Главная / Илм / БЕДОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

БЕДОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

bedona-640x330Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксоли ояд, шумораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бисёр мегардад. Мизочаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хушкии он зиёда мебошад.

Хислатхои шифобахши он: гушти он яке аз бехтарин гуштхои парандахо мебошад, зуд аз меъда мегузарад, бохро ба харакат меоварад, бинобар гармии мизочаш ташна мекунад, дар бадан хориш пайдо менамояд, дар пуст доначахо медамонад. Агар бисёр бихуранд, ба андухи нафастир мубтало месозад — дар ин холат бо чизхои турш ва равган бипазанд, зарараш ислох меёбад. Чушонида пухтаи он бехтар аз кабоби он аст. Зеро ки кабоби онро агар ба зуди пухта бошанд, аз меъда дер мефурояд.

Бедонаро инчунин будана, вартиш, варишк, карак, салво, вушм низ меноманд ки як навъи паррандаи хушхон мебошад. Дарозиаш такрибан 20 см, вазнаш 100-145грам. Пархои пушти бедона сиёхтоб буда, раххои сафедча дорад. Пархои синаи бедона кахвагуни зардча; нул ва пояш чигарранг аст. Бедона дар хамворихо зиндаги мекунад. Бедона дар замин лона сохта 9-20 тухм мегузорад (баъди 16-17 шабонаруз аз тухм чуча мебарорад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …