Главная / Илм / АРЧА

АРЧА

img1bb3АРЧА (Juniperus seravchanica), бурс, махинбурс, дарахтест хамешасабз. Аз 8 то 25 м кад мекашад. Навдахояш сершох, сабзи сиёхтоб, баъзан кабудранг. Баргхои пулакчамонанди нештаршакл ё байзашакл, чалгузаи калон дорад. Дар нишебии к.-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисор, Вахш, Боботог, Гозималик ва Сарсарак (800 – 2500 м аз с.б.) меруяд.
Хосияти шифобахшии А. хануз ба Чолинус, Абуалии Сино, Абурайхони Беруни ва диг. маълум буд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино хокаи чалгузаи (абхали) бо асал омехтаи А. каросон (гангрена) ва захмхои фасоддорро шифо мебахшад, густариши захмхои «хазанда»-ро бозмедорад. Накеъи чалгузаи он чанинро меафтонад. Шайхурраис бо чалгузаи дар равгани кунчит чушонда кариро табобат мекард.
А. растании гармиовар ва бодрон аст. Хангоми даридани мушакхо, дарди сандуки сина ва сулфа кумак мерасонад, кабзияти меъда ва чигарро мекушояд, пешоб ва хайзро меронад, давои хуби дарди бачадон аст; накеъи он барои меъда муфид буда, дамиши шикамро рафъ месозад.
Дар тибби халки накеъи чалгузаи А.-ро барои муоличаи беморихои узвхои таносул, чушоби онро хангоми бемории зангила, самарашро дар мавриди обхура, табларза ва амрози асаб истифода мебаранд. Дар шимоли Точикистон бо сузанбаргхо ва чалгузаи А. тарбод, сардард ва фалачи дасту поро муолича мекунанд. Чушоби чалгузаи А.-ро зимни дарди гурда, масона, иллатхои чигар, тарбод, чушоби онро хангоми зардпарвин ва чун давои талхарон меошоманд. Чушоби решаи А. давои захми меъда ва чушоби пустлохаш боховар аст. Обзан (ванна)-и аз чушоби чалгуза ба шохчахои сабзи А. тахиякарда барои муоличаи тарбод нафъ дорад. Бо чушоби решаи А. илтихоби найчахои шуш, бемории сил, дарди санги гурда ва амрози пустро шифо мебахшанд. Бо максади рондани пешоб 2 чумча хокаи чалгузаи А.-ро дар як истакон об андохта, 3 соат нигох медоранд ва баъд менушанд.
Дар китобхои табибони кадим омадааст, ки агар самари А.-ро махин куфта, бо асал хамир карда, ба милки дандон бимоланд, чарохатхои онро нест мекунад; 35 г самари А.-ро махин куфта бо 18 г равгани гов ва 18 г асал хамир карда, лесида бихуранд, барои дамкутахи ва бавосир даво аст; самари А.-ро куфта, бо сирко хамир карда, ба чойхои танга – танга муйрехтаи сар ва риш бимоланд, муй меруёнад; барги А.-ро бо анчир якчо куфта ба узвхои шахшуда гузошта банданд, онхоро ба холи аслиашон меорад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …