Главная / Илм / БАВОСИР

БАВОСИР

haemorrhoidБАВОСИР (Haemorrhoё), геморрой, ба таври укдашакл дар кисми макъад васеъ гаштани сиёхраги рудаи рост. Б. беруни ва даруни мешавад. Хангоми Б.-и беруни сиёхраги берунии рудаи рост васеъ шуда, укдахои он берун мебароянд. Дар мавриди Б.-и даруни сиёхраги даруни васеъ шуда, укдахои он бевосита дар даруни рудаи рост чойгир мешаванд.
Шах шудани хун дар сиёхраги коси хурд ва рудаи рост (кабзияти музмин, дуру дароз нишастан, омоси кос дар занхо, хомилаги), инчунин сустии модарзодии девораи сиёхраг боиси инкишофи Б. мегардад. Б. тадричан инкишоф меёбад. Дар натичаи Б. аввал эхсоси нофорам, хориш ва дарди макъад пайдо шуда, ин хиссиёт баъди нушидани арак, баъзан пас аз кори чисмони, афзунтар мегардад. Минбаъд аз укдахо хун меравад (дар начосати бемор хун пайдо мешавад). Хангоми руст шудани рохи хунгард ва газак гирифтани укдахо дарди шадид ва кабзият пайдо шуда, бемор таб мекунад. Агар Б.-ро муолича накунанд, газак ба насчи атрофи макъад мегузарад (ниг. Парапроктит). Б. ба таври музмин давом мекунад, аммо хар сари чанд вакт авч мегирад. Дар фосилаи байни хуручхои бемори шахс худро солим хис мекунад. Баробари авч гирифтани бемори фосилаи байни хуручи он кутохтар шуда, хунрави меафзояд. Дар мавриди фуруди укдахои дарунии Б. бемор дарди сахтро хис мекунад; укдахо варам карда, кабудтоб ё сиёхча мешаванд.
Хангоми сузиши макъад, эхсоси ногувори дар вакти казои хочат, хунолуд шудани начосат ё пайдоиши укдахои Б. ба духтур мурочиат кардан лозим. Беморони гирифтори Б. бояд тахти назорати чаррох бошанд. Кушиши зер карда даровардани гуддахо чоиз нест, зеро ин амал метавонад боиси хунравии зиёд ё оризахои дигари чидди гардад.
Бо максади ташхиси Б. аз усули ректоромоноскопия истифода мекунанд. Илова бар ин духтур бояд беморро дакик муоина намояд, то ки беморихои парапроктит, полипхо, саратони рудаи рост, кафидагии макъад ва г. сарфи назар карда шаванд.
Б.-ро чаррох муолича мекунад. Самараи табобат аз дарачаи инкишофи бемори, саривакт ба духтур мурочиат кардан ва ичрои маслихати у вобаста аст. Риояи пархез, истеъмоли сабзавоту мева, худдори аз истеъмоли шароб, хуроки сахт ва тунду тез ба чараёни табобат кумак мерасонад.
Дар мавриди Б.-и шадиди беруни обзани гарм, мархами анестезини ё гепарини нафъ дорад. Хангоми хуншории рудаи рост аз шамъакхои адреналини истифода карда мешавад. Дар сурати натичаи дилхох надодани чунин тарзи табобат беморро дар статсионар бистари карда, ба амалиёти чаррохи даст мезананд.
Пешгири: рафъи кабзият; кудаконро аз хурдсоли ба риояи коидахои гигиенаи шахси одат кунондан зарур аст. Шахсоне, ки рузи дароз рост истода ё нишаста кор мекунанд, бояд дар давоми кор ду маротиба бо варзиш (гимнастика) машгул шаванд (баъд аз се соати сар шудани кор, бори дуюм баъд аз ду-дуним соат).
А.Н. Каххоров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …