Главная / Гуногун / ВАСИЯТҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ

ВАСИЯТҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ

АЛ-ВАСИЯТ: Панҷумин рисолаи илмие, ки ба афкори пешқадам ва ҳикмати роҳнамову роҳкушо ва басо бунёдгарову ҷовидонаи сироҷи умам-Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мансубият дорад, ин рисолаи хурдҳаҷми «Ал-васият» мебошад, ки мисли расойили дигари Имом, дар риштаи илми калом баён ва навишта шуда аст.

«Ин рисола ҳовийи чанд сатр буда, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бархе масойили каломиро дар он ғунҷонида ва дар оғози он назарияи худро дар бораи имон иброз намуда ва онро мураккаб аз иқрор ва тасдиқ шумурда, баъдан ба як теъдод масойили каломӣ ишора намуда ва дар нусхаҳои ин рисолаи аъамм (умумӣ) (матбӯъу хаттии асли санади он, ба мулоҳиза намерасад» 47.-155.

Дар рисола баъд аз ҳамду санои Худованд ва дуруду салавот ба Расули акрам (с) ба бархе масойили каломӣ ва эътиқодӣ тамос ба амал омада ва ин тавр шурӯъ мешавад:

«Алҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин вассалавоту вас-салому ъало сайидал-мурсалин Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Ин аст рисолаи «Васият»-и Имоми Аъзам (р)-пешвойи пешвоён, роҳнамойи уммат, рӯшаноибахши торикиҳо, яктойи замон ва ягонаи аср, возеҳкунандаи тариқат, ва рӯшанкунандаи ҳақиқат, ҳомии шариат, ҳакими ламязал, муҷтаҳид ва муҷоҳиди воқеъӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит разиаллоҳу анҳу, Худованд ӯро (ки дар роҳи интишори дини мубини Ислом ва суннати Расул (с) аз душманон ҷабру ҷафоҳо кашид ва дар роҳи илми Худо ва тарғиби шариат суннати Паёмбар – Ҳазрати Муҳаммад (с) машаққатҳо кашид ва даме наосӯд ва чун шамъ ҳамесӯхт то роҳи ҳазорон ростравонро мунаввар кунад.С.Б.Б,) хушнуд гардонад». Рисола дар бораи эътиқодоти ӯ ва аҳли суннат ва ҷамоъат нигошта шуда. Чун Имом ва пешвойи мусалмонон мариз (бемор) шуд ва маразаш (беморӣ) шиддат ёфт (баъди аз тарафи ҷаллодони Халифа Мансури Давониқӣ лату кӯб ва шиканҷа додан, дар зиндони сарду тор. С.Б.Б.,) ёрон ва шогирдон аз вай хоҳиш намуданд, ки онҳоро ба тариқи аҳли суннат ва ҷамоъат (ки беҳтарин тариқати Расули Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст.С.Б.Б.,) васият кунад. Пас, Ҳазрати Имоми Аъзами муаззам (р) эшонро даври худ ҷамъ намуд ва ба ходим (хидматгузор, коргузор) такя карда гуфт:

«-Ёрон ва бародарон: – Худо ба шумо тавфиқ диҳад! Бидонед, ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат дувоздаҳ хусусият дорад. Касе, ки ин хавос (хосиятҳо ва хислат) дар вай мавҷуд аст, аҳли бидъат ва ҳаво ва халафкор нест. Ёрони ман! Шумо ин мумаййизотро аз даст надиҳед, то сазовори шафоъати Паёмбар (с) дар рӯзи охират гардед.

Аввал: Имон, ки иборат аз иқрор ва тасдиқ аст ва танҳо иқрор имон шумурда намешавад…». 47.-155.

«Имом дар ин рисола ба як силсила масойили каломӣ тамос гирифта ва ҳар масъаларо ба калимаи «нақар» яъне, «иқрор мекунем» оғоз карда, масойили мутазаккира қарори зайл аст: -Тақдири хайру шарр, тақсими аъмол ба фариза, фазилат ва маъсият, мафҳуми уставойи Худованд бар Арш, Қуръон каломи Худо аст ва махлуқ нест, пас аз Паёмбар(с) фазилат барои Абӯбакри Сиддиқ (р) сипас барои Умар Ал-форуқ (р) ва баъд аз вай барои Усмони Зиннурайн (р) ва дар мартабаи чорум барои Мавло Алии Муртазо (разиаллоҳу анҳум-Хотами Хулафойи рошиддин ва валиаллоҳ) аст, банда ба ҳама ақволу аъмоли худ махлуқ аст.

Ҳамчунин дар рисолаи мазкур зикр шуда, ки инсонҳо ба се дастаанд: -Мӯъмин, кофир ва мунофиқ. Иститоъат мақорин бо феъл аст, на қабл аз он ва на баъд аз он ва ақида ба масҳи хафайн воҷиб аст ва Худованд ба қалам амр карда, ки ҳамаи умуреро, ки то рӯзи растохез (ҳашр, қиёмат) ба вуҷуд меояд бинависад ва азоби қабр ва саволи мункар ва накир ҳақ аст, ва дар ин бора ба ояти Қуръонӣ истидлол намуда ва низ дар бораи инки беҳтарин занон кист: Ибрози ақида карда, аз мумаййизот (тамиздиҳанда)-и рисола ин аст, ки ҳар мавзӯъ бо калимаи «нақар» оғоз шуда, гӯё Имом дар ин тартиб мехоҳад ба зарурати иқрор, дар мавриди ин масойили каломӣ ишора намояд ва инки мӯъминон мукаллафанд, пас аз иқрор ба асли имон, ба сурати иҷмолӣ шомили ин хусусият аст, қисми тафсилӣ низ, ба он иқрор намояд ва шояд иллати ихтисоси ин масойил, ихтилофе бошад, ки дар асри Имом роҷеъ ба имон ва дигар масойил, мутазаккира мавҷуд буда ва сабаби ба вуҷуд омадани афкоре шуд, ки тақрибан мутазаммини инкор аз масойили мутазаккира буда, аз ҳамин ҷо аст, ки Имоми Аъзам (р) васияти худро ба масойили дувоздаҳгона мунҳасир намуда ва аз он ба дувоздаҳ хислат таъбир фармуда ва хоста хотирнишон кунад, ки ҳақ ҳамон аст, ки вай ба он расида ва ба оёти шариф ва аҳодиси набавӣ иктифо дорад, то баъд аз вай мардум гумроҳ ва мунҳариф (ба роҳи каҷ рафтан) нашаванд ва ба асари навойи мухолифин ақоиди саҳеҳи худро аз даст надиҳанд ва пайрави тӯдаҳои риёкор ва хасакӣ ва алафию халафӣ нашаванд…». 47.-156.

Яке аз хусусиятҳои назарраси Имоми Аъзам (р) дар таълифи расойили каломӣ ин аст, ки ӯ дар тамоми расойили хеш бештар перомуни мавзӯи имон, ки аз рукн ё худ мавзӯъҳои асосии дини мубини Ислом, яъне, шариъати ғурройи Муҳаммадия (с) аст, андеша рондааст. Аз ҷумла оиди имон Имоми Аъзам (р) дар рисолаи хеш «Ал-васият» оварда:

«-Имон зиёд ва кам намешавад, зеро зиёдатии имон бидуни нуқсони куфр ва нуқсони он бидуни зиёдати куфр дуруст нест ва чигуна мумкин аст, ки як шахс дар як ҳолат ҳам мӯъмин ва ҳам кофир бошад?! 47.-189.

Дар рисолаи «Ал-фиқҳал-акбар», Ҳазрати Имоми Аъзам (р) айнан оиди ҳамин нукта, яъне, дар бораи мавзӯъи зиёдат ва нуқсони имон мегӯяд:

«-Имони аҳли осмонҳо ва замин зиёдат ва нуқсон намепазирад». 47.-189.

Ҳазрати Имоми Аъзам (р) он шахсияти нотакрор ва нобиғаи замону инсони ба ҳақ расида, яъне, комил, ки роҳи уммати Расули акрам (с)-ро дар партави Қуръон ва Ҳадис басо мунаввар кардааст, бо афкори пешқадам, демократӣ ва бунёдгарои худ ва бо ҳаёти басо ибратбахши саршори зӯҳду тақвояш, дар қатори бузургтарин мардони хиради олам баъди асҳоби киром (р) қарор гирифтааст. Маҳз ӯ ва афкори роҳнамову роҳкушойи ӯ буд ва ҳаст, ки миллионҳо бандагони мӯъмину мусалмон ва умматону пайравони воқеии Расулуллоҳ (с) ба роҳи росту ояндадор ҳидоят шудаанд. Зеро худи Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ (р) ба пайравони худ ҳикмат баён карда, ки:

«- Ёрони ман, аҳли Қибларо озор мадиҳед ва ба кофир ҳукмаш макунед. Чуноне, ки Расули акрам (с) мефармояд: «-Мӯъмин бародари мӯъмин аст».

Бидонед, ки пешвои умматон Ҳазрати Расулуллоҳ (с) фармудаанд:

– «Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯ». Ва хоҳиши ман ин аст, ки аз фаъолияти пурсамари хеш бознамонед ва назди ботил оҷиз набошед ва тири ҳақ ба сӯи ботил занед, ба ҳаққи: Аъузу биллоҳим-минаш-шайтонир-раҷим. Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим. Ва қул ҷо ал-ҳаққу ва заҳақал ботилу иннал ботила кона заҳуқо!» (Яъне: Паноҳ металабам, ман ба сӯи Аллоҳ, аз шарри шайтон ва сифати шайтон ин аст, ки раҷим аст, яъне, ронда шудааст аз даргоҳи Илоҳӣ. Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Ва бигӯ омад дини Ҳақ ва нобуд шуданд, дини ботил, ҳар ойина ботил аст нобудшаванда.)

Ва Имоми Аъзам (р) илова ба гуфтаҳои боло ба ояти зер истидлол намуда, васойити худро давом дода гуфт:

– Бале, мушрикон мегӯянд, ки: -Ба ойини мо бигравед! Аммо Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: «Ва қолу куну яҳудан ав насоро таҳтад (у). Қул бал миллата Иброҳима ҳанифан ва мо кона минал мушкирин». -(Яъне: Гуфтанд. Яҳудӣ ё насронӣ шавед, то ба роҳи рост афтед. Бигӯ(!) Мо кеши яктопарастии Иброҳимро баргузидем ва ӯ мушрик набуд». -Сураи Бақара, 135-ум ояи шариф. Тарҷумаи: Абдулмуҳаммад Оятӣ).

Ва боз бо ояти зайл ба ёрони худ таъкид карда, ки: -Худованди азза ва ҷалл мефармояд, ки: Астаъизу биллоҳ «…Фасаякфикаҳумуллоҳу ва ҳува -с-самиъ- ул ъалим». Яъне: «… Ва дар баробари онҳо Худованд туро кофӣ аст, ки ӯ шунаво ва доност» -Сураи Бақара, 137 – ум ояи шариф. Тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ)…

Ва ниҳоят бо дидагони ашкбор, боз ба фарзандаш Ҳаммод ва ёрони дар атрофи худ нишаста як-як назар карду пас ангушти ишорат боло карду ин ояти шарифро (ҳамчун ба василаи васияти охирини хеш) ба забон оварду гуфт: – Ай азизону ёрони ман Худованди карим амр карда, ки Астаъизу билоҳ:

«…Ва илоҳукум илоҳун воҳидун. Ло илоҳа илло ҳува-р-раҳмону-р-раҳим». (Яъне: «…Худои шумо худое аст якто. Худое ҷуз ӯ нест бахшояндаи меҳрубон. -Сураи Бақара, 163-ум Ояи шариф. Тарҷумаи:Абдулмуҳаммад Оятӣ).

Ва вақте, ки ёрон аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) оиди «Қиёмат», яъне, рӯзи Ҳашр ё худ Растохез суол карданд, ӯ ба саволи эшон хеле муфассалан рӯшанӣ андохт ва баъд ба аҳли ҳуззор рӯй оварду ин амри Худованди азза ва ҷалларо бар эшон, ба забон овард, ки мефармояд, Астаъизу биллоҳ:

«Инналлоҳа яърифу илму-с-соъа» (Яъне: «Рӯзи қиёматро танҳо Парвардигор медонаду бас»).

… Ва ниҳоят дар поёнбахши васойоти хеш Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу (яъне, қабл аз он, ки ёронаш барои рафъи хастагиаш ӯро каме орому танҳо гузоранд) ба ёрону шогирдон ва муридону пайравони мазҳаби хеш рӯй оварду ояти зайлро аз Қуръони Маҷид ба забони муборак оварду гуфт:  «-Бидонед, ки Худованд амр карда, ки астаъизу биллоҳ: «Ло икроҳа фи-д-дини Қад табайяна-р-рушду минал ғаййи». (Яъне: «Дар дин ҳеҷ иҷборе нест. Ҳидоят аз гумроҳии мушаххас шудааст»- Сураи Бақара, 256-ум ояти шариф. Тарҷумаи: Абдулмуҳаммад Оятӣ).

… .Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аз нигоҳи мавқеи сиёсӣ, низ соҳибмақом буд. Ҳарчанд ӯ сиёсатмадори соҳибкурсӣ набуд, аммо дар рӯзгори худ, яъне дар асре, ки мезист, дар байни мардум аз нигоҳи мавқуфи сиёсӣ низ обрӯву эътибори хосае дошт. Ӯ пешвойи сиёсатмадорон буд ва барои ба низом даровардани сохтори давлат ва кори давлату давлатдорӣ ва бунёди ҷомеъаи обод, эҳтирому посдории шариъат ва ғайра, назарияҳои илман асосёфтаи худро пешниҳод мекард. Вале, худ дар ягон вазифаи давлатӣ набуд ва дар умри бобаракати худ ягон маротиба барои мансаб ва ё унвон ҷаҳд накард. Чаро? Барои он, ки Имом Абӯҳанифа (р) аз дурӯғгӯён набуд ва рибову ришваро бад медид ва ҳеҷ гоҳ намехост, ки тани ӯ ғуломи нафс бошад. Ӯ доройи баландтарин хислати неки инсонӣ, яъне, сӯфии пурзӯҳду тақво буд ва басо беозор ва ҳалиму меҳрубон ва пуртавозӯъ, яъне, инсони комил ва ҳакиме буд, доно ва дар ҳадди боло муваҳҳид ва басо роздону шуҷоатманд, ки дар умри худ ҳеҷ гоҳ дар сари ҳалли масойили шаръӣ, назди аҳли ботил оҷиз наёмада ва сар фуруд наёварда ва мудом тири ҳақ, ба сӯй ботил задааст. Бале, ӯ Имоми Аъзами муаззам (р)-асту «Чароғи уммат» ва шахсиятест, ки ба қавли Расули акрам (с): «Сар додаву сирр надода» аст…

«Дар авойили ҷавонӣ Имом Абӯҳанифа (р) ба татаббуъоти хеш, дар илми калом идома дод ва чун дар ин ришта ҳойизи мақоми муҳиме гардид ва мардум ба савияи илмию фикрии вай пай бурданд. Ӯ бар бархе иштибоҳоти табақаи ҳокима, дар умури якка, ки мӯҷиби парокандагии мусалмонон мешуд, ангушти интиқол гузошт ва дар ин кор доройи сароҳат буд ва аз ҳеҷ чиз хавф надошт ва сирф манзури ӯ раҳнамоии табақаи ҳокима ба нукоте буд, ки халифаи вақт, ба пайравӣ аз он мукаллаф шумурда мешуд.

Имом дар он мавқеъ танҳо ба ибрози назар пардохта ва мухолифати худро ба сурати илмӣ, бо ҳушравоён ошкор накард, балки ҳар вақт бо халифа мувоҷеҳ мешуд, ба вай тавсияи динӣ ва адабӣ мекард, то коре кунад, ки як ҳукмравои мусалмонро месазад. Ӯ ёрон ва руфақойи илмии худро тавсия менамуд, ки дар избору исботи ҳақ сароҳат дошта бошанд ва чун Ибни Абӯҳубайра, ки волии Кӯфа аз ҷониби Уммавиён буд, аз вай хост, ки ба ҳайси мӯҳрбардори намояндаи хос ва раиси хазонаи ӯ иҷрои вазифа кунад, аз қабули он имтиноъ (худдорӣ) варзид ва дарёфт, ки пешниҳод аслан, ба манзури тавтиа ва хомӯш сохтани ӯ, аз изҳори ҳақ аст ва гуфт (Абӯҳанифа Имоми Аъзам):

«-Ба Худо, ки агар ба ман амр кунад то танзими абвоби (мадхал, воридот ва ё даромаду дарёфтҳои соҳиби ҷамъ) масҷиди «Восит»-ро ба ӯҳда гирам, напезирам чи расад ба инки ба куштани шахсе амр кунад ва ба ман бигӯяд, ки онро мӯҳр кунам».

… Чун ҳукумат аз дасти Уммавиён (авлоди Муъовия) ба дасти Аббосиён расид, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) умедвор буд, то авзоъ беҳбудӣ ҳосил кунад ва ба ҳамин манзур ба эшон байъат (аҳду паймон) кард ва чун баъзе корҳоеро, ки бо умури дин созиш надошт, аз эшон мулоҳиза мекард, онҳоро ба иштибоҳоти эшон мултафит мегардонид, вале ҳамин, ки аз ислоҳи онҳо маъюс гардид ва аз тарафи дигар аз шӯриши Зайд (Имом Зайд ибни Алӣ ибни Абӯтолиб разиаллоҳ, яъне, асосгузори мазҳаб, яъне, фирқаи маъруфи шиъа, бо номи «Зайдия», ки пайравонаш ба имоматии ӯ, дар хилофат қоил буданду ҳастанд. Ӯ бародари имоми панҷуми шиъа-Имом Муҳаммади Боқир разиаллоҳ буд ва бо бародараш роҷеъ ба масъалаи озодии ирода мухолифат дошт. Зайд ибни Алӣ разиаллоҳ бо фаъолияти шахсиаш, дар байни аҳолии Кӯфа ва бахусус назди Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ нуфӯзу эътибори эиёд пайдо карда, зидди халифаи Уммавӣ Ҳишом ибни Абдулмалик қиём кард. Баъди даҳ, моҳи воқеъа Уммавиён шӯришро ваҳшиёна фурӯ нишонданд, ки соли 740-уми мелодӣ буд ва ҷасади Зайд ибни Алиро, ки қатлаш намуда буданд, дар Кӯфа ба салиб кашиданд ва сарашро ба Димишқ, яъне, ба пойтахти хилофати худ, ба Халифа Абдулмалики Уммавӣ фиристоданд. Баъди ӯ писараш Яҳё ибни 3айд имом ва пешвои фирқаи Зайдия интихоб шуд ва тарафдорони зиёде пайдо кард. Вале ӯ низ дар замони хилофати ғаддору ҷоҳили Валид ибни   Язид Абдулмалики Уммавӣ, аз дасти ҳокими Хуросон ва намояндаи расмии Уммавиён, дар ин вилоят-Наср  ибни  Сайёр дар,  Ҷурҷон,  ба  қатл расид,  (С.Б.Бузургмеҳр) иттилоъ ёфт, ёронашро тавсия кард, то ба сурати фикрӣ ва моддӣ, аз вай пуштибонӣ кунанд ва чун бо Зайд мулоқот кард, яқин хосил кард, ки хурӯҷи ӯ ба ғарази ирзо (хушнӯдӣ, ризоият)-и шаҳват ва ҳубб (ишқу муҳаббат)-и раёсат ва салтанат нест, балки барои таъйиди ҳақ мебошад, бо вай ҳамдаст шуд ва барои комёбии ӯ, ба кӯмаки моддӣ пардохт, зеро Имом Абӯҳанифа (р) аз сарватмандони асри худ буд (ӯ одатан матоъу газворҳои пахтагину абрешим ва гоҳ-гоҳ мӯина низ мефурӯхт ва дар сафарҳои хеш, ба тиҷорати матоъ машғул мешуд, С.Б.Б.,) ва чун ин хабар ба Халифаи давр Абӯҷаъфар Мансури Давонақӣ расид, хост ҳилае барои ҳабси Имоми Аъзами шуҷоъу саркаш суроғ кунад, зеро намехост бидуни мӯҷиби зоҳирӣ, ба шиканҷаи ӯ бипардозад ва аз мавқуфи илмии ӯ, ки дар назари мардум дошт метарсид, пас ба вай пешниҳоди вазифаи қузо (қозӣ, қозиюлқуззот-сарвари қозиён, додгустар ва ҳомии шаръу дин)-ро кард, вале Имом гуфт:

«-Ман шоистаи ин мансаб нестам». Ва як силсила далойиле иқома кард. Абӯъҷаъфар сухани ӯро тардид намуда гуфт:

Дурӯғ мегӯӣ, ту сазовори мансаби қузо мебошӣ, аммо имтиноъ меварзӣ!

Имом Абӯҳанифа (р) гуфт:

Агар узри маро тасдиқ мекунӣ ҳамон аст, ки гуфтам, яъне, шоистаи қузо нестам ва агар онро дурӯғ мепиндорӣ, боз ҳам салоҳияти Қузоро надорам, зеро як дурӯғгӯ набояд Қозӣ бошад».

Касе, ки дар ин моҷаро амиқ фикр мекунад медонад, ки маҳз барои баҳонаҷӯӣ, ҷиҳати ҳабси Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) сурат гирифта ва Халифа мехост барои ин кор далеле дошта бошад, то мардум роҷеъ ба зулми сареҳи ӯ табсира накунанд ва дар муқобили эътирози онҳо гуфта битавонад, ки: «Кори Қузо ва хидмати мусалмононро ба вай пешниҳод кардам, чун хидмати ҷомеъаи исломиро напазируфт ӯро маҳбус намудам». Ва мо медонем, ки имтиноъи шахсияте назири Имоми Аъзам (р), Қузо сабаби ин ташаддуд (тундӣ, тезӣ, дуруштӣ ва золимӣ кардан) шуда наметавонад, гарчи таърих ҳикоят намуда, ки баъзе аз уламо дар асари истинкоф (сарпечӣ, саркашӣ ва якравӣ) аз қабули Қузо, аз тарафи ҳукмравоёни вақт шиканҷа шудаанд, вале шаке нест, ки шиканҷаву таклифи онҳо ба андозаи Имоми Аъзам (р) набуда, зеро вай ҳар рӯз дар зиндон шаллоқ (лату кӯб ва зарбу озори ваҳшиёна) зада мешуд ба қабули Қузо тан диҳад ва дастбӯси ҳукамо бошад ва низ шиканҷаи уламои диёр дар ҳамчун мавқеъ, сирф шакли таҳдид дошт, то замина барои қабули вазифаи Қузо мусоидат гардад ва онҳо далеле барои пазируфтани ин масъулият, назди худ дошта бошанд, зеро намехостанд ба ризойи худ довталаби ин вазифа гарданд. Зеро таҳаммул (тоқат овардан, сабр кардан)-и вазифаи Қузо, назар ба ин ҳадиси Расули гиромӣ (с): «Касе, ки мансаби Қузо ба вай супурда мешавад, бидуни корд забҳшуда аст» сабаби ҳалок ва ин шиканҷаву таҳдид мӯҷиби тасаллии эшон мешавад, ки гӯё ин корро ба ризойи худ напазируфтанд, балки аз тарафи аввалиёни умур маҷбӯр гардонида шудаанд, ба ҳамин иллат аксари уламо мавриди таҳдид қарор гирифтаанд. Баъзе ба қабули Қузо тан доданд ва баъзе дигар имтиноъ варзиданд, бо он ҳам бидуни тавҳин (иҳонат кардан, хорӣ, таҳқир кардан) аз ҳабс озод гардиданд, аммо тавҳин ва шиканҷае, ки дар мавриди Имоми Аъзам (р) иҷро шуд, ба вазоҳат нишон медиҳад, ки Халифа мехост ӯро зоҳиран ба баҳонаи имтиноъ, аз вазифаи Қӯзо ва дар ҳақиқат ба ҷурми пуштибонӣ, аз Алавиён (хонадони Ҳазрати Алӣ саломуллоҳ-писарамак ва домоду ёри босафои Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам С.Б.Б.,) шиканҷа намояд.

Ончи ривоят шуда, ки Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) чун вафот ёфт ва либосашро яке аз фуқаҳо, ба қавле Ҳасан ибни Аммор-Қозии Бағдод  (шояд он  фақеҳи  дидапурсиришк  писараш Имом Ҳаммод буд ва шояд Имом Абӯюсуфи Яъқуб ё Имом Абӯмутеъи Балхӣ ё Имом Зуфар ибни Ҳузайл ё Имом Муҳаммад ибни Ҳасан Аш- Шайбонӣ ва ё Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ буд зеро, ки то вопасин лаҳазоти умри Имоми Аъзам Абӯҳанифа, яъне, он «Чароғи уммат» разиаллоҳу анҳу, маҳз эшон буданд, ки рӯзу шаб парвонавор гирди ӯ мечархиданду афсӯс мехӯранд, ки яке аз бузургтарин аимаи Ислом ва муҷтаҳиду ҳомии воқеӣ ва вориси беваситаи Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва интишордиҳандаи дини мубину фақеҳи кабир ва Имоми шаҳир, аз дасти афроде тиҳимағз, пас аз азияту шиканҷа, онон ва ҳазорҳо ҳанафиёнро бе бозгашт тарк мекунад (Бурҳониддини Бузургмеҳр)), аз танаш берун кард, осори зарбу лати ваҳшиёнаро дар ҷасадаш мулоҳиза намуд, пас бигрист ва гуфт (яъне, Ҳасан ибни Аммора-қозии Бағдод):

«-Худо бар ту раҳм кунад, баъд аз ин монанди ту дида нахоҳад шуд».

Бале, ин ривоят ва амсоли он, бузургтарин далел аст бар ин, ки Имоми Аъзам (р), дар паҳлӯи мактаби каломӣ ва фиқҳии хеш як мактаби хомӯши сиёсӣ низ таъсис намуда буд, ки донишмандонро ба сароҳат, дар қавлу феъл раҳнамоӣ мекард ва ба мардум талқин менамуд, ки ба кори ҳукмравоён мутаваҷҷеҳ бошанд ва бидонанд, ки султа (қудрат, салтанат нуфӯз ва подшоҳӣ)-и зоҳирии онҳо сабаб намешавад, ки дар ҳар кор ҳақ ҷониб бошанд, балки бар раъият аст, то эшонро ба ҳақ ва ҳукумати одилонаи мутобиқи шариати ғурро ва дини мубину суннати Муҳаммад (с)-ия раҳнамоӣ кунад. Як ҳукмраво агар дар иҷрооти худ одил набошад, бар мардум лозим ва воҷиб аст, ки ӯро аз роҳи нодуруст тавсияи забонӣ ва дар сурати аҷз (нотавонӣ, сустӣ, оҷиз мондан ва дармондагӣ) аз он ба забони ҳол раҳнамоӣ кунанд ва аз лату кӯб, шиканҷаву ҳабсу зиндон боке надошта, монанди Имоми Аъзам (р) онро бо ифтихори баланд мутаҳаммил (таҳаммулкунанда, бурдбору пуртоқат) гарданд.

Афкори каломии Имоми Аъзам (р) ва далолати ҳоли вай дар сиёсат мавқуфи ё худ мақоми ӯро дар бораи ташайюъ (пайравӣ)-и динӣ ва ташаюъи сиёсӣ низ таъйин (касеро ба коре баргуморидан) мекунад. Дар қисмати ташаюъи сиёсӣ тавре, ки қаблан ишора рафт, Имоми Аъзам (р), ба аҳли байти Расули гиромӣ (с) алоқа ва муҳаббати бе андоза дошт ва Зайд ибни Алӣ разиаллоҳ ва ҳамроҳонашро пас аз онки аз аҳдофи воқеъии эшон мутталаъ (яъне, иттилот, огоҳӣ ёфта, пай бурдан) гардид ва ба яқин донист, ки манзури эшон ба ҷуз ислоҳи дурусти ҳоли мусалмонон чизи дигаре нест (ононро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ кард, С.Б.Б.,) пуштибонӣ кард, вале ин равиш сабаб намешавад, ки ба ташайюъ (пайравӣ ба равияи аҳли шиъа, С.Б.Б.)-и ӯ ҳукм кунем (бале, Имоми Аъзам баъзе аз ақойиди пешқадам ва ба иборае демократӣ ва бунёдкору ҷомеасози Зайд ибни Алӣ ибни Имом Ҳусайнро ба назари эътибор гирифта, ӯро пуштибонӣ кард, С.Б.Б). зеро, ки ташайюъ ба маънии муҳаббати Аҳли Байт, ки ба дараҷаи ифрот нарасад (чунончи ин ифрот аз гурӯҳи ғулоти шиъа мисли имомия, алавиён, алиилоҳиён ва ғайра мулоҳиза мешавад, С.Б.Б.) дар ҳама мусалмонон умумият дорад. Мо ҳамагӣ Ҳазрати Алӣ (р), Фотимаи Заҳро (р) ва авлоди шарафманди эшонро бо ҷон дӯст дорем ва ба ин маънӣ, аз аҳли ташайюъ мебошем, вале, аз нигоҳи афкор ва назариёти каломиву фиқҳии Имоми Аъзам (р) зарурате нест, ки онро бо тафсил зикр кунем, то аз хилол (дар миён)- и он мавқуфи Имоми Аъзам (р), дар бораи ташайюъ (пайравӣ аз мазҳаби шиъа, шиъа шудан)-и динӣ маълум шавад. Зеро касе, ки дар фиқҳи шиъа ва назариёти каломӣ ва эътиқодии эшон маълумот дорад, эътироф мекунад, ки Имоми Аъзам (р) доройи назариёти махсуси фиқҳию каломӣ аст, ки бо назариёти онҳо мувофиқ намебошад ва ба ин асос Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), аз аҳли ташайюъ, ба маънии маъруфи он мебошад» 47.-234

Бояд таъкид намуд, ки китоби «Ал-Васият-ал-Имом-ал-Аъзам Абӯҳанифа (р)», бо номи «Китоби усули ақоид» низ маъруфият дорад, зеро дар ин асари камназир, асосан Имоми Аъзам (р) оиди усули ақоиди мазҳаби хеш баҳс кардаанд ва дар зимни он, ба шогирдон (ва пайравони роҳи хеш) васиятҳо кардаанд. Ҳамчунин дар ин асар Имоми Аъзам (р) роҷеъ ба Қуръон баҳс оростаанд.

Мавлавӣ Мулло Ҳусайн ибни Искандари Ҳанафӣ, шарҳе мукаммал ва муфассал оиди китоби «Ал-Васият»-и Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) навиштааст (Ҳайдаробод, соли 1321 ҳ.ш)…

Чуноне, ки гуфтем дар «Ал-Васият», Имоми Аъзам (р) роҷеъ ба Қуръон ишороте дорад, ки мегӯяд:

«-Қуръон каломи Худо, ғайри махлуқ ва сифати воқеии Худо аст». Ва боз мегӯяд: «-Қуръон мӯъҷизаи Муҳаммад (с) аст».

Инҷо оиди нуктаи аввалӣ перомуни Қуръон ишора намудаи Имоми Аъзам (р) суоле ба миён меояд, ки Абӯҳанифа-Имоми Аъзам (р) кадом Қуръонро дар назар дорад? Қуръони пеш аз ваҳйро, ки аз ҳуруф ва калимот таркиб нашуда аст ё Қуръоне, ки баъд аз ваҳй, ба Замин, тавассути Ҷибриил (ъ-м) фурӯд оварда шудааст? Ин китоб-Қуръони Маҷид аст, ки аз ҳуруф ва калимот таркиб ёфта аст. Посух ба ин суолро метавон дар чанд ҷумлае аз «Ал-Васият» пайдо кард.

Нахустин, дар бораи Қуръони ҳамчун Каломи Худо ва ғайри махлуқ Имоми Аъзам (р) мегӯяд: «-Дар мусҳаф навишта ва бо забонҳо тиловат ва бо синаҳо ҳифз мешавад ва бо вуҷуди ин, дар онҳо ҷойгузин намешавад. Мураккаб (сиёҳӣ барои навиштан) ва коғаз ва навиштан офарида (махлуқанд)   зеро   онҳо   сохтаи  инсонанд)»

Дар инҷо ошкор мешавад, ки мақсуди Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), аз «Қуръон», ки ҳамчун Каломи Худо, ғайри махлуқ аст, «Қуръон» ки пеш аз ваҳй аст, дар муқобили он Қуръони офарида, ки мақсуди вай «Қуръон»-и пас аз ваҳй, ки навишта, хонда ва ба ёд супурда мешавад…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …