Главная / Ҷамъият / НАМОЗИ ВИТР

НАМОЗИ ВИТР

Намози витр 3 ракъат аст. 

Намози витри воҷиб: Дар ибтидо монанди ҳамон тарти-бе, ки дар намози саҳарӣ аст, 2 ракъат гузорида мешавад. Сипас «ат-Таҳиййот» хонда мешавад. Пас аз он «Аллоҳу Акбар» гуфта, ба ракъати сеюм бархезад.

vitr_namaz

Дар ракъати сеюм «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим», сураи «ал-Фотиҳа» ва сураи «Ихлос» хонда мешавад. Пас аз он такбир гуфта, дар як вақт дастонро то баробари гўшҳо мебардорад. Баъди он дастҳоро боз ба зери ноф гузошта, дар дил дуои Қунут бихонад. Дуои Қунут дар охири китоб дар қисмати дуоҳо оварда шудааст. Баъди хондани дуо рукўъ ва саҷда мекунад ва намоз аз рўи пайдарҳамии муқаррарӣ ан-ҷом мепазирад.

Касоне, ки дуои Қунутро намедонанд, се бор дуои «Раббано-ғфир лӣ»-ро бихонад ва матни он дар қисмати дуоҳои охири китоб оварда шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …