Главная / Илм / ВАЛОКОРДИН

ВАЛОКОРДИН

ВалокординВАЛОКОРДИН, як навъ дору. Таркиби В. аз фенобарбитал, этилбромизовалерианат, равганхои пудина ва хмел, этанол ва об иборат аст. Онхо таъсири таскинбахш доранд, ангезиши силсилаи асабхои марказиро кам карда, боиси муътадил гаштани хоб мешаванд, рагхои хунгардро васеъ менамоянд.
В. дар мавриди ихтилоли вазифавии силсилаи дилу рагхо (мас., тахикардия), неврозхое, ки бо тундмизочи, тарс ва бекарори падид меоянд, бехоби ва хаячонпазири истифода мегардад. Онро пеш аз хурок бо кадре об истеъмол менамоянд. Вояи дору ба таври фарди мукаррар карда мешавад (барои калонсолон, одатан, 15 – 20 чакраги рузе се маротиба). Хангоми ихтилоли хоб вояи доруро метавон то 30 чакра зиёд кард. В.-ро дар чои торик ва харорати 15 – 250С нигох медоранд. В. дар бисёр мамлакатхо ба руйхати моддахои мухаддир дохил ва ворид сохтани он манъ карда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …