Главная / Илм / ВАРАЧА

ВАРАЧА

malariaВАРАЧА (Malaria) табдард, таби ботлоки, малярия, бемориест, ки бо табларза, камхуни (анемия), калон шудани чигар ва сипурз падид меояд. Ангезаи маризи плазмодияхои В. ба шумор мераванд. В. бештар дар кишвархои гармсер рух менамояд.
Ангезахои В. ба типи Protozoa, синфи Sporozoa, оилаи Plasmodiidae, чинси Plasmodium мансубанд. В.-ро 4 намуди ангезандахо ба вучуд меоранд: P. falciparum – ангезандаи В.-и тропики, P. vivax – ангезаи таби серуза (таби сеяка), P. ovale – ангезаи овале варача. P. malariae – ангезаи таби чахорруза. Мукаррар шудааст, ки нишонахои таби серуза (руздармиён хуруч кардани маризи) ба ду намуди ангезанда – P. vivax ва P. ovale вобаста аст.
Ангезахои В. дар организми хомил ва пашша силсилаи мураккаби инкишофро аз сар мегузаронанд. Дар мавриди сироят ёфтан, ба организми хомил спорозоитхо ворид мешаванд. Онхо на ба эритросит, балки ба хучайраи бофтахо дохил гашта, ба шизонтхо табдил меёбанд. Шизонтхо нуму мекунанд, борхо таксим мешаванд ва мерозоитхои сершуморро ба вучуд меоранд. Сипас, ангезахо ба эритроситхо мегузаранд ва шизогонияи эритросити огоз меёбад. Мерозоитхо дар эритроситхо инкишоф мекунанд ва ба шизонтхои гайричинси (агамонтхо) ва чинси (гамонтхо) ибтидо мегузоранд. Дар натичаи таксим гаштани шизонтхо мерозоитхо ташаккул ёфта, аз дигар ба эротроситхо дохил мешаванд ва силсила (сикл) такрор меёбад.
Шизогония дар ангезахои таби серуза ва В.-и тропики 48 соат, дар таби чахорруза 72 соат давом мекунад. Дар организми пашша спорогония баъди бо хун ворид шудани фардхои чинсии паразит огоз меёбад. Дар меъдаи пашша аз гамонтхои нарина 4 – 8 камчинак хосил мешавад. Онхо гаметахои модинаро бордор месозанд. Хучайраи бордор (зигота) ба оокинетаи мутахаррик табдил меёбад. Он тавассути девораи меъда ворид шуда, ба оосиста мубаддал мегардад. Хаста (ядро) – и оосиста борхо таксим мешавад ва спорозоитхои сершумор ташаккул меёбанд. Онхо ба тамоми организми пашша пахн гашта, дар гадудхои луоби дахон чой мегиранд. Аз хамин лахза пашша кобилияти сироятангези касб мекунад ва ин хусусияти у 30 – 45 руз махфуз мемонад.
Манбаи сирояти В. мариз ё одамони солими хомили гамета мебошанд. Одам хангоми газидани пашша ё ба организм фиристодани хуни шахси бемор сироят меёбад. Гохо дар батни модар сироят ёфтани тифл низ мумкин аст. Пашша аз мариз хамон вакт сироят меёбад, ки агар дар хун у гамонтхои болиг ташаккул ёфта бошанд. Дар аснои таби серуза ва чахорруза ин холат баъди хуручхои сеюм, хангоми В.-и тропики рузхои 7 – 10-уми бемори рух менамояд. Ба В. хусусан кудакони хурдсол хассос мебошанд. В. хосияти мавсими дорад. Дар минтакахои иклимаш муътадил мавсими сирояти ангезахо 1,5 – 3 мохи тобистон, дар мавзеъхои субтропики 5 – 8 мох, дар минтакахои тропики тамоми сол идома меёбад.
Дар сурати бо рохи табии аз пашша сироят ёфтан, В. сирояти спорозоити ба шумор меравад. Хини сирояти батни ё рахими сироят шизонти аст, зеро ба организм на спорозоитхо, балки шизонтхо рох меёбанд. Давомоти давраи нихонии сирояти спорозоити ба намуди (вид) ангезанда вобастаги дорад. Дар ибтидои маризи, вакте ки шизонтхои бофтаи гурух – гурух ба хун гузашта, боиси ташаккули наслхои гуногун мешаванд, таби номуттасил падид меояд. Минбаъд инкишофи ангезахо синхрони шуда, В. хусусияти хуручмонанд мегирад. Хуруч бинобар таксим гаштани шизонтхои эритроситхо (дар давраи бисёр тачзия шудани эритроситхои сироятёфта ва ба хун гузаштани ангезахо) ба вучуд меояд. Бинобар ин дар мавриди таби серуза, В.-и тропики ва овале-варача хуручхо баъди 48 соат, дар вакти таби чахорруза бошад, пас аз 72 соат такрор меёбанд. Таб дар натичаи ба хунгардиш хамрох шудани сафедаи гайр (бегона), ки хини тачзияи эритроситхо хорич мешавад, ба вучуд меояд. Дар натича камхуни сар мезанад. Сабаби калон шудани чигар ва сипурз афзоиши хучайрахои лимфави ва шабакави (ретикулави) мебошанд. Сар задани игмо (кома)-и варачагиро ба ихтилоли гардиши хуни майна вобаста медонанд. Бинобар халал ёфтани фаъолияти андарунпарда (эндотелий) эритроситхои сироятёфта дар организм боки мемонанд, онхо мечаспанд, табох мегарданд ва хамин тавр мураг (капилляр)-хо баста мешаванд.
Хангоми В. масуният (иммунитет)-и ноустувор ташаккул меёбад. Бинобар ин баъди чанд муддат мумкин аст шахс аз намудхои гайримаъмули (гетерологи) ва маъмули (гемологи)-и паразитхо сироят ёбад.
Давраи нихонии В.-и тропики 8 – 10 руз, таби серузаи кутохмуддат ва овале-варача 10 – 16 руз, таби чахорруза 20 – 25 руз аст. Дар аснои аз ангезахои таби серузаи бардавом сироят ёфтан, хуручхои маризи пас аз 8 – 14 мох (дар мавсими эпидемияи дигар) рух менамоянд.
В. се давра дорад: табларза, таб ва арак. Бемори, одатан, пагохирузи (хангоми овале-варача соатхои 18 ¬¬– 20) хуруч мекунад. Табларза баногох сар шуда, 1 – 1/2 соат тул мекашад. Давомоти хамаи ин хуруч дар мавриди таби серуза ва овале-варача 6 – 8 соат, таби чахорруза 12 – 24 соат аст; хуручи В.-и тропики бардавом мебошад. Баъди табларза мариз таб карда, бо огози фаромадани харорати бадан арак менамояд ва худро бехтар хис мекунад; у ором мешавад, бисёр вакт хоб меравад. Дар давраи бетаби (апирексия) вазъи саломатии бемор комилан каноатбахш ва худи у коршоям аст. Хуручхои таби серуза – руздармиён, таби чахорруза – баъди хар ду руз ба миён меоянд; варачаи тропики мумкин аст хар руз хуруч кунад. Хануз баъди хуручхои аввал (хуручхои 2 – 3) чигар ва сипурз калон мешаванд.
Дар мавриди муоинаи мариз табхол, кадре зард будани пуст, паридани ранги руй ба назар мерасанд; пуст бинобар пай дар пай хуруч кардани бемори тадричан хокистарранг (бинобар тах нишастани пигменти варача) хохад шуд.
Оризахои бемори: игмои варачаи, таби гемоглобинурияви, кафидани сипурз.
Игмои В. сабаби асосии фавти мариз хангоми В.-и тропики аст. Факат дар мавриди В.-и тропики ба вучуд меояд. Дар давраи каблиигмои мариз ошуфтахотир ва пурхаячон буда, акл тира мегардад, таваттур (тонус)-и мушакхову рефлекси пайхо меафзояд, гавхараки чашм танг мешавад; дар давраи игмо бемор аз хуш меравад. Шахс мумкин аст баъди чанд соати огози игмо фавтад.
Таби гемоглобинурияви бештар дар мавриди В.-и тропики мушохида мешавад. Бинобар бо гинагина (хинин) табобат кардани маризон сар мезанад. Баъди хуручи вазнини табу табларза чигару миён сахт ба дард медарояд, хохиши зуд-зуд пешоб кардан пайдо мешавад, пешоб чигари ё кариб сиёхранг аст. Баъди фаромадани харорати бадан, вазъи мариз бехтар ва ранги пешоб мукаррари хохад шуд; бисёр вакт пуст зард мешавад.
Кафидани сипурз ногахон ба вукуъ мепайвандад. Кисми болои шикам сахт дард карда, мушакхои девораи он таранг мешаванд, дард тадричан ба китфи чап мегузарад. Ранги бемор меканад, фишори шараён паст мефарояд. Баробари афзудани аломатхои хуншории даруни садама (шок) рух менамояд.
В.-ро дар асоси аломатхои саририи хос (бо навбат пайдо шудани табларза, таб ва арак, калон шудан ва дард кардани чигару сипурз, камхуни) мукаррар мекунанд. Илова бар ин, дар хун ошкор кардани ангеза низ зарур аст. Набояд фаромуш сохт, ки хангоми хуручхои аввал (1 – 2) микдори паразитхо дар хун кам ва ошкор кардани онхо душвор аст. Агар баъди се хуруч дар хун ангезаи маризи ёфт нашавад, пас дар гумон аст, ки он бемории В. бошад. Андуда (мазок) ва катраи калони хунро бояд то огози муолича гирифт (хунро аз ангушт ё варид мегиранд). Беморонро хатман дар бемористон хобондан лозим. Ба онхо дорухои этиотропи (ба сабабгори маризи таъсиррасон) таъин карда мешаванд.
Бахри пешгирии В. саривакт ошкор сохтану муолича намудани хомилони ангезандахо ахамияти калон дорад. Илова бар ин махв кардани пашшахои чинси Anopheles ва кирминаи онхо зарур аст.
Бо максади пешгирии фарди аз дорухои гематошизотроп (хингамин, фансидар, хинин ва г.) истифода мекунанд. Онхо 3 – 5 руз кабл аз сафар ба мавзеи эндеми, дар тамоми мухлати он чо будан ва 4 – 8 хафтаи баъди бозгаштан, истеъмол карда мешаванд. Истифодаи хар гуна турхои мухофизи (барои нагазидани пашшахо) ва моддахои хашарахусон (реппелентхо) низ равост.
КЛ
Накшаи сикли хаёти Plasmodium vivax: 1 – аз мачрои гадуди оби дахон хорич ва ба хучайраи чигар ворид шудани тахи- ва брадиспорозоитхо; 2а – трофозоити бофтаи; 2б – ядрои гепатосит; 3 – баромадани мерозоитхои бофтаи; 4 – мерозоите, ки ба эритросит дохил мешавад; 5 – 7 – трофозоитхо; 8 – 9 – шизонтхо; 10 – мерозоитхо; 11 – 12 – гематоситхои мардона ва занона; 13 – эксфлагеллятсия; 14 – микрогамета; 15 – макрогамета; 16 – бордоршави; 17 – зигота; 18 – оокинета; 19 – 21 – оосистахо; 22 – спорозоитхо дар гадуди оби дахон; 23 – шизонти бофтани таъхирнок (гипнозоит).

Ад.: Алексеева М.И. (ва диг.), Клиника, лечение и химиопрофилактика малярии, М., 1983; Тропические болезни, М., 1989; Микроскопическая диагностика малярии, Копенгаген: ВОЗ, 2000; Алиев С.А., Эпидемия малярии в Таджикистане, Д., 2005; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
Х.К. Камардинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …