Главная / Гуногун / Амонат чи хел хифз шудааст?

Амонат чи хел хифз шудааст?

Амонат дар бонкхо якчанд кабат барои баргардонидан ба мизочон хифз карда шудааст:

Хар як кабат бо максади мухаё кардани фазои кафолат барои баргардонидани амонатхои мизочони бонк ташаккул дода мешавад, ки чорабинии мазкур зери назорати хукумати кишвар карор дорад.

depozitКабати якуми хифзкуни- ин меъёри кифоятии сармоя аст, ки нисбати бонкхо талабот аз тарафи хукумати кишвар гузошта шудааст ва андозаи он дар Точикистон то  10% (соли 2017), баробар аст. Ин нишондиханда чи кадаре, ки баланд бошад хамон кадар мустахакам будани бонкро иникос мекунад.

Кабати дуюм – ин меъёри пардохтпазири аст, ки андозаи он ба дар бонкхои Точикистон ба на кам аз 30% (соли 2017) баробар аст. Меъёри мазкур чи кадаре ки зиёд риоя шавад, хамон кадар аз аз кудрати баргардонидани амонат ба мизочон шаходат медихад.

Кабати сеюм – ин хачми захирахои хатми аст. Яъне дар Бонки миллии Точикситон як хачми муайяни маблаг мувофики меъёри таъиншуда аз бакияи амонатхои мухлатнок хисоб шуда, нигох дошта мешавад. Соли 2017-ум меъёри мазкур бо асъори милли ба 3% ва бо асъори хоричи 9% муайян карда шудаст. Дар холатхои мушкилии молияви дидан, аз  тарафи Бонки миллии Точикистон ба бонке, ки дар баргардонидани амонатхояш муаммо дорад аз ин маблагхои каблан захиракардааш ёри медихад.

Кабати чорумин Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи, ки  мутобики Конуни Чумхурии Точикистон, таъсис дода шудааст ва вазифааш дар химояи хукук ва манфиатхои конунии пасандоздорон ва тахкими боварии шахрвандон ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон мебошад мебошад.

Хазинаи мазкур фонди худро аз хисоби бонкхо ташаккул дода дар холати муфлис шудани ин ё он бонк маблаги амонатро аз хисоби худ кисман пардохт (баргардонидан) менамояд. Яъне на хаммаи маблаги пасандоз баргардонида мешавад ва нозукии ин масъала дар Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи” дарч гардидааст.

Кабати панчум – ин кафолати Хукумат (давлат) аст.  Дар баъзе холатхо Хукумат метавонад ба пасандозгузорон кафолат дихад, ки дар холати муфлис (банкрот) шудани Бонк масъалаи баргардонидани амонатхои онхо худи давлат баромад кунад. Ба назар гирифт, ки  агар дар холати хукумат ба пардохти амонатхои бонкхои муфлисшуда сарукор кунад вакт металабад ва ташвиши иловаги мерасонад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …