Главная / Илм / АМИНОВ Хусейн Чумъаевич

АМИНОВ Хусейн Чумъаевич

imagesАМИНОВ Хусейн Чумъаевич (тав. 02. 10. 1946, нох. Кизилтеппаи вил. Бухорои Чумхурии узбекистон), духтури кудакон, доктори илмхои тиб (2006). Хатмкардаи ДДТТ (1969). Духтури минтакавии беморихои кудакони Дармонгохи кудаконаи ш. Кургонтеппа (1969 – 71), духтури кудакон ва сардухтури беморхонаи минтакавии Кофарнихони нох. Орчоникидзеобод (холо ш. Вахдат, 1971 – 74), ординатори клиникии кафедраи педиатрияи факултавии ДДТТ (1974 – 76), духтури бригадаи эхёгарии кудакони Бунгохи ёрии таъчилии тиббии ш. Душанбе (1976 – 78), ассистент, муаллими калон, дотсент ва ичрокунандаи вазифаи мудири кафедраи беморихои кудакони №1-и ДДТТ (1978 – 2003), сардори шуъбаи ташкили хадамоти тиббии модар ва кудаки Вазорати тандурустии ЧТ (2003 – 06), дотсенти кафедраи беморихои кудакони №1-и ДДТТ (2007 – 08). Аз с. 2008 мудири хамин кафедра. Оид ба масъалаи масунияти мутобикати дар сохтори беморихо ва фавти кудакон дар шароити номусоиди экологи тадкикот мебарад. Дар мавзуи «Киёси клиникию бактериологии уфунат дар кудакони хурдсоли Точикистон» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Хусусиятхои давраи аввали мутобикат дар кудаконе, ки аз модарони гирифтори нефропатия таваллуд ёфтаанд» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 40 асару маколахои илми, тезисхо, 5 тавсияномаи методи барои духтурон. Бо медали чашни «1025-солагии Абуали ибни Сино» (2006) ва ифтихорномахои сохави кадр карда шудааст.
Ос.: Далелхо ба манфиати хифзи хаёт, Д., 2003; Характеристика нефропатий у новорожденных от матерей с патологией органов мочевой системы, Д., 2006; Протоколы лечения основных заболеваний детского возраста, Д., 2006; Стандартные схемы лечения основных заболеваний неонатального возраста, Д., 2007; Гестационный диабет, Д., 2008.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …