Главная / Илм / ЗАРБЕХ

ЗАРБЕХ

zarbekhЗАРБЕХ (Rhodiola gelida), зарчуб, зарчой, гиёхест бисёрсола. Аз 3 то 10 см кад мекашад. Решаи гафс, пояи борик, барги дарозруя, гули зард (июн – июл мешукуфад), тухми нештаршакл (авг. – сент. пухта мерасад) дорад. Дар чойхои сернам, таркиши шаххо, наздикии пиряххо меруяд. Дар куххои Зарафшон, Хисору Дарвоз, Помири Гарбию Шарки ва Олой вомехурад. Бо максади давои асосан решаи онро кор мефармоянд. Тачрибахо дар Пажухишгохи гастроэнтерологияи АИ ЧТ нишон доданд, ки киёми решаи З. (2 мл/кг) микдори канд ва оксигенро дар хуни калламушхо кам кардааст. Зиёд намудани вояи он чонваронро нисбати таъсироти чисмони пурбардошт ва лахтабандии хунро муътадил гардонд.
Дар чумхури З. хусусан баъди ошкор шудани хосиятхои давоии «золотой корень» (Rhodiola rosea) чун гиёхи шифобахш шухрат ёфт. Бинобар ин решаи онро аз хад зиёд кофта гирифтанд. Дар натича З. дар бисёр мавзеъхое, ки каблан месабзид, ба хадди нести расидааст. Накеъ, чушоб ва чойи решаи З.-ро чун воситаи кувватбахш ва табшикан, инчунин хангоми беморихои асабу меъда, ширинча, хунравии бачадон истифода мебаранд. Чойи решаи он хастагиро рафъ менамояд. Сокинони нох. Ванч бо решаи З. захми меъда ва беморихои занонаро дармон мебахшанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …