Главная / Илм / АБДУЛЛОХУЧАЕВ Заки Ёкубович

АБДУЛЛОХУЧАЕВ Заки Ёкубович

abdullokhujaevАБДУЛЛОХУЧАЕВ Заки Ёкубович (12. 2. 1929, Хучанд – 25. 2. 1991, Душанбе), духтури беморихои сирояти, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Аълочии тандурустии ИЧШС, Аълочии маорифи халки ЧШС Точикистон. Аз оилаи меъмор. Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1950). С-хои 1955 – 60 ассистент, дотсенти кафедраи беморихои сирояти. С-хои 1967 – 68 чонишини директор оид ба корхои илмии Ин-ти эпидемиология ва гигиенаи ш. Душанбе. Соли 1968 дар заминаи Беморхонаи шахрии клиникии №2 кафедраи беморихои сироятии бачагонаро ташкил карда, то охири умр мудири он буд. Саринфексионис-ти Вазорати тандурустии чумхури оид ба беморихои бачагона (1968 – 1987). Дар мавзуи «Омузиши раванди оксиду баркароршави ва мувозанати кислотаю ишкор хангоми бемории Боткин» рисолаи доктори химоя кардааст. Оид ба масоили беморихои сирояти зиёда аз 100 асари илми, таълимию методи дорад. Фаъолияти илмию амалии А. асосан ба дарёфти усулхои самараноки пешгири ва табобати гепатитхои вируси равона шуда буд. Тадкикот дар ин самт бо хамкории беморхонаю пажухишгоххои номии шурави, мас., Пажухишгохи вирусологияи АИТ ИЧШС, хамчунин Пажухишгохи гастроэнтерология ва Пажухишгохи эпидемиологияю гигиенаи чумхури сурат гирифтанд. Натичаи хамин буд, ки дар кафедра дар як муддати кутох зиёда аз 300 маколаи илми, тезисхо, 18 тавсияномахои методи ба табъ расида, 4 таклифи навовари пешниход ва 7 рисолаи номзадии илм химоя карда шуд. Зери рохбарии А. дар собик Иттиходи Шурави бори нахуст дар Точикистон барои назорати кудаконе, ки гепатитхои вирусиро аз сар гузарондаанд ва барои беморони гирифтори амрози музмини вирусии чигар утокхои диспансери ташкил карда шуданд. Маколаи мубохисавии А. (хамрохи Вайл Л. В. ва Косимова М. А.) дар сахифаи мачаллаи «Вопросы охраны материнства и детства» боиси тагйир додани таснифоти беморихои рохи меъдаю руда дар кудакон гашт. Бо ордени «Дустии халкхо» ва диг. мукофотхои хукуматию сохави сарфароз гаштааст.
Ос.: Ташхису муоличаи бемории Боткин дар бачагон, Д., 1970; Тарзу усулхои муоличаи баъзе беморихои вазнини бачагона, Д., 1972.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …