Главная / Илм / АРЕФЛЕКСИЯ

АРЕФЛЕКСИЯ

neyron2-300x232АРЕФЛЕКСИЯ (аз а – хиссачаи инкори ва reflexus – инъикос), ба таъсири ангезандахо вучуд надоштани рефлекс (яъне чавоб). А. дар натичаи осеби сохторхои гуногуни системаи асаб ва хароб гаштани фаъолияти хучайрахои он ба вукуъ мепайвандад. А. метавонад хангоми атрофияи возехи мушакхои устухонбанди низ ба вучуд ояд (ниг. Амиотрофия, Дистрофия). Зери мафхуми «А.» вучуд надоштани ин ё он рефлекс (мас., рефлекси зону дар аснои логари) ё гурухи рефлексхо (мас., рефлексхои сатхи, ки хангоми склероз боиси ангезиши пуст ва луобпардахо мешаванд) дар назар аст. Дар холатхои мадхуши (ниг. Игмо) А.-и пурра рух медихад, ки кулли рефлексхо (хам рефлексхои сатхи ва хам рефлексхои амик) аз фаъолият мемонанд.
Набудани ин ё рефлекс якчоя бо аломатхои дигар барои мукаррар сохтани иллати системаи асаб ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …