Главная / Илм / АБУЛҲАСАН СОБИТ ИБНИ СИНОНИ СОБИ

АБУЛҲАСАН СОБИТ ИБНИ СИНОНИ СОБИ

imagesАБУЛҲАСАН СОБИТ ИБНИ СИ- НОНИ СОБИ (с. тав. номаълум – ваф. с. 976), табиби маъруф. Бино бар ахбори сарчашмаҳо, А. соҳиби «Таърих»-е буда, ки он воқеоти замонро аз ибтидои хилофати Муқтадир (хилофат с-ҳои 908 – 932) то с. 970 дар бар мегирифтааст. Сипас, хоҳарзодаи ӯ – Ҳилол ибни Мӯҳсини Собӣ бар ин таърихнома татиммае навишта, ҳаводиси солҳои баъдро низ ба он ворид намудааст. А.-ро ҳамчунин китобе дар ахбори Шом ва Миср низ будааст. А. дар илми тиб дасти қавӣ дошта, дар дарбори халифаҳои Аббосӣ ба ҳайси табиб хидмат мекард. Илова бар ин, ӯ раёсати бемо- ристони Бағдодро бар ӯҳда дошт. Муал- лифи «Уюну-л-анбо» ба нақл аз китоби «Таърих»-и А. овардааст, ки ӯ ва падараш халифа ар-Розӣ Биллоҳ (хилофат с-ҳои 934 – 940)-ро табобат кардаанд ва худи А. баъдан табиби ал-Муттақӣ (хилофат с-ҳои 940 – 944), ал-Мустакфӣ (хилофат с-ҳои 944 – 946) ва ал-Мутеъ Ли-л-лоҳ (хилофат с-ҳои 946 – 974) будааст. Қифтӣ низ дар «Таъриху-л-ҳукамо» ба табоба- ти халифаҳои мазкур машғул будани А.- ро таъкид карда, аз китоби «Таърих»-и ӯ бад-ин қарор ёд кардааст: «Собит соҳиби китоби «Таърих»-и машҳуре аст ва китобе дар таърих машрӯҳтар аз он нест».
Ад: Ибн Аби Усайбиа, «Уюну-л-анбо фӣ табақоти-л-атиббо», Байрут, 1998. Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …