Главная / Илм / ВЕРМОКС

ВЕРМОКС

vermoxВЕРМОКС, як навъ доруи киччарон. Доираи таъсири васеъ дорад. В. намудхои гуногуни киччахоро махв месозад. Самараи он хусусан хангоми муоличаи энтеробиоз ва трихосефаллёз назаррас аст. В.-ро дар мавриди аскаридоз, анкилостомидоз, стронгилоидоз, тениоз низ кор мефармоянд.
Дар сурати истифодаи бардавоми В. хунро санчидан лозим аст. Зеро он метавонад ба таркиби хун ва фаъолияти чигар таъсири манфи расонад. Истифодаи В. хангоми бадпазири барои организм, беморихои рудаи гафс (мас., захм доштани он) ва чигар, кудакони то дусола, занхои хомила (хусусан дар муддати 12 хафтаи аввал) ва синамакон манъ аст.
Ба таъсироти номатлуби В. дамидани бусурот дар пуст, варами Квинке, заиф шудани иммунитет, рух намудани камхуни, хунпешоби, рехтани муй ва г. мансубанд. Дар мавриди бисёр будани кичча ва зуд ихроч шудани онхо дилбехузури, кай, шикамдард, сарчархи ва диг. ночурихо рух менамоянд. Дар давраи муолича аз истеъмоли машруботи спиртдор ва гизои серравган худдори кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …