БЕМОРИХОИ СИРОЯТи (Morbi infectiost), беморихое, ки бинобар ба организм дохил шуда афзоиш ёфтани микробхо, занбуругхо, вирусхо, тухми кирмхои паразит ва соддатаринхои касалиангез ба вучуд меоянд. Чихати хоси Б. с. имконияти гузаштани онхо аз организми сироятёфта ба организми солим аст. Муваффакиятхои олимони сохахои бактериология, микробиология ва иммунология дар а. 19 ба ошкор гаштани табиати Б. с. мусоидат намуданд. Дар омузиши назари ва амалии Б. с. биологи франсави Л. Пастер ва бактериологи немис Р. Кох сахми назаррас гузоштаанд. Микроорганизмхои сироятовар ба организм тавассути хаво (нафас), гизо, нушоки, пешоброха, пуст ва г. дохил шуда, афзоиш меёбанд ва фаъолияти физиологии организмро халалдор месозанд. Инкишоф ва чараёни Б. с. ба неруи ангезандахо, хассоси ва устувории организм вобаста аст.
Аз даврахои кадим хуручи баъзе Б. с. дар байни ахолии як мамлакат (эпидемия) ё мамлакатхои гуногун (пандемия) окибати чангро муайян намуда, такдири шахрхо ва давлатхоро хал месохт. Мас., дар а. 6 пандемияи тоун Империяи Шаркии Римро ба таназзул ва кисми зиёди ахолии онро ба марг расонд.
Б. с. аз се омили асоси таркиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё хайвони сироятёфта); нокили ангезанда; одамони ба сироят хассос. Нисбат ба Б. с. хасос будани организми одамро як катор омилхои биологи ва ичтимои (синну сол, тарзи гизогири, шароити зиндаги ва г) муайян мекунанд. Ба пайдоиши Б. с чунин омилхо, мас., гуруснаги, гизои номунтазаму якхела, норасоии витаминхо, сафедахои хурок, хастаги, гармии аз хад зиёд, хунукхури, гелминтозхо, зичии ахоли ва г. мусоидат менамоянд.
Унсурхои гуногуни мухит омилхои интиколи ангезандахои Б. с. мебошанд. Чунончи, ангезандахои Б. с.-и руда (домана, исхоли хунин ва г.) аз обу хурок, косаву табак ва диг. ашё пахн мешаванд; интиколи ангезандахои грипп, сурхча, хунок ва г. ба шахси солим аз хаво (хангоми сулфидан, атса задан, гуфтугу) ба амал меояд; Б. с.-и пуст дар аснои тамос бо хайвонот ё бемор (беморихои занбуруги ва г.) мегузаранд; хасба, тифи рачъи, энсефалитхо ва г.-ро аз одам (ё хайвонот) ба одам хашароти хунмак (шабуш, пашша, кана, магилмак ва г.) мегузаронанд.
Инкишофи Б. с. аз даврахои нихони, огоз, зухуроти асоси, сабукшудан ва шифо иборат аст.
Дар давраи зухури асосии бемори хам аломатхои барои Б. с. умуми (мас., захролуди – табларза, харорати баланд, сусти, дарди сар ва г.), хам аломатхои хоси хар як Б. с. (мас., зуд-зуд ба хочатхона рафтан, бесаранчом кардани хохиши дуругини казои хочат, бо хун ва луоб олуда гардидани начосат зимни исхоли хунин) пайдо мешаванд. Дар давраи ру ба бехбуди овардани маризи нишонахои асосии он кам мегарданд ё пурра бархам хурда, харорати бадан тадричан ё зуд паст мешавад, бемор шифо меёбад ё бемори музмин давом мекунад.
Дар давраи офият, сарфи назар аз бархам хурдани аломатхои клиники, дар узвхои иллати тагйирот боки мемонад, мас., осеби луобпардахои рудаи рост хангоми исхоли хунин камаш баъди як мох дуруст мешавад, аммо шифои клиники баъди чанд руз фаро мерасад. Дар аснои баъзе Б. с. пас аз зухури клиникии бемори ангезандахо дар организми шахс махфуз мемонанд. Онхо ба атроф пахн шуда, ба одамони солим сироят мекунанд. Бисёр вакт баъди Б. с. организми одам бар зидди онхо масуният хосил менамояд ( ниг. Иммунитет).
Б. с. ба антропонозхо ва зоонозхо чудо карда мешаванд. Антропонозхо факат ба одам хосанд ва одам танхо аз одам сироят меёбад (вабо, нагзак, домана, исхоли хунин, хунок, сурхча ва г.). Зоонозхо хоси хайвонот буда, ба онхо одам низ гирифтор мешаванд. Аз зоонозхо одам бо роххои гуногун, мас., хангоми тамос бо хайвони касал, таввасути пусти осебёфта ё пардахои луоби (сухтани, манкаги, оксил), газидани саги касал (хори), хашароти хунмак (тоун, варача) сироят меёбад. Барои пешгирии зоонозхо бемориро ошкор карда, хайвони касалро чудо медоранд (ё нобуд мекунанд), чои нигохдории чорворо дезинфексия намуда, зидди хояндахо ва хашароти хунмак мубориза мебаранд (ниг. Дератизатсия), ба чорводорон моя (бо максади пешгири) мегузаронанд.
Хангоми Б. с.-и руда (исхоли хунин, тифи шикам, паратифхо, вабо ва г.) ангезандахо ба мухит асосан бо пасафканди беморон ё хомили бактерия пахн ва ба организми одами солим хамрохи гизо дохил мешаванд. Тобистон Б. с.-и рударо асосан пашшахо мегузаронанд.
Барои пешгирии Б. с.-и руда бемор ва хомили бактерияро чудо нигох дошта, табобат мекунанд, хонаву чойро дезинфексия ва пашшахоро нест менамоянд. Хар шахс бояд дасташро пеш аз истеъмоли таом ва баъди казои хочат бо собун шуяд, сабзавоту меваро аввал шуста, баъд бо оби чуш чойконидан лозим; хуроквориро аз пашша мухофизат бояд кард.
Хангоми Б. с.-и роххои нафас (грипп, назла, гулузиндонак, ханозир, сурхча, сулфакабутак ва г.) ангезандахо ба мухит дар вакти гуфтугу, сулфа ва атса задан пахн мегарданд. Онхо ба организми одами солим бо рохи нафас ворид мешаванд. Баъзе Б. с.-и рохи нафас (мас., грипп) дар байни одамон зуд густариш меёбанд. Бинобар ин дар мавсими хуручи грипп хангоми сулфидан ё таб кардан, беморро дар хона нигох дошта, бояд духтуро даъват кард; дар аснои парастории бемор шахси солим бояд дахону биниашро бо докаи чоркабата бандад, бемор хангоми гап задан , сулфидан ё атса задан дахону биниашро бо руймолча пушад (ниг. Грипп, Назла).
Хангоми Б. с.-и хун ангезандахо бо хун гирд гашта, бинобар бо мухит алока надоштан, аз бемор ба шахси солим факат тавассути хашароти хунмак мегузаранд. Ангезандахои Б. с.-и хунро пашша (варача, пашшахурда, варачаи зард ва г.), шабуш (хасба ва тифи рачъи), кана (риккетсиозхои канаги, энсефалити канаги ва г.) ва кайк (тоун, тифи канаги) интикол медиханд.
Дар мавриди Б. с.-и пуст ангезандахо ба организми одам аз пардаи луоби ва пусти иллатёфта дохил мешаванд. Одам чи дар аснои тамос (беморихои олоти таносул) ва чи аз истифодаи курпаву болин ё сачоки бемор (трахома, хоришак, беморихои занбуругии пуст ва г.) сироят меёбад. Риоя кардани коидахои бехдошт (истифодаи сару либос, сачок, курпаву болини алохида) барои пешгирии Б. с. ахамияти калон дорад.
Шахсони гирифтори Б. с.-ро дар беморхона,дар баъзе холатхо дар хона табобат мекунанд (ниг. Нигохубини бемор). Нигохубини дуруст ва гизои хуб табобати бисёр Б. с. – ро осон мегардонад.
Барои пешгирии Б. с аз моягузаронии пешгирикунанда истифода мебаранд. Кам шудан ва бархам хурдани Б. с. бештар ба сохти чамъият, тараккиёти хочагии халк, дарачаи некуахволии ахоли, хадамоти тандурусти ва г. вобастаги дорад.
Ад.: Камардинов Х.К., Рахмонов Э.Р., Беморихои сирояти, Д., 2000; Хамон муаллиф, Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
Э. Р. Рахмонов.