Главная / Маданият ва санъат / АНДАРЗХОИ МАВЛАВИ

АНДАРЗХОИ МАВЛАВИ

Дона чун андар замин пинхон шавад,
Сирри у сарсабзии бустон шавад.
Кори поконро киёс аз худ магир,
Гарчи монад дар навиштан шер шир.
Кори мардон рушаниву гарми аст,
Кори дулон хилаву бешарми аст.
Чун гараз омад. хунар пушида шуд,
Сад хичоб аз дил ба суйи дида шуд.
Чун дихад кози ба дил ришва карор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?

sovet-mudrix
Хар ки у бедортар, пурдардтар,
Хар ки у, огохтар, рухзардтар.
Куйи навмеди марав, умедхост,
Суи торики марав, хуршедхост.
Хар ки у бинход нохуш суннате,
Суйи у нафрин равад хар соате.
Модари бутхо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждахост.
Бут шикастан сахл бошад, нек сахл,
Сахл дидан нафсро чахл аст чахл.
Ашк хохи, рахм кун хам ашкбор,
Рахм хохи, бар заифон рахм ор.
Шукри кудрат кудратат афзун кунад,
Чабри неъмат аз кафат берун кунад.
Гар таваккал мекуни, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Чаббор кун.
Гар ба сурат одами инсон буди,
Ахмаду Бучахл худ яксон буди.
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Чумла олам сурату чон аст илм.
Машварат идроку хушёри дихад,
Аклхоро аклхо ёри дихад.
Сахт дармонад амири сустриш,
Чун на пас бинад на пеш аз ахмакиш.
Лафзхову номхо чун домхост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.
Чун калам аз об буд, дафтар зи об,
Хар чи бинвиси, фано гардад шитоб.
Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилхо хосил аст.
Мурги бевакти, сарат бояд бурид,
Узри ахмакро намешояд шунид.
Узри ахмак бадтар аз чурмаш бувад,
Узри нодон захри хар дониш бувад.
Хамзабони хешию пайванди аст,
Мард бо номахрамон чун банди аст.
Пас забони махрами худ дигар аст,
Хамдили аз хамзабони бехтар аст.
Хар ки нукси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ дахаспа тохт.
Акл бо акли дигар дуто шавад.
Нур афзун гашту рах пайдо шавад.
Ёр чашми туст, ай марди шикор,
Аз хасу хошок уро пок дор.
Хоб бедорист, чун бодониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
Рух бо илм асту бо акл аст ёр,
Рухро бо тозиву турки чи кор?
Дар чахон хар чиз чизе чазб кард,
Гарм гармиро кашиду сард сард.
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона накун.
Гарчи хикматро ба такрор овари,
Чун ту ноахли, шавад аз ту бари.
То нашуд тахкик , аз ёр он мабур,
Аз садаф магсил, нагашт он катра дур.
Гар тарозуро тамаъ буди ба мол,
Рост кай гуфти, тарозу васфи хол.?
Гуфт: Пайгамбар «Худош имон надод,
Харкиро сабре набошад дар ниход».
Гуфт: Пайгамбар, ки Яздони мачид,
Аз паи хар дард дармон офарид.
В-ар бувад кашфаш, марав дар санглох
В-ар ду шох астат, машав ту чоршох.
Ман надидам дар чахони чустучу
Хеч ахлият бех аз хуйи наку.
Булхаким номаш шуду Бучахл шуд,
Ай басо ахл аз хасад ноахл шуд.
Хар киро хуйи наку бошад, бираст,
Хар касе, к-у шишадил бошад, шикаст.
Хар касе, к-у айби худ диди зи хеш,
Кай буди фориг вай аз ислохи хеш?
Сурати зохир фано гардад, бидон,
Олами маъни бимонад човидон.
Гар хамехохи ту дафъи шарри нор,
Оби рахмат бар дили оташ гумор.
Кирм дар бехи дарахти тан фитод,
Боядаш барканду дар оташ ниход.
То намурдаст ин чароги богухар,
Хин, фатилаш созу равган зудтар…
Лаб бибанду каффи пурзар баркушо,
Бухли тан бигзору пеш овар сахо.
Чун калам дар дасти гаддоре бувад,
Бегумон, Мансур бар доре бувад.
Дуст хамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х (в) аш аст.
Аз мухаббат талххо ширин шавад
В-аз мухаббат мисхо заррин шавад.
Аз мухаббат дурдхо софи шавад
В-аз мухаббат дардхо шофи шавад.
Аз мухаббат мурда зинда мешавад
В-аз мухаббат шох банда мешавад.
Окибатбин акл аст аз хосият,
Нафс бошад, к-у набинад окибат.
Хок зан дар дидаи хасбини хеш,
Дидаи хис душмани акл асту хеш.
Миллати ишк аз хама динхо чудост,
Ошиконро мазхабу миллат Худост.
Чун гаронихо асоси рохат аст,
Талххо хам пешвои неъмат аст.
Гуфт: Пайгамбар: «Адоват аз хирад,
Бехтар аз мехре, ки аз чохил расад».
Хар кучо дарде, даво он чо равад,
Хар кучо пастист, об он чо давад.
Пунбаи васвос берун кун зи гуш,
То ба гушат ояд аз гардун хуруш.
Акл кувват гирад аз ахли дигар,
Найшакар комил шавад аз най шакар.
Хуй, к-он бо шир рафт андар вучуд,
Кай тавон онро зи мардум во кушуд.
Бар умеди рост кажро мехаранд,
Захр дар канде равад, он гах х (в)аранд.
Гарм бош, ай сард, то гарми расад,
Бо дурушти соз, то нарми расад.
Ту чи дони завки сабр, ай шишадил?
Хоса сабр аз бахри он накши чигил.
Мори шахватро бикуш дар ибтидо
В-арна инак гашт морат аждахо.
Гушро бандат тамаъ аз истимоъ,
Чашмро бандад гараз аз иттилоъ.
Дех марав, дех мардро ахмак кунад,
Аклро бенуру беравнак кунад.
Кавли Пайгамбар шунав, ай мучтабо!
«Гури акл омад ватан дар русто».
Ин чахон хамчун дарахт аст, ай киром!
Мо бар у чун мевахои нимхом.
Чузв аз кул катъ шуд, бекор шуд,
Узв аз тан катъ шуд, мурдор шуд.
Хар киро дил пок шуд аз эътидол,
Он дуъояш меравад то Зулчалол.
З-ахмакон бигрез, чун Исо гурехт,
Сухбати ахмак басе хунхо, ки рехт.
Киммати хар кола медони, ки чист?
Киммати худро надони ахмакист.
Шукри чони неъмату неъмат чу пуст,
З-он ки шукр орад туро то куи дуст.
Баъди навмеди басе умедхост,
Аз паси зулмат басе хуршедхост.
Марги хар як, ай писар, хамранги уст,
Пеши душман душману бар дуст дуст.
Чуяке кучак , ки доим меравад,
На начас гардад, на ганда мешавад.
Модар ар гуяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он ху хохаду марги фасод.
Он гурухе, к — аз адаб бигрехтанд,
Оби марди в — оби мардон рехтанд.
Хеч бонги каф задан н-ояд бадар,
Аз яке дасти ту бе дасти дигар.
Халки обиро бувад дарё чу бог,
Халки хокиро бувад он маргу дог.
Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.
Гар набуди майлу уммеди самар,
Кай шинонди богбон бехи шачар?
Гов агар вокиф зи кассобон буди,
Кай пайи эшон бад-он дукон шуди?
Илму молу мансабу чоху кирон
Фитна омад дар кафи бадгавхарон.
Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст,
Толиби расвоии хеш у шудаст.
Ахмакон сарвар шудастанду зи бим,
Окилон сархо кашида дар гилем .
Рав касе чу, ки туро у хаст дуст,
Дуст бахри дуст, лошак хайрчуст.
Хар ки бошад хамнишини дустон,
Хаст дар гулхан миёни дустон.
Чунки карди душмани, пархез кун,
Машварат бо ёри мехрангез кун.
Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Кавми бесарвар тани бесар бувад.
Хомуши бахр асту гуфтан хамчу чу,
Бахр мечуяд туро, чуро мачу.
Кай шавад бустону кишту баргу бар,
То нагардад назми у зеру забар?
Хам суол аз илм хезад хам чавоб,
Хамчунон ки хору гул аз хоку об.
Нафс Фиръавнест, хон, шераш макун,
То наёрад ёд аз он куфри кухун.
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай нушад лабан?
Акли чузви аклро бадном кард,
Коми дунё мардро бадном кард.
Мурги гофил мехурад дона зи дом,
Хамчу андар доми дунё ин авом.
Хар гурусна окибат куте биёфт ,
Офтоби давлате бар вай битофт.
Чун дарахт аст одамиву бех ахд,
Бехро тимор мебояд ба чахд.
Хар киро бошад мизочу табъи суст,
У нахохад хеч касро тандуруст.
Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур,
Пас чи донад зулмати шаб холи нур?
Феъли оташро намедони ту бард,
Гирди оташ бо чунин дониш магард.
Хар ки ранче дид, ганче шуд падид,
Хар ки чидде кард, дар чадде расид.
Хадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфти дар нишеби шуру шар.
Аз каноат хеч кас бечон нашуд,
Аз хариси хеч кас султон нашуд.
Меъдаро ху кун бад-он райхону гул,
То биёби хикмату кути Расул (с).
Меъдаи тан суи кахдон мекашад,
Меъдаи дил суи райхон мекашад.
Мири охур дигару хар дигар аст,
На хар он ки андар охур шуд, хар аст.
Хирс куру ахмаку нодон кунад,
Маргро бар ахмакон осон кунад.
Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рух, чуз гил нест он.
Чун найи ранчур, сарро бар мабанд,
Ихтиёрат хаст, бар сиблат маханд.
Ишк бар мурда набошад пойдор,
Ишкро бар хайи чонафзой дор.
Муъмин он бошад, ки андар чазру мад,
Кофир аз имони он хасрат хурад.
Ганчу гавхар кай миёни хонахост?
Ганчхо пайваста дар вайронахост.
Хар киро гулшан бувад базму ватан,
Кай хурад у бода андар гулхан?
Шохи гул хар чо, ки руяд хам гул аст,
Хумми мул хар чо, ки чушад, хам мул аст.
Худ чахони чон саросар огахист,
Хар ки бечон аст, аз дониш тихист.
Мулку молу атласи ин мархала,
Хаст бар чони сабукрав силсила.
Чонвар фарбех шавад, лек аз алаф,
Одами фарбех зи изз асту шараф.
Пеш аз он ки шаб шавад, чома бичу,
Рузро зоеъ макун дар гуфтугу.
Окибат чуянда ёбанда бувад,
Ки фарач аз сабр зоянда бувад.
Чисмхо чун кузахои бастасар,
То ки дар хар куза чи буд? Он нигар.
Чохил ар бо ту намояд хамдили,
Окибат захмат занад аз чохили.
Ин масал андар замона чони аст,
Чони нодонон ба ранч арзони аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Киссаи он марди савдогарро, ки барои тичорат ба Хиндус-тон мерафт, бодиккат хонда мазмуни онро накл кунед.
2. Тутии махбуси бозургон пеш аз сафари сохибаш ба Хиндус-тон аз у чи хохиш кард?
3. Вакте ки бозаргон ба Хиндустон расиду тутиёни зиёдеро дид, пайгоми тутии худро ба онхо гуфт ё не?
4. Баъди бозгаштани бозаргон ба ватани худ ва боз гуфтани холати яке аз тутиёни Хиндустон ба тутии бозаргон чи ходиса руй дод?
5. Маънии байти:
«Нуктае, к-он част ногах аз забон,
Хамчу тире дон, ки част он аз камон» — ро гуед.
6. Бигуед, ки афтидан ва мурдани тутии Хиндустон ва холати
тутии махбуси бозаргон ба хам чи муносибат доранд?
7. Бигуед, ки Чалолуддини Балхи киссаи бозаргон ва тутии махбуси уро бо кадом максад овардааст? Чунин тарзи ифода-ро дар адабиёт чи мегуянд?
8. Максади шоир аз овардани байтхои зер чист?
Ай забон, ту бас зиёни мар маро,
Чун туи гуё, чи гуям мар туро?
Ай забон, хам оташу хам хирмани,
Чанд ин оташ дар ин хирман зани?
Ай забон, хам ганчи бепоён туи,
Ай забон, хам ранчи бедармон туи.
9. Киссаи ошик шудани подшох бо канизакро хонда, мазму-нашро накл кунед.
10. Подшох барои табобат кардани канизак чи чорахо андешид?
11. Кисса бо кадом ходиса ба охир мерасад?
12. Бигуед, ки Мавлави дар «Маснавии маънави» бештар ба кадом масъалахои пандуахлоки диккат додааст?
13. Дах байти андарзхои Мавлавиро азёд кунед.
14. Маънои ин абётро шарх дихед:
Хамзабони хешию пайванди аст,
Мард бо номахрамон чун банди аст.
Пас забони махрами худ дигар аст,
Хамдили аз хамзабони бехтар аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

krantas

Дар Точикистон мошин истехсол хохад шуд

Ширкати алюминии “Талко” тасмим дорад то як мохи дигар дар Точикистон корхонаи истехсоли мошинхои боркашро …