Главная / Илм / АНДАРОБ

АНДАРОБ

andarobАНДАРОБ, чашмаи минерали дар нох. Ишкошим. Дар сохили рости д. Панч, 63 км дуртар аз маркази нохия, дар шафати рохи мошингарди Хоруг – Ишкошим вокеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2300 м. Тобистон чашма зери оби дарё мемонад. Дебиташ – 0,2 л/сон., харор. обаш +13,5 – +14,20С. Дар таркиби оби чашма катионхои натрий (551 мг/л), калсий (195 мг/л), магний (104 мг/л), калий (29,0 мг/л), анионхои гидрокарбонатхо (1220 мг/л), хлоридхо (587 мг/л), сулфатхо (310 мг/л), молекулахои кислотаи силикат (26,0 мг/л), хамчунин титан ва мис мавчуданд. Минералнокии умумиаш – 4,2 г/л. Ошомидани оби чашма барои муоличаи илтихоби меъда, рудаи дувоздахангушта, гепатит, холесистит, пиелонефрит, касалии канд ва диатези бавли муфид аст. Вобаста ба таркиби химияви ба оби чашмахои Ессентуки 17, Зваре (Гурчистон) ва Севан (Арманистон) шабохат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …