Нахи пахта дар иқтисоди дунё ҳанӯз ҳам аҳаммияти истротежик дорад, вале қаблан то кашфи нахҳои сунъӣ, аҳаммияти вижаи истротежик доштааст. Кишварҳои ҷаҳон қисми захираҳои молии миллии худро бо нахи пахта нигоҳ медоштаанд. Кишварҳои абарқудрат ҳанӯз ҳам захираҳои кофии нахи пахта доранд, зеро дар замони ҷанг таъмини артиш бо либосу палос яке аз омилҳои асосии ғалаба аст. Иттиҳоди шӯравӣ заминҳои корами Осиёи Миёнаро асосан ба ҳамин зироат тахсис дода буд. Ҳаёти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ба пуррагӣ вобастаи ҳамин зироат буд. Нақши ин зироат дар иқтисоди Тоҷикистон он қадр бузург буд, ки онро «тиллои сафед» меномиданд ва дар васфаш шеъру достон менавиштанд. Қисми аъзами тавлидоти ҷумҳурӣ аз пахта иборат буд. Аз ин сабаб дар солҳои баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ҳам, ин зироат асоси даромади арзии кишварро ташкил мекард.
Ҳамин тавр, ман пахтаи он хоҷагиро ба ширкати «Дана- вант» фурӯхтам ва муомилаи аввалини ман дар тиҷорати пахта анҷом шуд, вале он маҳз ба хотири рӯёндани қарзи мо аз он колхоз сурат гирифта буд ва ман ҳанӯз нияти идомаи ин корро надоштам.
Аз он ду хориҷӣ, ки дар ҳавопаймо шинос шуда будам, якеашон – Ҷон Стэд рӯзе ба Душанбе омад ва хоҳиши вохӯрдан кард. Дар вохӯрӣ маълум шуд, ки ӯ ин дафъа бо мақсади маблағгузорӣ барои рӯёндани пахта ва хариди он омадааст. Ҷон аз ман хоҳиш кард, ки дар ин маблағгузорӣ ширкат кунам. Рӯзи дигар дар Бонки миллӣ, ки ин маблағгузорӣ аз тариқи он амалӣ мешуд, вохӯрии калон ташкил шуд, ки мо – сарони чанд ширкати маҳаллӣ бо намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои хориҷии харидори пахта иштирок кардем.
То ин дам дар соҳаи пахта, баъд аз пошхӯрии низоми маб- лағгузории шӯравӣ, равишеро ҷорӣ карда буданд. Ширкати бозаргонии свисӣ бо номи «Рейнҳарт» харидори нахи пахтаи Тоҷикистон буд ва бонки «Кредит Свис» зери кафолати Бонки миллии Тоҷикистон маблағгузории соҳаро аз тариқи якчанд ширкати маҳаллӣ анҷом медод.
Ширкати амрикоии «Данавант», ки Ҷон намояндаи он буд, низ мехост бо ҳамин равиш қисми пахтаи кишварро бихарад. Инҳо ду ширкати бозаргонии бузурги пахтаи дунё буданд ва намехостанд мустақим бо колхозҳо қарордод банданд, зеро ҳамкорӣ бо хоҷагиҳо дарди сари зиёд дошт. Онҳо бо ширкатҳои маҳаллӣ ва ин ширкатҳои маҳаллӣ дар навбати худ, бо колхозҳо қарордод мебастанд. Рӯйхати ширкатҳо бо қарори ҳукумат тасдиқ шуда, пас аз он кафолати Бонки миллӣ содир мешуд, ки зери он маблағгузорӣ аз сӯи бонки «Кредит Свис» анҷом мегирифт.
Мо бо якчанд колхозҳо қарордоди маблағгузорӣ ва ха- риди нахи пахта бастем ва дар муқобилаш бо бонки «Кре- дит Свис» шартномаи қарзӣ ва бо ширкати «Данавант» қарордоди харидуфурӯши пахта баста, ба кор шурӯъ кар- дем. Ин қарордодҳо бисёртарафа буда, бонки «Кредит Свис» қарздиҳанда, Бонки миллии Тоҷикистон кафил, «Агроин- вестбонк» иҷрокунанда, колхозҳо тавлидкунанда, ширкатҳои маҳаллӣ содиркунанда, ширкатҳои «Данавант» ва «Рейнҳарт» харидор буданд. Мувофиқи ин қарордодҳо аввал маблағгузорӣ ба таври қарз анҷом мешуд ва баъдан пахта бор шуда, он қарз баргардонида мешуд, ки ба истилоҳ, муомилаи фючерсӣ – му- омилае, ки дар оянда анҷом мешавад, номида мешуд. Аз ин сабаб, ширкатҳои моро ширкатҳои фючерсӣ меномиданд. Мо ба соҳаи муҳимтарини иқтисоди кишвар ворид шудем, зеро пахта маҳсулоти асосии содиротии кишвар буд ва қисми зиёди аҳолии кишвар дар ҳамин соҳа кор мекарданд.
Соли 1997 соли аввали қарордодҳои фючерсии мо буд. Барои ҳар ҳектар ба мо 300 долларӣ дар замони рӯёндан ва 75 долларӣ барои чидани пахта қарз доданд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, ки дар асоси нархи 1000 доллар барои ҳар тоннаи нахи пахта ҳисоб карда шуда буд, дар ҳоли 2,2 тон ҳосил гирифтан, аз ҳар ҳектар ин қарз бояд пӯшида мешуд. Ин кор нисбат ба корҳои қаблии мо заҳматталабтар буд. Аз ин сабаб, ман корро тақсим карда, ҳамкоронро дар вазифаҳо масъул кардам ва худам ба онҳо роҳбарӣ мекардам. Абдулҳаким масъули таъминот, Комрон масъули молӣ, Акрам ном коргари собиқадорро масъ- ули борбарӣ таъин кардам, ки ҳар кадоми онҳо дар зери даста- шон гурӯҳи корӣ доштанд. Ғайр аз ин, муҳандиси кишоварзӣ ва тими муҳосиботӣ низ доштем, ки ҳар кадом масъулияту салоҳиятҳои мушаххас доштанд ва мудирияти корро барои ман осон мекарданд.
Он сол дар кишвар ба ҳисоби миёна аз ҳар ҳектар 1,6 тон ҳосил ба даст омад. Сабаби асосии кам шудани ҳосил муди- рияти бади колхозҳо буд. Раисони колхозҳо аксаран шахсони тасодуфӣ ва аз деҳқонӣ дур, дар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба- мансабрасида буданд. Маблағгузориро тибқи барнома сарф накарда, барои ниёзҳои шахсии худ сӯистифода мекарданд. Агар мо бо даҳ-дувоздаҳ колхоз қарордод дошта бошем, он колхозҳое, ки хуб мудирият мешуданд, аз ҳар ҳектар аз 2 то 2,5 тон ҳосил гирифта буданд, дар ҳоле, ки баъзеи дигар як тоннаӣ пахта ҷамъ оварданд. Аз бетаҷрибагӣ, мо аз ин фиребгариҳои раисони бевиҷдони ин хоҷагиҳо дер – дар замони чиниш огоҳ шудем, ки кор аз кор гузашта буд, ва ин як тон ҳам бо саъю кӯшиши кормандони мо, ки шабу рӯз дар ин хоҷагиҳо мегаш- танду назорат мекарданд, ба даст омад.
Ғайр аз ин, аз моҳҳои октябр-ноябр маҳдудияти барқ дар кишвар ҷорӣ шуд, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ аз кор монданд ва содироти пахта то баҳор ақиб афтод, ки ғайр аз норозигии хориҷиҳоро ба бор оварданаш, дарсади бонкии қарзро хеле зиёд ба сари мову колхозҳо бор кард.
Фоизи ин қарз дар қарордод солона 25% навишта шуда бошад ҳам, дар асл то ба 40% рафта мерасид. Тарҳи қарордод байни бонки «Кредит Свис» ва Бонки миллӣ мувофиқа шуда буд ва мо ин қарордодҳоро бо суди солонаи 25% розӣ шуда, имзо карда будем, вале баъд маълум шуд, ки он коса зери ним- коса доштааст. Суди қарз охири моҳ баровард карда шуда, ба танаи аслии қарз зам карда мешуд, ки моҳи дигар аз он ҳам суд мерӯид. Ғайр аз ин, пардохтҳои пинҳонии дигаре ҳам буд, ки доим ба танаи қарз изофа шуда, суд зоида, фоизи ниҳоиро пешгӯинашаванда мекард. Воқеан, касе, ки ин тарҳро рехта буд, корномаи Қорӣ Ишкамбаи устод Айниро хеле бодиққат хонда буд ва беибо он ҳама найранги устод накӯҳидаро барои худ дастурамал қарор дода буд. Дар робита бо ин судситонии боло, иттифоқи ҷолибе афтода буд, ки ҳикояташро меорам.
Соле чанд бор дар Бонки миллӣ ва «Агроинвестбонк» бо иштироки намояндаҳои бонки «Кредит Свис» ҷаласа баргузор мешуд ва мо дар ин ҷаласаҳо масъалаҳои худро матраҳ ва ҳал мекардем. Чандин бор мо аз намояндаи ин бонк хоҳиш кар- дем, ки масъалаи фоизи баланди қарз ва фоида зоидани суди ҳармоҳаро баррасӣ кунад, зеро ин фоизҳо он қадр баланд бу- данд, ки аз қабл муайян буд, ки ҳар қадр пахта ҳам бирӯяд, чизе дар кишвар намемонад, балки хоҷагиҳову ширкатҳои маҳаллӣ боз ҳам қарздор мемонанд. Алекс – намояндаи бонки «Кре- дит Свис» доим аз хатар гап мезад ва исбот карданӣ мешуд, ки ҳатто бо ин фоизҳо ҳеч бонке омода нест ба Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад.
Муовини раиси «Агроинвестбонк» Горяшенко гуфтанӣ мар- де буд. Дар як ҷаласае, ки боз гап сари ҳамин вазнинии фоизҳо рафт, ӯ латифаеро нақл кард: «Рӯзе як рус ба назди яҳудӣ рафта, хоҳиш мекунад, ки ба ӯ як сӯм қарз диҳад. Яҳудӣ мепурсад, ки ба кафолат чӣ мегузорӣ? Рус мегӯяд, ки ҳеч чиз надорам. Яҳудӣ мегӯяд, табари дастат чӣ? Рус розӣ шуда, табарашро кафолат мегузорад. Яҳудӣ мегӯяд, як сӯм медиҳам, баъд аз як сол ду сӯм карда бармегардонӣ. Марди рус розӣ мешавад ва як сӯмро гирифта, рафтанӣ мешавад, ки яҳудӣ мегӯяд, ту ба ман баъди як сол бояд ду сӯм бидиҳӣ, ҳозир як сӯм дорӣ, онро бидеҳ, як сӯми дигарро ёфтанат осонтар мешавад. Марди рус фикр мекунад, ки воқеан, ин ҳарфи мантиқист ва як сӯмро дода, аз назди яҳудӣ мебарояд ва ба худ мегӯяд, чӣ ҷолиб! Табар ҳам нест, пул ҳам нест, боз як сӯми дигар қарздор ҳам шудам, вале мисли ин ки ҳамааш дуруст аст».
Намояндаи бонки «Кредит Свис» то гӯшҳояш сурх шуд. Соли дигар – соли севум, гирифтани фоиз аз фоизро бас кард.
Дар забони русӣ мақоле ҳаст, ки мегӯяд: «Бадбахтӣ танҳо намеояд». Он сол нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба гунаи бесобиқа поён рафт ва мо пахтаро ба ҷои 1000 бо қиммати 550 – 600 долларӣ фурӯхтем. Дар натиҷаи ин се омил, он сол мо ҳамагӣ 20-30% қарзро гардонида тавонистему халос.
Раисони хоҷагиҳо ғайр аз кишти пахта зироатҳои дигар ҳам кишт мекарданд ва он зироатҳоро касе маблағгузорӣ наме- кард. Аз ин сабаб, онҳо аз ҳамин маблағгузорие, ки барои пахта пешбинӣ шуда буд, ба харҷи дигар зироатҳо низ сарф мекар- данд. Ва ҳамеша барои маблағи бештар ниёз доштанд. Камбуди маблағгузорӣ боиси коста гардидан дар текнолоҷии парвариши пахта гашта, ба кам шудани ҳосил оварда мерасонд.
Ман, ки зуд-зуд аз хоҷагиҳо дидан мекардам, камбудиҳои онҳоро дида, маҷбур мешудам аз ҳисоби худам маблағҳои ило- вагӣ бидиҳам. Ҳамин тавр, ором-ором ман тамоми сармояи андӯхтаамро ҳам ба хоҷагиҳо додам, ки дар рӯи хоҷагиҳо қарз шуда монд ва дар натиҷа ман тамоми сармояи худамро ба чоҳи бетаге андохта, дар илова аз бонк ҳам қарздор шудам. Хулоса, тибқи мақоли халқӣ:
Бе дарди саре нишаста будам,
Пул додаму дарди сар харидам.
Ман дар ҳолати гаравгон мондам. На ҷои ақибгардӣ доштам ва на дар идомаи кор чашмандози хубе медидам. Ба пуррагӣ ба ин қарордод вобаста будам. Агар аз ин маблағгузории асирку- нанда даст кашам, сармояи тӯли солҳо ба заҳмат андӯхтаамро, ки дар ин кор сарф карда будам, аз даст медодам ва ғайр аз ин, қарздор ҳам мемондам ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданам мумкин буд. Дар як ҳолати баде монда будам. Ман, ки ҳамеша дар тасмимгириҳо озод будам, акнун озодии худро аз даст дода будам, нафасгир будам. Соли дувум нархи нахи пахта каме беҳтар шуда бошад, ҳам ба дараҷаи дилхоҳ нарасид. Вале, зар- баи соли гузашта маро ба ҳуш оварда буд. Медонистам, ки охири ин роҳ ба нобудӣ аст. Масъули баргардондани пулҳо фақат ва фақат худам будам.
Раисони колхозҳои пешқадамро ҷамъ карда, бо онҳо масли- ҳат кардам, ки сарфакорона маблағгузорӣ карда, ҳосилнокиро боло мебарем. Аз ҳамкорӣ бо колхозҳои ақибмонда, ки раисо- наш бештар паи даромади муфт ба ҷайби шахсиашон буданд, даст кашидам. Назоратро пурзӯр карда, бо маблағгузории хеле камтар ҳосили бештар ба даст овардем. Акнун, бояд пеш аз ҳама, аз он қарзи ғуломкунанда халос мешудам.
Роҳбарони ширкати «Данавант» зуд-зуд омада меистоданд ва «мазраа»-ҳову «барда»-ҳои худро хабар мегирифтанд. Ман ҳам яке аз ин бардаҳо будам, ки гӯё қамчин дар даст аз номи онҳо ва барои онҳо кор мекардам. Вақте ба хоҷагиҳо сафар мекардам ва ҳоли зори мардумро медидам, дилреш мешудам, вале чора надоштам, қарордодро бояд иҷро мекардам.