Главная / Маданият ва санъат / Хўриши «Ҳафтранг»

Хўриши «Ҳафтранг»

Таҷҳизот ва асбобҳо: манқал (плита), дег, кафлез, корд, қошуқ, чангак, тағорача, табақ, тахтачаи сабзавотӣ, асбобҳои махсуси сабзавот резакунак.

Миқдои масолеҳ (бо грамм) картошка- 100, сабзи – 50, лаблабуи сурх – 50, карам – 100, бодиринги очаронӣ – 50, гушт ё ҳасиб – 100, панир 50, майонез бо таъби худ.

xurish-salat

Рафти кор

Коркарди аввала: интихоби якхелаи андозаи картошка лаблабу сабзиро шушта коркарди гармиро мегузаронем. Ҳар як маҳсулоти коркардашударо ба табақҳои алоҳида мегузорем.

Технология тайёр кардани хўриш 

Гўшти обпаз ё ҳасибро, панир, лаблабуи сурх пухташударо бодаринги тару тоза ё намакинро (очорониро) наргизи маҳин реза мекунем, карамро реза карда намак мезанем то ки он мулоим шавад.

Сипас сабзиро бо воситаҳои махсуси сабзавотрезакунак ё аз турбтароши сўрохиаш калон гузаронида бо пиёзи дар рағани растанигӣ зирбонда омехта мекунем намак, мурчро бо таъби худ пошида онро дам медиҳем.

Картошкаи хомро шушта пўсташро маҳин мегирем наргизи ё ба воситаи сабзавотрезакунак пора карда дар равған то сурх шуданаша бирён мекунем. Сипас ба як табақи калон ҳар як маҳсулотро гирифта бо  алоҳидагӣ гирди табақ мегузорем ба рангҳои маҳсулоти тайёршуда эътибор диҳед. Рангҳои ҷо ба ҷо гузоштани маҳсулотҳо ҳафт рангро ташкил диҳад. Шумо метавонед ба миёнҷои табақ нахуди кабудро гузошта ба рўи маҳсулотҳо майонезро ба таври ороиши резед. Хўриши орододаро ба рўи миз гухошта пеш аз истеъмол намудан онро омехта кунед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …