Главная / Ҷамъият / БАҲМАНИ 90

БАҲМАНИ 90

Соли 1990 дар Тоҷикистон воқеаҳои муҳимме рӯй до- данд, ки барои сарнавишти кишвар тақдирсоз буданд. Ёздаҳуми феврал дар Душанбе бар асоси овозаҳои паҳншуда, ки гӯё ба гурезагони арманӣ аз Озарбойҷон дар Душанбе хона дода мешавад, тазоҳуроти густардае баргузор шуд. Он сол дар Боку байни озарӣ ва арманиҳо низоъ уфтода буд, ки дар натиҷа, якчанд оилаи арманиҳо гуреза шуда, ба назди хешовандонашон ба Душанбе омада будаанд. Дар шаҳри Душанбе ман бори аввал шоҳиди ин гуна тазоҳурот шудам. Ҳар сол дар идҳо роҳ- паймоиҳо баргузор шаванд ҳам, онҳо хусусияти идона ва шод доштанд.

hqdefaultИн тазоҳурот бошад, беназм ва ҷангҷӯёна буд. Мо ба тамошои ин тазоҳурот рафтем. Рӯзи дувуми тазоҳурот ҳамроҳи як нафар ҳамдарсам аз тарафи Фурӯшгоҳи марказӣ ба сӯи майдони назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ омадем. Шишаҳои мағозаҳои канори хиёбони Ленин (Рӯдакии ҳозира) шикаста буданд, як-ду мағоза сӯхта, хокистар шуда буд. Дар рӯбарӯи Фурӯшгоҳи марказӣ мағозаи «Ҷавоҳирот» буд, ки намоди пулу тиллову сарват дар шаҳр буд. Шишаҳои шикастаи тирезаҳои ин мағоза низ аз бесарусомониҳои дирӯза дарак ме- дод. Вақте мо ба майдон расидем, пас аз нисфирӯзӣ буд. Дар майдони назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист издиҳоми бузурги одамон ҷамъ шуда, ба наздашон баромадани Қаҳҳор Маҳкамов – котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизб, дар амал роҳбари ҷумҳуриро талаб мекарданд. Он вақт пеши бино панҷараҳои оҳанӣ надошт ва ҳавлии пеши бино то назди зинаҳояш аз одам пур буд. Дар пеши дари даромадгоҳ милисаҳо қатор меистоданд. Аз тирезаҳои ошёнаи дувум тоскулоҳҳои сарбозон менамуданд.

Як замон дари бино аз дарун кушода шуд ва аз дохили бино як гурӯҳ одамон бо сарулибоси идорӣ ва галстук баромаданд. Онҳо ду қатор шуда, дар байнашон як роҳрав сохтанд. Аз ин роҳрав Маҳкамов баромад. Ман акси Маҳкамовро дар рӯзномаҳо дида будам, ки ӯ чеҳраи хотирмоне дошт. Вале дидани нафари аввали ҳукумати ҷумҳурӣ бароям ҷолиб буд ва бо иштиёқ сухани ӯро шунидан мехостам. Вақте ӯ намоён шуд, доду ғиреви мардум якбора баланд шуд. Маҳкамов пеш баромада, дасташро бардошта, хомӯшӣ талабид. Ҳамин замон аз тӯда ба сӯяш як калӯш парид. Ҳамроҳонаш зуд пе- шашро бастанд ва чи тавре ки аз дар баромада буданд, ҳамон тавр баргашта, даромада рафтанд. Шояд сару сардори муайян надоштани тӯда сабаб шуд, ки то ҳол баромада ҳисобот дода- ни Маҳкамовро талаб кунад ҳам, хушунат иҷозат надод, ки ӯ ҳарфашро занад.

Мо камтар истода тамошо кардем. Чун ҳаво сард буд, оҳанги

карда, ба сӯи истгоҳ равон шудем, ки дар роҳ Абдул- ҳакимро вохӯрдем. Ӯ ваҳшатзада буд ва нақл кард, ки вақте аз рӯи пули кӯчаи Путовский ба боло меомад, зиреҳпӯше бо суръат гузашта, ба сӯи раҳгузарон шиллик кардааст. Мо ӯро ҳамроҳ гирифта, ба хобгоҳ баргаштем ва давоми ҳодисаро аз телевизор тамошо кардем. Тазоҳуркунандагон автобусҳоро гар- донда, роҳро бастанд. Аввал биноро сангборон карда, шишаҳои тирезаҳоро шикастанд ва сонӣ ҳамла карда, ба ошёнаи якум зада даромаданд. Ин вақт зиреҳпӯшҳо пайдо шуда, дар майдон бо суръат пешу пас меронданд ва аз болои сари мардум шиллик мекарданд. Рӯзи дигар эълон карданд, ки аз тири сарбозон 25 нафар кушта ва теъдоди бештар захмӣ шудаанд. Ин воқеа дар забони мардум «Баҳмани навад» ва «Баҳмани хунин» ном гирифт.

Дар асари ин воқеа чордаҳуми феврал роҳбари Ҳизби ком- мунист Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Шӯрои олӣ Ғоибназар Паллаев ва Раиси шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев истеъфо доданд, вале Кумитаи марказии ҳизб ва Шӯрои олӣ истеъфои онҳоро қабул накард. Баръакс, моҳи апрел Маҳкамов ба симати Раиси Шӯрои олии Тоҷикистони шӯравӣ интихоб шуд.

Бисту чоруми августи соли навад Шӯрои олии Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли кишварро дар ҳудуди Шӯравӣ қабул кард ва сивуми ноябр Қаҳҳор Маҳкамов – Раиси Шӯрои олӣ ба мақоми Раиси Ҷумҳур ва ба ҷои ӯ Қадриддин Аслонов ба мақоми Раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд.

Ин аввалин иштибоҳе буд, ки содир шуд. Зиёиёни ташнаи забону фарҳанги миллӣ, Маҳкамови русгароро аз худ ҳисоб на- мекарданд ва зиддаш ба муборизаи шадид бархостанд. Онҳо аз бетаҷрибагӣ намедонистанд, ки дар сиёсат набояд «киштиро зиёд такон дод», зеро он метавонад ба шӯру қиём биёварад ва вақте мардум ба хиёбон рехтанд, идора кардани тартибот ко- рест сахт ва мушкил. Беҳуда нагуфтаанд, ки яксола ҳокимияти золим беҳтар аз якрӯза ҳарҷу марҷ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …