Главная / Маданият ва санъат / Услуб ва сабки баёни Соиб

Услуб ва сабки баёни Соиб

Сабки сухани Соиб дорои ду ҷанбаъ аст. Шеваи эҷоди шоир, тарзи гуфтору услуби баён, ҳунари таълифи ӯ аз нигоҳи фардияти эҷодӣ хоси худи ӯст. Яъне ҳамоно ҷанбаи ҳаётӣ, оҳанги воқеӣ-реалистӣ гирифтани лирикаи ишқӣ пас аз Саъдӣ дар шеъри ин симои эҷодӣ ба назар мерасад. Ҷузъиёте, ки дар сухани ӯ ҳангоми арзи матлаб ва тасвири ҳолат ба назар мерасад, воқеӣ, мушаххас, дастрас, ҳаётӣ мебошад. Ин ҳолат пеш аз ҳама, аз муносибати қаҳрамони лирикӣ ба воқеият замина мегирад. Аз ин рӯ, қаҳрамони лирикии ӯ ғолибан дар такопӯю тараддуди рӯзгор баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ, баҳри нафъи мардум аст. Ӯ орзую ҳавас, хоҳишу таманнои муосирони хешро дар рӯзгор дарк намуда, барои татбиқи он ҳаддалимкон мусоидат мекунад:

Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.

Дар ин байт калимаҳои ифодагари ҳадаф: об, оташ, худ, афкандан, равшанӣ, кор, мардум, шамъ калимаҳои ҳаётию ҳаррӯзаи рӯзгори инсони меҳнаткашу хайрхоҳ аст. Ба андешаи мо, низоъҳо, тазодҳо, конфликтҳо, бархӯрдҳо, зиддиятҳо ва гиру дорҳои байтҳо, мисраъҳо, бандҳо ва ғазалу жанрҳои дигари девони Соиб аз таносуби фикрии шоир, қиёси шахсият ва ҷомеъа, муҳити зист ва фард сар мезанад, ки ба ин восита истиқлоли ақоид, фардияти андешаи эҷодкор мушоҳида карда мешавад.

Бо назардошти бардоштҳои ғоявию бархӯрдҳои мафкуравӣ фардияти сабки Соиб ва услуби эҷодии ӯ муайян карда мешавад.

Яке аз ҷанбаъҳои ҳунарии Соиб дар ин ҷода кор гирифтан аз тамсил аст, ки дар ғазали ӯ мисраъҳо, байтҳо, дар маҷмӯъ ҳамин гуна хусусият дорад. Гумон меравад, ки шоир аз мақолу зарбулмасалҳо ба таври фаровон кор гирифтааст, вале дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Беш аз он ин мисраъҳо, байтҳоро худи шоир сохтааст, эҷод кардааст, ки хусусияти ирсолимасалӣ ё ирсолимасалайнӣ доранд. Чунончи:

Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,

Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.

Ба Мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз Машриқ,

Гузорад ҳар кӣ чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.

Ба ҳамворӣ баландӣ ҷӯ, ки теғи кӯҳро орад,

Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.

Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,

Ки Маҷнун оҳувонро кард ром оҳиста-оҳиста.

Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,

Ки тӯтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.

Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоҷар шуд,

Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.

Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,

Ки хуни шишаро нӯшид ҷом оҳиста-оҳиста.

Дилам аз оҳ, мегуфтам шавад холӣ, надонистам,

Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.

Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,

Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.

Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун,

Соиб, Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Дар сабки шеъри Соиб печидагии маъно, таваҳҳумии тасвир, баёнҳои зеҳнӣ қариб, ки дида намешавад. Шеъри ӯ шеъри пандомез, ҳикматомез, мавъизатомез, андарзнома аст.

Албатта, аз мақолу зарбулмасалҳо низ бархурдор ҳаст, вале ғолибан ихтирои худи эҷодкор аст.

Дар шеъри ӯ қофия ва радиф мавқеъ дошта бошанд ҳам, нуфузи радиф бештар аст.

Лексикаи истифодакардаи Соиб бештар воқеӣ, оммафаҳм, мушаххас ва рӯзгорӣ буда, шакли мураккаби калимаҳо бештар аст, ки ғолибан худи Соиб сохтааст.

Дар ашъори шуарои ин сабк ва хосса Соиб, асосан санъатҳои маънавӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, зеро шеъри ин аҳд асосан шеъри маънӣ буда, ба лафзбозӣ чандон эътибор дода намешавад.

Соиб ва шуарои дигари муосиру минбаъда

Таъсири Соиб ба адабиёти давр ва баъд аз асри ӯ хеле бузург аст. Шоири мутафаккир ин нуктаро худаш низ ҳис кардааст, ки ҷое мегӯяд:

Маҳв кай аз сафҳаи дилҳо шавад осори ман, Ман ҳамон завқам, ки меёбанд аз гуфтори ман.

Ашъори Соиб, ки саропо ҳикмату андарз, панду мавъизат, насиҳату тарбият ва дарси ҳаёту зиндагӣ, таълими рӯзгору таҷрибаи умр аст, ба адабиёти асри адиб ва ба адабиёти минбаъдаи халкҳои Эрон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистону Туркия ва халкҳои дигари порсигӯ таъсири фаровон намудааст.

Яке аз пайравони ҷиддии Соиби Табрезӣ дар Осиёи Миёна шоири ҳунарманд-Миробид Сайидои Насафӣ аст, ки тибқи тадқиқи муҳаққиқон, Сайидо ба беш аз чиҳил ғазали Соиб мусаммати мухаммас бастааст. Яъне мусаммати мухаммаси тазмин бар ғазали Соиб мебошад. Таъсири ашъори Соиб ба ашъори Калим, Носиралӣ, Шавкати Бухороӣ ва бисёр дигарон хеле бузург аст.

Умуман заминаи бунёдии ашъори Соиби Табрезиро шеъри ҳикмат, ашъори пандомез фароҳам меорад ва асоси ин шеър ҳамоно таносуби сухан, ирсоли масалу масалайн ва тазоду муқобала мебошад. Шеъри мазкур ҷанбаи фалсафаи амалии ашъори Соибро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, ашъори Соиб дар бедории мафкуравии мардум, дар ҷунбишҳои зеҳнии халқ, дар худшиносии омма нақши босазо дорад, зеро бардоштҳои фикрӣ, бархурдҳои ақлонию зеҳнӣ боиси бедории фикрӣ ва хештаншиносии омма хоҳад шуд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Овони ҷавонӣ ва илмомӯзии Соиб чӣ гуна гузаштааст?
  2. Соиб кай ва Дар каДом Доираи аДабӣ унвони ифтихории Маликулшуароиро сазовор шудааст?
  3. Интиҳои рӯзгори Соиб Дар каДом шаҳрҳо сипарӣ шуДааст?
  4. Сохту таркиби «Девон»-и Соибро шарҳ ДиҳеД.
  5. Хусусиятҳои алоҳиДаи лирикаи ишҳии Соиб Дар чист?
  6. Мавзӯъҳои асосии лирикаи Соиби Табрезӣ аз чиҳо иборатанД?
  7. Мазмун ва мунДариҷаи мусамматҳои мухаммаси Соибро шарҳ ДиҳеД.
  8. Хусусиятҳои шаклии мусамматҳои мухаммаси Соибро баён кунед.
  9. Мавҳеи газал Дар «Куллиёт»-и Соиб чӣ гуна аст?
  10. Ӯ Дар газал бештар ба киҳо пайравӣ карДааст?
  11. Мавзӯи газалиёти Соиби Табрезӣ каДомҳоянД?
  12. Хусусиятҳои фарҳкунанДаи газалиёти Соибро номбар кунеД.
  13. Кадом санъатҳои бадеӣ дар ашъори Соиб бештар истифода шудаанд?
  14. Таъсири эҷоДиёти Соиб ба аДибони Давр ва минбаъДа чӣ гуна аст?
  15. Кадом шоирони Мовароуннаҳр ба газалиёти Соиб тазмин бастаанд?
  16. Ҷонишинҳои таъинӣ ва манфиро Дар газалҳои Соиби Табрезӣ ёбеД ва ба дафтаратон нависед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

taom

КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ

Ин асарро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ солҳои 1880-81 таълиф кардааст. Асар аз ду ҷилд иборат буда, …