Главная / Маданият ва санъат / Хӯроки нисфирӯзӣ

Хӯроки нисфирӯзӣ

Хӯроки нисфирӯзӣ (35% меъёри хӯроки шабонарӯз) дар вояи хӯроки (рацион) шуморо бо гуногуниаш сарфи қувваи организмро дар як рӯзи хониш аз нав пурра карданаш лозим аст. Нисфирўз аз хӯроки таоми якум, дуюм ва ширинӣ иборат аст.

Хӯриш – ба тез ҷудо кардани шираи оби меъда (желудочный сок) ёрии калон мерасонад. Ин ба тез ва беҳтар ҳазмшавии хӯрок мусоидат мекунад.

osh-xurok

Хӯроки якум – шӯрбои гӯштӣ, моҳидор, мурғӣ ва хӯрокҳои вегетирианӣ хеле болаззат мебошанд. Агар ба он кабудӣ пиёз, шибит, кашнич андохта бошанд боз ҳам бомаззатар мешавад.

Таоми дуюм аз хўроки обҷўш, гӯшти дампази ҳархела бо қайла ва хӯриши аз кабудию сабзавот тайёркарда иборат аст.

Нӯшокии ширин – кисел компот аз меваҳои навпухта, себу, биҳӣ тайёр карда бошад, айни муддао аст. Хӯроки баъд аз пешин (полдник) – (15% вояи хӯроки шабонарӯз) аз ҷурғот, шир, шарбати меваҳо, чой бо кулча, чой бо паниру нонкулча (сирники), чой бо кулчаи рӯяш чаккадор (ватрушка) иборат мебошад.

Ҳамаи ин на танҳо бомазза, балки бисёр фойданок мебошад. Агар мо ба он боз меваҳои гуногун ҳамроҳ кунем, бисёр пурлаззату фоидаовар мешавад.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …