Главная / Гуногун / Устод, маро бубахшед, барои густохиам

Устод, маро бубахшед, барои густохиам

Савол: Устод, маро бубахшед, барои густохиам. Оё китоби «История цивилизации арийцев»-и шумо, ки ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ чоп шудаанд, ҷавобгўи ин савол шуда метавонанд?

Ҷавоб: Банда ҳанўз соли 2002 бо унвони «Ориён» китоб чоп намуда, ба ин масъалаҳо каму беш даст зада будам. Вале китоби «Таърихи таъмадуни ориён» асари мукаммал буда, таърихи халқҳои ориёиро аз ибтидои ҳазораи панҷум то дини Ислом дар бар мегирад. Дуруст аст, ки сухан асосан дар бораи Ориён, ва бештар дар бораи халқи тоҷик меравад. Вале чун тамоми халқҳои ориёӣ, ки баромадашон аз ватани бобогии мо тоҷикон аст, хоҳу нохоҳ дар бораи таърихи онҳо низ сухан меравад. Як мисоли оддӣ: Аҷдоди гузаштаи русҳо скифҳо буданд, ки ба қавли Ломоносов аҷдодони гузаштаи рус мебошанд.

Скифҳо бошанд дар сарҳади Чин, назди Бохтар ва охиринашон дар замони Ануширвони Одил (асри 6 мелодӣ) дар соҳилҳои дарёи Сир зиндагони мекарданд, онҳо сакоӣ – аз форсҳои қадим буданд. Бояд эътироф кард, ки то замоне ки скифҳо дар Осиёи Миёна буданд, туркҳо ба ин ҷо ҷасорати омадан намекарданд. Маҳз пас аз тамоман ба соҳили Баҳри Сиёҳ гузаштани скифҳо туркҳо ба ин ҷо (Осиёи Миёна) дохил шуданд. Вале бояд гуфт, ки мигратсияи скифҳо аз Осиёи Миёна ҳанўз аз асри 7 пеш аз милод ба соҳилҳои дарёҳои Даҷлаву Фурот ва Об оғоз ёфта буд. Онҳо ҳатто ба оташ задани шаҳри Найнаво, ҳамроҳи модҳо иштирок карда буданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …