Главная / Илм / АМФЕТАМИН

АМФЕТАМИН

amfetaminАМФЕТАМИН, як навъ дору, ангезандаи системаи асабхои маркази. А. аналоги гормонхои адреналин ва норадреналин мебошад. Сулфати А. бо номи «Фенамин» маълум аст. А. соли 1887 чун давои суст кардани иштихо хосил карда шуда буд. Дар давраи Чанги дуюми чахон ба аскархои америкои хар руз 10 курси А.-ро медоданд. С. 1954 дар Япония садхо хазор наврасон А.-ро суиистеъмол мекарданд. Баъдтар эпидемияи нашъаманди аз А. инчунин Амрико ва Аврупоро низ фаро гирифт. Дар собик Иттиходи Шурави истехсоли А. с-хои 40-ум огоз ёфт; наврасони с-хои 60-ум онро ба вена тазрик мекарданд. С-хои 70-ум истифодаи А. дар байни чавонон кам шуд ва чойи онро марихуана, героин, галлютсиногенхо гирифтанд.
А. яке аз дорухои асосии рухгиро махсуб меёфт. Онро барои баланд бардоштани кобилияти кори, муоличаи нарколепсия, гамбемори, хастахоли, хоболуди, астения ва г. кор мефармуданд. Холо А. бинобар боки гузоштани таъсироти номатлуб (ихтилоли фаъолияти олии асаб, баланд шудани фишори хун, суст гаштани кобилияти кори ва г.), инчунин ба вучуд омадани хугирию нашъаманди нисбати он хеле кам истифода мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …