Главная / Илм / АФКАНИШОТИ ИОНЗО

АФКАНИШОТИ ИОНЗО

ionizing-radiation-400x200АФКАНИШОТИ ИОНЗО (Radiatio ionisans) афканишоте, ки дар натичаи таъсири мутакобилаи он бо мухит зарядхои электрии гуногун хосил мешаванд. Хангоми таъсири мутакобилаи А. и. бо ягон модда атомхои электрии нейтрал ба атомхои заряднок (ионхо) табдил меёбанд, зеро А. и. ба кохиш ё бо электронхо пайваст шудани атомхо ёри мерасонад. Дар аснои аз мадор нест шудани электрон атом ба иони мусбат ва хангоми пайваст гаштани электрон ба иони манфи табдил меёбад. А. и. баъди дар с.1895 афканишоти рентгениро кашф кардани физики немис В.К. Рентген ва с. 1896 ходисаи радиоактивиро кашф кардани олими франсави А. Беккерел маълум гардид. А. и. кванти (электромагнити; ба он гамма-афканишот ва афканишоти рентгени мансубанд) ва корпускуляри (аз заррачахои ядроии гуногун, яъне алфа – заррачахо, бета – заррачахо, нейтронхо, протонхо ва г. иборатанд) мешавад.
Дар шароити табии А. и. дар натичаи чараёни физики дар ситорахо ба вучуд омада аз фазои коинот ба Замин ворид мешавад ва ба хайвоноту наботот таъсири доими мерасонад. Атмосфераи Замин кисми зиёди ин афканишотро фуру бурда, бо хамин рох сокинонро аз таъсири зарарноки он мухофизат мекунад. Изотопхои радиоактивии табии ва сунъи низ манбаи А. и. шуда метавонанд. Имконияти хосил кардани изотопхои сунъии радиоактиви баъд аз кашфи ходисаи радиоактивияти сунъи (1934; Ф. Жолио – Кюри ва И. Жолио Кюри) имконпазир гашт. Хосиятхои биологии А. и. имкон медиханд, ки он дар тиб низ барои ташхиси беморихо (тадкики рентгенологи, ташхиси радиоизотопи), муоличаи омос, газак ва иллатхои дигар (шуоъшифои) истифода шавад.
А. и. таъсири номатлуби биологи хам мерасонад. Чунин хосияти он хануз дар солхои аввали кашф, хусусан баъд аз таркиши бомбахои атоми дар ш-хои Хиросима ва Нагасаки Япония маълум шуд.
Аз чониби мутахассисон – радиологхо муттасил омухтани таъсири биологии А. и. имкон медихад, ки усулхои самарабахш ва дар айни замон бехатари ташхис ва муоличаи одамон дарёфт шаванд. Хангоми шуоъшифои интихоби манбаи афканишот ахамияти калон дорад, чунки намудхои гуногуни А. и. вобаста ба хосиятхои физикиашон дар чукурии гуногун вориди бофтахо мешаванд. Мас., афканишоти рентгении сустэнергия ва алфа – заррачахо ба пуст хамаги то чукурии чанд миллиметр ворид мешаванд, бинобар ин онхоро барои табобати амрози руи пуст истифода мебаранд. Афканишоти электрони, протони ва рентгении пурзурро барои бо ёрии шуоъ нест кардани манбаи беморихои даруни кор мефармоянд. Барои пешгирии таъсири номатлуби А. и. тадбирхое тахия шудаанд, ки хайати кормандонро аз шуоъзании зиёдати эмин медоранд.
Шуоъхурии беморон хангоми тадкику ташхиси рентгенологи ва радиатсиони аз хадди вояи шуоъзани зиёд нест ва ягон окибати зиёновар надорад.
Дар мавриди шуоъшифои асбобхои техники организми одамро аз таъсири номатлуби А. и. мухофизат карда, тамоми энергияро ба узви иллатнок равона месозанд. Кормандоне, ки бо А. и. сарукор доранд, бо асбобхои махсуси мухофизати таъмин карда шуда, аз имтиёзхои муайян (рузи кори кутох, маоши иловаги, рухсатии бардавом) бархурдоранд. Савияи дониши назарияви ва амалии кормандон оид ба техникаи бехатари мунтазам санчида мешавад ва онхо хамеша тахти назорати тибби карор доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …