Главная / Гуногун / ЧАШМАИ ВАНЧ

ЧАШМАИ ВАНЧ

vanchЧАШМАИ ВАНЧ – чашмаи минералии обаш гарм. Дар сохили чапи дарёи Ванч, 57 километр болотар аз резишгохи он ба дарёи Панч дар баландии 2300 метр аз сатхи бахр вокеъ аст. Масофа аз чашма то рохи мошингард – 2,5 километр аст. Харорати обаш +220 С; дебиташ 2,3 л/сон. Дар таркиби оби чашма катионхои калсий (86,0 мг/л), натрий (63, 0 мг/л), магний (62,0 мг/л), анионхои гидрокарбонатхо (390 мг/л), сулфатхо (283 мг/л), хлоридхо (5,01 мг/л), хамчунин микроэлементхо (мис, кобалт, бор, молибден ва арсениум) мавчуданд. Вобаста ба таркиби химияви ва хосиятхои физики ба оби чашмаи Пауши Чумхурии Руминия шабохат дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби камминерали дорои гидрокарбонатхо, сулфатхо, магний, калтсий ва натрий аст. Онро метавон барои табобати гастрити музмин, гепатити музмин, холесистит ва колит истеъмол кард.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

Vivek-Sinha-Lor-vrach

Духтури Гушу-Гулуъ ва Бини аз Хиндустон ба Точикистон октябри 2021 меоянд

Ба диккати Пиру Барно мерасонем, ки дар Маркази тиббии «Шафран» саломатии шумо боз хам комилтар …