Главная / Илм / Замони ҳозираи англисӣ

Замони ҳозираи англисӣ

Замони ҳозираро дар Забони Англисӣ «Present Time» мегӯянд ва он вобаста ба давомнокии феъл (ҳодисаи содиршаванда), иборат аз 4 намуд аст. Аз ҷумла:

  1. Замони ҳозираи оддӣ – Present simple / Simple tense;
  2. Замони ҳозираи давомдор – Present continues/ Continues tense;
  3. Замони ҳозираи иҷрошуда – Present perfect / Perfect tens;
  4. Замони ҳозираи дурудароз – Perfect continuous/ Perfect Continuous Tense;

замони хозира англиси

Акнун дар зер ҳар як намуди замони ҳозираи забони англисиро бо намунаи истифоидаи феъл нишон медиҳем:

  • I play (Ман бозӣ мекунам);
  • I am playing (Ман бозӣ карда истодаам);
  • I have played (Ман ҳозир бозӣ кардам);
  • I have been playing (Ман дер боз бозӣ карда истодаам);

МАЪНИДОД:

  1. Дар замони ҳозираи оддӣ (Present simple), ҳодисаи содиршуда кай иҷро шудааст номаълум аст ва барои ҳамин ҳам онро чунин ном додаанд.

Масалан: «I often go to the park» – Ман одатан ба боғи фарҳангӣ меравам. Чихеле, ки мебинед дар ин ҷо мебинед маҳз кай рафта шудан ба боғ гуфта нашудааст.

  1. Замони ҳозираи давомдор (Present continues) бошад ҳодисаҳое, ки алҳол давом дода истодааст иникос менамояд.

Масалан: Safar is doing her homework at the moment – Сафар вазифаҳои хонагиашро алҳол иҷро карда истодааст.

  1. Замони ҳозираи иҷрошуда (Present perfect) ин ҳамон замонеро мефаҳмонад, ки ҳодиса алҳол иҷро шудааст.

Масалан: I have already done my homework – Ман вазифаи хонагиамро алакайиҷро кардам.

  1. Замони ҳозираи дурудароз – Perfect continuous ё худ онро “Perfect Continuous Tense» низ мегӯянд ва он ҳодисае, ки дер боз давом дода истодааст, нишон медиҳад. Дар ин замон калимаи «been» истифода мешавад.

Масалан: We have been preparing for our exam since morning – Мо ба имтиҳон аз субҳ омода шуда истодаем.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …