Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

infekcionniye-zabolevaniyaБЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ (Morbi infectiost), бемориҳое, ки бинобар ба организм дохил шуда афзоиш ёфтани микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва соддатаринҳои касалиангез ба вуҷуд меоянд. Ҷиҳати хоси Б. с. имконияти гузаштани онҳо аз организми сироятёфта ба организми солим аст. Муваффақиятҳои олимони соҳаҳои бактериология, микробиология ва иммунология дар а. 19 ба ошкор гаштани табиати Б. с. мусоидат намуданд. Дар омӯзиши назарӣ ва амалии Б. с. биологи франсавӣ Л. Пастер ва бактериологи немис Р. Кох саҳми назаррас гузоштаанд. Микроорганизмҳои сироятовар ба организм тавассути ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғ. дохил шуда, афзоиш меёбанд ва фаъолияти физиологии организмро халалдор месозанд. Инкишоф ва ҷараёни Б. с. ба неруи ангезандаҳо, ҳассосӣ ва устувории организм вобаста аст.
Аз давраҳои қадим хурӯҷи баъзе Б. с. дар байни аҳолии як мамлакат (эпидемия) ё мамлакатҳои гуногун (пандемия) оқибати ҷангро муайян намуда, тақдири шаҳрҳо ва давлатҳоро ҳал месохт. Мас., дар а. 6 пандемияи тоун Империяи Шарқии Римро ба таназзул ва қисми зиёди аҳолии онро ба марг расонд.
Б. с. аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё ҳайвони сироятёфта); ноқили ангезанда; одамони ба сироят ҳассос. Нисбат ба Б. с. ҳасос будани организми одамро як қатор омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ (синну сол, тарзи ғизогирӣ, шароити зиндагӣ ва ғ) муайян мекунанд. Ба пайдоиши Б. с чунин омилҳо, мас., гуруснагӣ, ғизои номунтазаму якхела, норасоии витаминҳо, сафедаҳои хӯрок, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, хунукхӯрӣ, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва ғ. мусоидат менамоянд.
Унсурҳои гуногуни муҳит омилҳои интиқоли ангезандаҳои Б. с. мебошанд. Чунончи, ангезандаҳои Б. с.-и рӯда (домана, исҳоли хунин ва ғ.) аз обу хӯрок, косаву табақ ва диг. ашё паҳн мешаванд; интиқоли ангезандаҳои грипп, сурхча, хуноқ ва ғ. ба шахси солим аз ҳаво (ҳангоми сулфидан, атса задан, гуфтугӯ) ба амал меояд; Б. с.-и пӯст дар аснои тамос бо ҳайвонот ё бемор (бемориҳои занбӯруғӣ ва ғ.) мегузаранд; ҳасба, тифи раҷъӣ, энсефалитҳо ва ғ.-ро аз одам (ё ҳайвонот) ба одам ҳашароти хунмак (шабуш, пашша, кана, мағилмак ва ғ.) мегузаронанд.
Инкишофи Б. с. аз давраҳои ниҳонӣ, оғоз, зуҳуроти асосӣ, сабукшудан ва шифо иборат аст.
Дар давраи зуҳури асосии беморӣ ҳам аломатҳои барои Б. с. умумӣ (мас., заҳролудӣ – табларза, ҳарорати баланд, сустӣ, дарди сар ва ғ.), ҳам аломатҳои хоси ҳар як Б. с. (мас., зуд-зуд ба ҳоҷатхона рафтан, бесаранҷом кардани хоҳиши дурӯғини қазои ҳоҷат, бо хун ва луоб олуда гардидани наҷосат зимни исҳоли хунин) пайдо мешаванд. Дар давраи рӯ ба беҳбудӣ овардани маризӣ нишонаҳои асосии он кам мегарданд ё пурра барҳам хӯрда, ҳарорати бадан тадриҷан ё зуд паст мешавад, бемор шифо меёбад ё беморӣ музмин давом мекунад.
Дар давраи офият, сарфи назар аз барҳам хӯрдани аломатҳои клиникӣ, дар узвҳои иллатӣ тағйирот боқӣ мемонад, мас., осеби луобпардаҳои рӯдаи рост ҳангоми исҳоли хунин камаш баъди як моҳ дуруст мешавад, аммо шифои клиникӣ баъди чанд рӯз фаро мерасад. Дар аснои баъзе Б. с. пас аз зуҳури клиникии беморӣ ангезандаҳо дар организми шахс маҳфуз мемонанд. Онҳо ба атроф паҳн шуда, ба одамони солим сироят мекунанд. Бисёр вақт баъди Б. с. организми одам бар зидди онҳо масуният ҳосил менамояд ( ниг. Иммунитет).
Б. с. ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда мешаванд. Антропонозҳо фақат ба одам хосанд ва одам танҳо аз одам сироят меёбад (вабо, нағзак, домана, исҳоли хунин, хуноқ, сурхча ва ғ.). Зоонозҳо хоси ҳайвонот буда, ба онҳо одам низ гирифтор мешаванд. Аз зоонозҳо одам бо роҳҳои гуногун, мас., ҳангоми тамос бо ҳайвони касал, таввасути пӯсти осебёфта ё пардаҳои луобӣ (сӯхтанӣ, манқагӣ, оқсил), газидани саги касал (ҳорӣ), ҳашароти хунмак (тоун, вараҷа) сироят меёбад. Барои пешгирии зоонозҳо бемориро ошкор карда, ҳайвони касалро ҷудо медоранд (ё нобуд мекунанд), ҷои нигоҳдории чорворо дезинфексия намуда, зидди хояндаҳо ва ҳашароти хунмак мубориза мебаранд (ниг. Дератизатсия), ба чорводорон моя (бо мақсади пешгирӣ) мегузаронанд.
Ҳангоми Б. с.-и рӯда (исҳоли хунин, тифи шикам, паратифҳо, вабо ва ғ.) ангезандаҳо ба муҳит асосан бо пасафканди беморон ё ҳомили бактерия паҳн ва ба организми одами солим ҳамроҳи ғизо дохил мешаванд. Тобистон Б. с.-и рӯдаро асосан пашшаҳо мегузаронанд.
Барои пешгирии Б. с.-и рӯда бемор ва ҳомили бактерияро ҷудо нигоҳ дошта, табобат мекунанд, хонаву ҷойро дезинфексия ва пашшаҳоро нест менамоянд. Ҳар шахс бояд дасташро пеш аз истеъмоли таом ва баъди қазои ҳоҷат бо собун шӯяд, сабзавоту меваро аввал шуста, баъд бо оби ҷӯш чойқонидан лозим; хӯроквориро аз пашша муҳофизат бояд кард.
Ҳангоми Б. с.-и роҳҳои нафас (грипп, назла, гулӯзиндонак, ханозир, сурхча, сулфакабутак ва ғ.) ангезандаҳо ба муҳит дар вақти гуфтугӯ, сулфа ва атса задан паҳн мегарданд. Онҳо ба организми одами солим бо роҳи нафас ворид мешаванд. Баъзе Б. с.-и роҳи нафас (мас., грипп) дар байни одамон зуд густариш меёбанд. Бинобар ин дар мавсими хуруҷи грипп ҳангоми сулфидан ё таб кардан, беморро дар хона нигоҳ дошта, бояд духтуро даъват кард; дар аснои парастории бемор шахси солим бояд даҳону биниашро бо докаи чорқабата бандад, бемор ҳангоми гап задан , сулфидан ё атса задан даҳону биниашро бо рӯймолча пӯшад (ниг. Грипп, Назла).
Ҳангоми Б. с.-и хун ангезандаҳо бо хун гирд гашта, бинобар бо муҳит алоқа надоштан, аз бемор ба шахси солим фақат тавассути ҳашароти хунмак мегузаранд. Ангезандаҳои Б. с.-и хунро пашша (вараҷа, пашшахӯрда, вараҷаи зард ва ғ.), шабуш (ҳасба ва тифи раҷъӣ), кана (риккетсиозҳои канагӣ, энсефалити канагӣ ва ғ.) ва кайк (тоун, тифи канагӣ) интиқол медиҳанд.
Дар мавриди Б. с.-и пӯст ангезандаҳо ба организми одам аз пардаи луобӣ ва пусти иллатёфта дохил мешаванд. Одам чӣ дар аснои тамос (бемориҳои олоти таносул) ва чӣ аз истифодаи кӯрпаву болин ё сачоқи бемор (трахома, хоришак, бемориҳои занбӯруғии пӯст ва ғ.) сироят меёбад. Риоя кардани қоидаҳои беҳдошт (истифодаи сару либос, сачоқ, кӯрпаву болини алоҳида) барои пешгирии Б. с. аҳамияти калон дорад.
Шахсони гирифтори Б. с.-ро дар беморхона,дар баъзе ҳолатҳо дар хона табобат мекунанд (ниг. Нигоҳубини бемор). Нигоҳубини дуруст ва ғизои хуб табобати бисёр Б. с. – ро осон мегардонад.
Барои пешгирии Б. с аз моягузаронии пешгирикунанда истифода мебаранд. Кам шудан ва барҳам хӯрдани Б. с. бештар ба сохти ҷамъият, тараққиёти хоҷагии халқ, дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ, хадамоти тандурустӣ ва ғ. вобастагӣ дорад.
Ад.: Қамардинов Х.Қ., Раҳмонов Э.Р., Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Ҳамон муаллиф, Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

Э. Р. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …