Главная / Чамъият / БАХМАНИ 90

БАХМАНИ 90

Соли 1990 дар Точикистон вокеахои мухимме руй до- данд, ки барои сарнавишти кишвар такдирсоз буданд. Ёздахуми феврал дар Душанбе бар асоси овозахои пахншуда, ки гуё ба гурезагони армани аз Озарбойчон дар Душанбе хона дода мешавад, тазохуроти густардае баргузор шуд. Он сол дар Боку байни озари ва арманихо низоъ уфтода буд, ки дар натича, якчанд оилаи арманихо гуреза шуда, ба назди хешовандонашон ба Душанбе омада будаанд. Дар шахри Душанбе ман бори аввал шохиди ин гуна тазохурот шудам. Хар сол дар идхо рох- паймоихо баргузор шаванд хам, онхо хусусияти идона ва шод доштанд.

hqdefaultИн тазохурот бошад, беназм ва чангчуёна буд. Мо ба тамошои ин тазохурот рафтем. Рузи дувуми тазохурот хамрохи як нафар хамдарсам аз тарафи Фурушгохи маркази ба суи майдони назди бинои Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти омадем. Шишахои магозахои канори хиёбони Ленин (Рудакии хозира) шикаста буданд, як-ду магоза сухта, хокистар шуда буд. Дар рубаруи Фурушгохи маркази магозаи «Чавохирот» буд, ки намоди пулу тиллову сарват дар шахр буд. Шишахои шикастаи тирезахои ин магоза низ аз бесарусомонихои дируза дарак ме- дод. Вакте мо ба майдон расидем, пас аз нисфирузи буд. Дар майдони назди бинои Кумитаи Марказии Хизби Коммунист издихоми бузурги одамон чамъ шуда, ба наздашон баромадани Каххор Махкамов – котиби аввали Кумитаи Марказии Хизб, дар амал рохбари чумхуриро талаб мекарданд. Он вакт пеши бино панчарахои охани надошт ва хавлии пеши бино то назди зинахояш аз одам пур буд. Дар пеши дари даромадгох милисахо катор меистоданд. Аз тирезахои ошёнаи дувум тоскулоххои сарбозон менамуданд.

Як замон дари бино аз дарун кушода шуд ва аз дохили бино як гурух одамон бо сарулибоси идори ва галстук баромаданд. Онхо ду катор шуда, дар байнашон як рохрав сохтанд. Аз ин рохрав Махкамов баромад. Ман акси Махкамовро дар рузномахо дида будам, ки у чехраи хотирмоне дошт. Вале дидани нафари аввали хукумати чумхури бароям чолиб буд ва бо иштиёк сухани уро шунидан мехостам. Вакте у намоён шуд, доду гиреви мардум якбора баланд шуд. Махкамов пеш баромада, дасташро бардошта, хомуши талабид. Хамин замон аз туда ба суяш як калуш парид. Хамрохонаш зуд пе- шашро бастанд ва чи тавре ки аз дар баромада буданд, хамон тавр баргашта, даромада рафтанд. Шояд сару сардори муайян надоштани туда сабаб шуд, ки то хол баромада хисобот дода- ни Махкамовро талаб кунад хам, хушунат ичозат надод, ки у харфашро занад.

Мо камтар истода тамошо кардем. Чун хаво сард буд, оханги

карда, ба суи истгох равон шудем, ки дар рох Абдул- хакимро вохурдем. У вахшатзада буд ва накл кард, ки вакте аз руи пули кучаи Путовский ба боло меомад, зирехпуше бо суръат гузашта, ба суи рахгузарон шиллик кардааст. Мо уро хамрох гирифта, ба хобгох баргаштем ва давоми ходисаро аз телевизор тамошо кардем. Тазохуркунандагон автобусхоро гар- донда, рохро бастанд. Аввал биноро сангборон карда, шишахои тирезахоро шикастанд ва сони хамла карда, ба ошёнаи якум зада даромаданд. Ин вакт зирехпушхо пайдо шуда, дар майдон бо суръат пешу пас меронданд ва аз болои сари мардум шиллик мекарданд. Рузи дигар эълон карданд, ки аз тири сарбозон 25 нафар кушта ва теъдоди бештар захми шудаанд. Ин вокеа дар забони мардум «Бахмани навад» ва «Бахмани хунин» ном гирифт.

Дар асари ин вокеа чордахуми феврал рохбари Хизби ком- мунист Каххор Махкамов, Раиси Шурои оли Гоибназар Паллаев ва Раиси шурои вазирон Иззатулло Хаёев истеъфо доданд, вале Кумитаи марказии хизб ва Шурои оли истеъфои онхоро кабул накард. Баръакс, мохи апрел Махкамов ба симати Раиси Шурои олии Точикистони шурави интихоб шуд.

Бисту чоруми августи соли навад Шурои олии Точикистон Эъломияи истиклоли кишварро дар худуди Шурави кабул кард ва сивуми ноябр Каххор Махкамов – Раиси Шурои оли ба макоми Раиси Чумхур ва ба чои у Кадриддин Аслонов ба макоми Раиси Шурои оли интихоб шуд.

Ин аввалин иштибохе буд, ки содир шуд. Зиёиёни ташнаи забону фарханги милли, Махкамови русгароро аз худ хисоб на- мекарданд ва зиддаш ба муборизаи шадид бархостанд. Онхо аз бетачрибаги намедонистанд, ки дар сиёсат набояд «киштиро зиёд такон дод», зеро он метавонад ба шуру киём биёварад ва вакте мардум ба хиёбон рехтанд, идора кардани тартибот ко- рест сахт ва мушкил. Бехуда нагуфтаанд, ки яксола хокимияти золим бехтар аз якруза харчу марч.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …