Главная / Илм / АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АЧАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ

АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АЧАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ

jrldeg79xjsa7ruamschx9ee2dkzui5d«АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АЧАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ», асари чаррохи маъруфи андалуси Абулкосим Халаф ибни Аббос аз-Захрови (936 – 1036). Китоб аз си макола иборат буда, се маколаи он ба масъалахои тибби ва бокимонда ба масъалахои дорушиноси бахшида шудаанд. Муаллиф дар маколаи якум дар баёни гарази таълиф, мухтавиёти китоб ва дар бораи умури табиии маъруф сухан ронда, дар маколаи дуввум беморихо ва роххои муолачаи онхоро баён кардааст. Маколаи ахир (сеюм) оид ба чаррохи ва маколаи аз хама машхури китоб буда, баъд аз тарчима шуданаш ба забони лотини муаллиф хамчун чаррох дар Аврупо шухрат пайдо намуд ва дар радифи Рози ва Ибни Сино карор гирифт. Бисту хафт маколаи бокимонда оид ба навъу шакли дорухо ва масъалахои марбут ба дорушиноси мебошанд. Китоб с. 1778 бо тарчумаи лотинии он дар Оксфорд ба табъ расидааст.
Ад.: «Абхосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ч. 1, Халаб, 1977.
С. Шахобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …