Главная / Гуногун / Адабиёти реалисти

Адабиёти реалисти

Адибони реалистии нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX камбудихои чомеаро нотарсона фош мекарданд. Яке аз машхуртарин нависандагони реалисти он замон франсави Эмил Золя буд. У дар романхои бистчилдаи худ, ки номи умумии “Ругон-Маккер” (Таърихи табии ва ичтимоии як оила дар солхои Империяи дуюм)-ро гирифтаанд, хаёти хамаи табакахои чомеаи Фаронса – аз ашрофон cap карда то табакахои коргару лашкарро инъикос кардааст. Вай дар ин асар зиддиятхои ичтимоии замони худро хеле хуб кушода тавонистааст.

Дар аввал Эмил Золя натуралист буд, вале баъд ба реализм ворид шуда, дар ин чараёни адаби машхур гардид.

1362470141_pero

Эчодиёти Чек Лондон аз эчодиёти нависандагони дигар бо катъият ва амикии кушодани образхои кахрамонхо фарк мекунад. Романи у ‘“Пои оханин” аз азобу укубати инсон дар охират пешгуихо мекунад. Асари тарчумаихолии Ч. Лондон “Мартин Иден” бо саньати баланди нависандаги иншо шудааст. Дар он муаллиф фочиаи хаёти эчодкорро ба калам додааст.

Дар ин давра адабиёти реалистии ИМА ба муваффакияти калон ноил гардид. Баъд аз чанги шахрвандии солхои 1861-1865 адабиёти ин мамлакат ру ба таракки ниход. Инро дар эчодиёти яке аз намояндагони машхури адабиёти Америка Марк Твен дидан мумкин аст. У хачвнигор бошад хам, тавассути хамин жанр вокеияти чомеаро хуб баён карда тавонистааст. “Ачнабихо дар дарбори шох”, “Давродаври одам”, “Саргузашти Том Сойер” ва “Саргузашти Геклберри Финн” исботи ин гуфтахо мебошанд.

Дар эчодиёти нависандаи дигари машхури ИМА Теодор Драйзер тарзи “зиндагии америкави”-ро мебинем. У дар асархои худ тарафи манфии “шукуфоии” Америкаро ба хонандагон кушода додааст. Инро шумо аз романхои “Хохар Кёрри”, “Ченни Герхардт”, “Молиячи”, “Титан” ва романхои дигари у дида метавонед. Дар онхо Т. Драйзер чомеаи сармоядориро ба зери тозиёнаи шадиди танкид гирифтааст.

Ромен Роллан тавассути асари бисёрчилдаи худ “Жан Кристоф” таназзули ахлокии чомеаи буржуазии Фаронса ва Германияи замони худро ба калам додааст. Кахрамони асари у бастакор Кристоф ба разолат, риёкори, фиребу найранг ва мансабпарастию ришвахури токатнопазир аст. Асархои дигари Р. Роллан, аз он чумла, “Ярмарка дар майдон” низ фиску фасоди чомеаи Фаронсаро фош кардааст.

Насли нави реалистон Чон Голсуорси, Бернард Шоу, Герберт Уэлс ва дигарон хам бо асархои баландпояи худ обруи чахони касб намудаанд. Онхо мунофики, гофили ва махдудиятхои табакахои болоии чомеаро берахмона танкид мекунанд.

Нависандаи машхури немис Т. Манн дар асари машхури худ “Империя” чихатхои манфии чомеаи Германияро фош намудааст. Дар сахифахои он шумо бо шохону кайзерхо, хоинону ашрофон, амалдорону императори Германия Вилгелми II шинос мешавед ва мефахмед, ки онхо чи хел инсонхоянд. Ин нависанда дар пешрафти адабиёти хачвии чакон макоми калон дорад.

Адабиёти реалисти на танхо дар Европаю Америка, инчунин дар баъзе мамлакатхои китъахои дигар хам пеш рафт ва хусусан адабиёти Шарк. Аз намояндагони он танхо ду нафар А. Рюсскэи чопони ва Р. Такури хиндиро ном мебарем. Яке тавассути новеллахо гояхои манфии замонро махкум мекунад, дигаре тавассути роману повестхо ва хикояхои худ бо мазмуни чукури фалсафи ва завки баланди бадеи мардумро даъват мекунад, ки барои истиклолияти милли мубориза баранд. Асархои Р. Такур ба проблемахои хаёти мардуми Хиндустон, ишку мухаббат ва зиддиятхои ичтимоии чомеа бахшида шудаанд. Романи “Завол”-и у аз хамин кабил асархост.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …