, онҳоро аз қайд мебароранд). Сирри беморонеро, ки барои муолиҷа ё пешгирии Б. з. ба духтур муроҷиат намудаанд, ошкор намесозанд (номи бемориро дар варақаи беморӣ наменависанд). Вале агар рафтори бемор ба атрофиён хавфнок бошад ва ӯ тавсияҳои духтурро иҷро накунад ё аз табобат сар кашад, дар он сурат ин шарт риоя карда намешавад. Дар қонунгузории ҷиноятӣ барои ошкоро паҳн кардани Б. з. ҷазо пешбинӣ шудааст. Мас., мувофиқи моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сироят кардан ба касалии зӯҳравӣ) агар шахс ба бемориҳои зӯҳравӣ гирифтор буданашро дониста бемориашро ба шахси дигар гузаронад, «Бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба муддати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор агар нисбати ду ва зиёда ашхос, нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад».
Ад.: Зоиров П.Т., Сифилис, Д., 1998; Ҳамон муаллиф, Синдромы и симптомы в дермато-венерологии, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Венерические болезни, Д., 2005; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …