Главная / Илм / ВАЛЕОЛОГИЯ

ВАЛЕОЛОГИЯ

valeologiyaВАЛЕОЛОГИЯ (аз лот. valeo – саломат будан), илмест оид ба тандурусти ва роххои устувор гардондани он, тарзи хаёти солим, вокуниши организм нисбати омилхои тагйирёбандаи мухит. В. тарзи ба рох мондани хаёти солим, коидахои бехдошт, маърифати экологи ва г.-ро таълим медихад. В. аз дастовардхои анатомия, физиология, гигиена, психология, педагогика, экология ва сотсиология истифода мекунад.
В. ба умуми ва чузъи чудо карда мешавад. В.-и чузъи аз ду кисм – В.-и тибби ва В.-и педагоги иборат аст. В.-и тибби тафовути байни тандурустию бемори ва ташхиси онхоро дарбар мегирад. В.-и педагоги масоили корхои тарбияви ва маърифатиро оид ба хифз намудан ва устувор гардондани саломатии одам меомузад.
В. аз бахшхои морфология (анатомия) – и тандурусти, физиологияи тандурусти, психологияи тандурусти, генетикаи тандурусти ва экологияи тандурусти таркиб ёфтааст.
Оид ба В. дар кафедраи валеология ва тарбияи чисмонии ДДТТ тадкикот мебаранд.
Ад.: Каримов М.К., Этинген Л.Е., Валеология, Д., 2010

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …